Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мадрасаҳои Бангладеш тақрибан даҳ навраси тоҷикро баргардонданд


Тақрибан 10 навраси тоҷикро, ки дар мадрасаҳои исломии Бангладеш мехонданд, ба кишвар баргардондаанд. Мақомот гуфтанд, онҳоро дар мактаби кӯдакони душвортарбия нигоҳ медоранд ва ба шароити Тоҷикистон мутобиқ мекунанд. Волидони баъзе аз кӯдакон аз он нигаронанд, ки фарзандашонро дар рӯзҳои истироҳат низ ба хона рухсат намедиҳанд.

Роҳҳои чӣ гуна то ба Бангладеш расидани кӯдакони тоҷик пурра ошкор намешавад.

Волидони С.М., навраси 13-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, гуфтанд, ки писарашонро соли 2015, баъди баста шудани як литсейи динӣ-дунявӣ дар шаҳри Ваҳдат аввал ба Алматои Қазоқистон ва аз онҷо ба Бангладеш фиристоданд. Маҳмадзариф Саидов, падари С.М., яке аз аъзои пешини ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислломӣ будааст аст ва ба гуфтаи худаш дар Аврупо паноҳанда аст.

Ӯ рӯзи 10-уми декабр дар як паёми видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ба эҳтимоли вай, бархӯрд бо писараш ангезаи сиёсӣ дорад. Дар ин бора бори аввал сомонаи "Ахбор" бо истинод ба ин шахс гузориш дод.

Муҳамадазариф Саидов мегӯяд, мехост, писараш дар Бангладеш қории Қуръон шавад. "Аммо моҳи феврали имсол ӯро дар шаҳри Дубай ба хотири гузаштани муҳлати шиносномааш боздошт карда, ба Тоҷикистон фиристоданд. Писарам аз замони бозгашт ба ватан то моҳи ноябр дар озодӣ буд, вале як моҳ қабл ӯро ба мактаби махсус бурданд ва то ҳол ҷавоб намедиҳанд."

"Аввали моҳи сентябр мактаб шуруъ шуд, ба чанд мактаб рафтем, қабул накарданд. Худашон занг заданд, ки як мактаби душвортарбия будааст ва ҳамонҷо бурда мемонанд. Ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ ҳам ҳақ надорем ӯро ба хона орем. Нигаронии мо ин нест, ки дар он мактаб мехонад ё дар ҷойи дигар. Нигаронии мо дар он аст, ки чаро кӯдак бояд махфӣ бошад. Рӯзҳои истироҳатӣ кӯдак ба хона биёяд ва маълумот диҳад, ки дар бораи чӣ дарс мехонад. Агар мақсадашон мағзшӯӣ нест," -- мегӯяд Маҳмадзариф Саидов.

Мақомот мегӯянд, наврасони аз Бангладеш оварда танҳо баъди гузаштани раванди мутобиқшавӣ ё реабилитатсия ба хона ҷавоб дода хоҳанд шуд.

Эҳсони Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм рӯзи 10-уми декабр гуфт, "ин наврасон мактаби миёна нахондаанд ва ба ҳаёти мо мутобиқ нашудаанд". Ба ин далел, ба гуфтаи сухангӯи Вазорати маориф, "муайян шавад, ки вобаста ба синну сол дар кадом синф бояд таҳсил кунанд ва барномаҳои таълимии кадом синфро омӯзанд, баъд онҳоро ба оилаҳояшон бармегардонем. Раванди мутобиқшавӣ се моҳ, шаш моҳ ё як сол мешавад. Аз худи кӯдак вобаста аст, ки кай мутобиқ мешавад".

Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, баъди гузаштани раванди мутобиқшавӣ дар мактабҳои махсус, наврасон ба волидонашон бозгардонда шуда, дар мактабҳои ҷойи зист таҳсилро идома медиҳанд.

Мақомот шумораи наврасони аз Бангаладеш овардаро ошкор намекунанд. Аммо як манбаи боварбахш дар мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, наздики даҳ навраси тоҷикро аз мадрасаҳои Бангладеш ба Тоҷикистон овардаанд.

Зоҳиран мақомот баъди ба кишвар фиристода шудани наврас С.М. аз таҳсили дигар наврасони тоҷик дар кишвари Бангладеш огоҳ шудаанд.

Дар гузашта таҳсили наврасон ва ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ сабт шуда буд. Бори аввал аст, ки аз таҳсили наврасони тоҷик дар Бангладеш расонаҳо огоҳӣ меёбанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2010 ба ин тараф садҳо шаҳрвандро аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ба ватан бозгардонданд. Ҳукумати Тоҷикистон аз ин нигарон аст, ки рӯ ба мазҳаб овардани насли нав ва таҳсили онҳо дар давлатҳои исломӣ ба низоми дунявӣ дар кишвар латма ворид мекунад ва боис ба бархӯрди ҷараёнҳои мазҳабӣ дар кишвар мешавад. Аммо баъзе мунтақидон мегӯянд, таҳсил дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ аз ночорӣ аст, зеро дар дохили Тоҷикистон имкони гирифтани таҳсили динӣ тақрибан вуҷуд надорад.

Бозгардони донишҷӯёни мактабҳои динӣ аз кишварҳои исломӣ дар соли 2010 оғоз ёфта буд. Бино бар баёнияҳои расмӣ, ҳадаф ин буд, ки ҷавонон зери таъсири равияҳои бегона қарор нагиранд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG