Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштор ё худкушӣ? Таҳқиқи марги ёвари додситони Файзобод


Боғи "Кӯли ҷавонон" дар Душанбе. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Боғи "Кӯли ҷавонон" дар Душанбе. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон марги Ризомуҳаммад Ализода, ёвари додситони ноҳияи Файзободро бар асоси ду фарзия – куштор ва худкушӣ – таҳқиқ мекунанд. Ҷасади Ализодаи 41-соларо рӯзи 8-уми декабри имсол, пас аз бист рӯзи нопадид шуданаш аз "Кӯли ҷавонон"-и шаҳри Душанбе ёфтанд.

Як манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ бе зикри номаш рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, телефони мобилии Ализода бори охир дар ин маҳал фаъол будааст ва аз рӯи ҳамин нишона ҷасадро пайдо карданд.

"Ғаввосон даъват шуданд ва дохили кӯлро кофтанд. Ҷасад ёфт шуд. Дар пойҳояш халтаҳои пур аз санг баста шуда буд," – афзуд мусоҳиби мо.

Ин мақом гуфт, ҳанӯз натиҷаи ташхиси ҷасад ниҳоӣ нашудааст ва аз ин рӯ, гуфта наметавонад, ки сабаби марги ёвари додситони ноҳияи Файзобод худкушӣ будааст, ё куштор.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, пеш аз ғайб задани Ризомуҳаммад Ализода як зане, ки бо ӯ робитаи наздик дошт, дар аввали моҳи ноябри имсол гум шудааст. Ҳанӯз занро наёфтаанд.

Ҳамсари Ризомуҳаммад Ализода нахост, дар бораи марги шавҳараш суҳбат кунад.

Ризомуҳаммад Ализода, ҳатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва зодаи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон буда, чанд соли ахир дар Додситонии ноҳияи Файзобод кор мекард.

XS
SM
MD
LG