Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон як навъи мева арзон шуд ва кишоварзонро нигарон кард. ВИДЕО


Коҳиши нархи лимӯ кишоварзонро нороҳат кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Дар як моҳи охир дар Тоҷикистон як намуди мева арзон шуд. Нархи лиму зиёда аз 50 дарсад коҳиш ёфт. Тоҷирон инро ба афзоиши пешниҳод ва заъфи содироти ин навъи мева бастагӣ медиҳанд.

Деҳқонони тоҷик аз уфти нархи лиму шикоят карда, мегӯянд ҳарчанд ҳосили он имсол ба таври бесобиқа фаровон аст, бино бар коҳиши нарх, онҳо ба ҷои фоида зарар дидаанд. Дар бозорҳои Душанбе як кило лиму, ки зимистони соли гузашта ба ҳисоби миёна 10-12 сомониро ташкил медод, ҳоло бо нархи 5 сомонӣ ёфтан мумкин. Тоҷирон мегӯянд, аз дасти деқонон лимуро бо нархи 3-4 сомонӣ харида, болои он як ё якуним сомонӣ илова карда, мефурӯшанд.

Акбар Наимов аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз деҳқонҳоест, ки рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавсим ҳосили хуб рӯёниданд, аммо нархи лиму то ҳадде поён рафт, ки хароҷоти онро намепӯшонад: “ Парвариши лиму заҳмату харҷи зиёдеро талаб мекунад, лекин бубинед дар бозор нархаш чӣ қадар арзон шуд. Дар чунин ҳол завқу шавқи деҳқон суст шуда,маҷбурем рӯ ба парвариши дигар зироат биёрем. Бисёр нафароне, ки соли гузашта захира карданд, зарар диданд, бино бар ин имсол дигар аз захира кардан ҳарос доранд. Ҳосили зиёд боиси арзонӣ шуда бошад ҳам, фикр мекунам, агар содироти лиму ба хориҷ дар сатҳи хуб ба роҳ монда мешуд, то ин ҳад арзон намешуд. Яъне ҳоло аксари лимуи деқонон дар дохил ба савдо гузошта мешавад, ки бояд ба бозорҳои дигар кишварҳо низ бароварда шаванд”.

Дар бозори “Деҳқон” гӯшаи махсусе барои тоҷирони лимуфурӯш ҷудо шудааст, ки дар баробари тоҷирон, бархе деҳқонон аз манотиқи мухталифи кишвар низ маҳсулоташонро оварда ба савдо гузоштаанд.

Коҳиши нархи лимӯ кишоварзонро нороҳат кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Нигаронии деҳқонон аз коҳиши нархи лиму дар ҳолест, ки бархе аз масъулони бахши кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, бо зиёд гардидани ҳосил, ки боиси уфти нарх гардид, масъалаи афзоиши содиротро ба хориҷи кишвар ба роҳ хоҳанд монд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло асосан лимуи Тоҷикистон ба Русияву Қазоқистон содир мешавад.

Амирбеки Темур, сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон рӯзи 10-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, воқен ҳам ин мавсим ҳосили лиму бениҳоят хуб ва шумораи гармхонаҳо низ хеле зиёд гардидааст, ки ин ба нарх таъсири худро гузоштааст.

Амирбеки Темур афзуд, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳар деҳқон бояд суду зиёни худро худ ҳисобу китоб кунад: “Ҳар шахсе, ки ба чӣ коре даст мезанад, пеш аз ҳама суду зиёнашро худаш фикр кунад”. Ӯ таъкид намуд, ки феълан бо баъзе соҳибкорон барои содироти бештари лиму гуфтугӯ доранд ва умедворанд, оянда лиму бозори худро меёбаду мушкили деҳқонон осон мешавад. Ба қавли ҳамсӯҳбатамон, танҳо аз ноҳияи Ҷайҳун, ки яке аз маконҳои серҳосили лиму дар кишвар ба ҳисоб меравад, соли гузашта 500 тонна лиму ба хориҷи кишвар содир гардидааст.

Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоле аз нияташон барои беҳтар намудани вазъи содиротии лиму ҳарф мезананд, ки баъзе соҳибкорон мегӯянд, дар ҷустуҷӯи шарик ва роҳҳои содироти лиму ба хориҷанд.

Ғозиҷон Шодиев, ки ба парваришу тиҷорати лиму сарукор дорад, аз ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон барои пайдо намудани роҳҳои содироти маҳсулоташ ба Душанбе омадааст. Ӯ мегӯяд, ба ниҳодҳои марбута, аз қабили Вазорати кишоварзӣ барои муҳайё сохтани шароити содироти лимуҳояш, ки дар Дарвоз ҳосили хуб додаанду он ҷо муштарӣ кам аст, вориди гуфтугӯ шуд, вале натиҷа надод. Шодиев таъкид намуд, ки акнун баъзе ширкатҳои хусусӣ ваъдаи роҳандозии содироти лимуҳояшро додаанд ва то чанд рӯзи дигар дар Душанбе ба хотири ҳалли ин масъала монданист.

Ғозиҷон Шодиев, ки дар гузашта омӯзгори фанни кимиё ва биология будааст, мегӯяд, нозукиҳои парвариши лимуро ба хубӣ медонад. Нигаронии соҳибкорон аз набуди шароити беҳтар барои содироти меваҷот ба кишварҳои хориҷа дар ҳолест, ки Русия бо қабули як қарор ҳаҷми андоз аз арзиши иловшударо ҳангоми воридоти меваҳои ситрусӣ, ки лиму ба он дохил мешавад, аз 20%-и қаблӣ ба 10% кам намудааст. Дар ин бора рӯзи 10-уми январ баъзе аз расонаҳо иттилоъ дода, навиштаанд, дар баробари меваҳои ситрусӣ, ин қарор ба дигар навъи меваҳо, аз қабили ангуру анҷир, себу нок, тарбузу харбуз, зардолу, олу ва гелосу шафтолу низ дахл дорад. Русия аз харидорони асосии меваи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ дар соли гузашта беш аз 246 тонна меваи ситрусӣ, ки дар кишвар, дар иқлими Тоҷикистон асосан лиму ба он дохил мешавад, ҷамъоварӣ намудаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ҷамъоварии меваҳои ситрусӣ дар муқоиса ба соли 2018 ҳудуди 100 тонна зиёд шудааст. Бар асоси маълумоти ин ниҳод, майдони кишти он беш аз 500 гектарро ташкил дода, сол то сол густариш меёбад.

XS
SM
MD
LG