Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро "Идеяи миллӣ" ва "Шоҳраги иқтисоди Тоҷикистон"-ро ба фурӯш гузоштанд?


Тағйироти нав дар қонунгузории Тоҷикистон бо пешниҳоди президент ва ҷонибдории ҳар ду маҷлиси порлумон, ТАЛКО ва НБО Роғунро аз рӯйхати иншооте, ки қобили хусусӣ кардан нестанд, берун кард. Давлат ҳадаф дорад мудирияти худ бар ин ширкатҳоро ҳифз ва барои нигаҳдории онҳо сармоя ҷалб кунад. Вале на ҳама коршиносон ба ин хушбинӣ шариканд.

Ду иншооти муҳими саноатии Тоҷикистон НБО Роғун ва ТАЛКО баъди он ки палатаи болоии порлумон бо пешниҳоди президент аз тағйирот ба қонун "Дар бораи хусусӣ кардани моликияти давлатӣ" ҷонибдорӣ кард, мақоми навро соҳиб шуданд. Агар пештар дар баробари ин иншоот меъёри моддаи 9-и ин қонун татбиқ ва хусусӣ гардонидани инҳоро мамнӯъ карда буд, ҳоло ин маҳдудият барҳам зада шуд ва ҳар сармоягузори эҳтимолӣ метавонад саҳҳоми ин ширкатҳо шавад.

Фурӯхтан ба хотири наҷот додан?

Дар худи ТАЛКО гуфтаанд, ки "табдили корхона ба ширкати саҳҳомӣ паёмади воқеии рӯбарӯшудаи ширкат бо хатарҳои афзояндаи рақобатӣ дар бозори ҷаҳонии алюминиюм аст",-навиштааст "Азия-плюс" 27-уми январ. Дар иттилоия таъкид шудааст, ки аз он ҷо, ки ширкатҳои ягона (унитарӣ) шахсии ҳуқуқии мунҳасир ба фард ҳастанд ва дар қонунгузории кишварҳои хориҷ вуҷуд надоранд, ширкат барои ҷалби сармоя бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуд. Шакли нав, ба пиндори ташаббускорон, барои берун рафтан аз мушкил ёрӣ мекунад.

Директори нерӯгоҳи "Роғун" Хайрулло Сафарзода рӯзи 24-уми январ дар Маҷлиси Миллӣ гуфт, "мақсад ва лиҳози қабули қонуни мазкур пеш аз ҳама таъмини асосҳои ҳуқуқӣ ва танзими масъалаҳо роҷеъ ба фаъолияти самараноки минбаъдаи НБО Роғун дар муносибат бо субъектҳои хоҳишманд ва дигар сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ ҷиҳати ба кор мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд нигаронида шудааст". Оқои Сафарзода ҳадафи дигарии ин қонунро ба "танзим даровардани масъалаҳои ба миёномадаи будҷетӣ дар ин самт" ва "беҳтар гардидани маблағгузории сохтмони нерӯгоҳ", арзёбӣ кард.

Идеяи фурӯхтани ТАЛКО, ки онро як шоҳраги иқтисодиёти Тоҷикистон низ меноманд, бо мақсади ҳифзи иқтидори корхона бори аввал аз сӯи собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар соли 2009 пешниҳод шуда буд. Дар мақолаи худ, ки дар оғози соли 2009 дар ҳафтаномаи “Фараж” бо номи "Афсонаҳои алюминий" нашр шуда буд, ӯ навишта буд, ки мабнӣ бар ин, ки норасоии шадиди барқ дар зимистон дорем, зарур аст ин заводро бифурӯшем.

Ба гуфтаи вай, харидори аслӣ Русия хоҳад буд, ки бидуни душворие мушкили таъмини барқу газ ба ТАЛКО-ро ҳал хоҳад кард. Ва Тоҷикистон барқи худро барои таъмини мардум ва хоҷагии халқ масраф хоҳад кард ва аз сӯйи дигар маблағи фурӯши заводро барои анҷоми бунёди "Роғун" масраф хоҳад намуд.

Баъди пешниҳоди ӯ дар ҳамон сол ҳукумат қонун "Дар бораи хусусӣ кардани моликияти давлатӣ"-ро қабул кард, ки ин қонун хусусӣ кардани ҳама иншооти стратегӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва ТАЛКО-ро манъ кард.

Эҳтимол дорад, ки ҳоло вазъи ин ширкатҳо беҳтар нагаштааст ва мақомот тасмим гирифтанд ба ин иншоот рӯйкарди дигар шавад.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддон ва ходими илмии Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон бар ин аст, ки ҳукумат рӯйи ин ҳисоб кардааст, ки ҳоло ки ин ширкатҳо қобили кор мебошанд, бахше аз ин корхонаҳоро ба сармоягузорон бифурӯшад.

"Барои намуна, ТАЛКО, пештар агар 45 дарсади будҷаро таъмин мекард, пас дар солҳи ахир ба ҳадди варшикастагӣ расидааст. Ин ширкат барои ҳукумат хеле муҳим аст, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки мақомаш тағйир дода шавад",-мегӯяд Ҷалолов.

Коршинос бо таваҷҷуҳ ба сафари ахири президент Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ва Аврупо, ки дар ин сафар ояндаи ТАЛКО ҳам баррасӣ шуд, тахмин мезанад, ки шояд ҳукумат масъулиятҳои мушаххасеро ба дӯш гирифт ва ба амалӣ кардани онҳо оғоз намуд.

ТАЛКО – ғӯле дар ҳоли аз даст додани шаҳомати худ

ТАЛКО – истеҳсолкунандаи асосии алюминиюм дар Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир бемайлон тавлиди маҳсулотро коҳиш дод. Агар дар соли 2007 корхона 421,5 ҳазор тонна алюминиюм истеҳсол карда бошад, пас дар соли 2009 бино ба маълумоти худи ТАЛКО ин миқдор 100,8 ҳазор тоннаро дар бар гирифт, ки чор баробар нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2007 камтар аст.

Дар ТАЛКО пойин рафтани истеҳсолотро бо шароите марбут медонанд, ки аз ширкат вобаста нест. Дар расонаҳо ва гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалӣ нокомиҳои ТАЛКО-ро ба набуди шаффофият ва ҷой доштани нақшаҳои фасод марбут медонанд.

"Мансабдорони фасодкор суратҳисобҳои оффшориро истифода карданд, то миллиардҳо долларро аз бонкҳо ва корхонаҳои давлатӣ берун бикашанд. Барои мисол, заводи давлатии алюминии ТАЛКО марбут ба ширкатҳоест, ки дар ҷазираҳои Вирҷиниёи Бритониё сабти ном шудаанд. Ба ҷойи ин, ки ТАЛКО ба будҷаи кишвар бозсармоягузорӣ кунад, аз сӯйи мансабдорони баланмақом бештар ҳамчун сандуқи махфӣ барои масрафоти хусусӣ истифода мешавад”,- менависад муҳаққиқ Эдвард Лемон дар гузориши "Кишварҳои давраи гузариш -2018".

Дар худи ширкат ҳанӯз ду сол пеш ба суолҳои матраҳшуда зимни посух изҳор дошта буданд, ки ширкат маҳсулоти хоми барои истеҳсолот лозимро аз хориҷ ворид мекунад ва ширкатҳои оффшорӣ барои анҷоми муомила бо шарикон истифода мешаванд.

Моҳи июни 2019 порлумони Тоҷикистон тавофуқномаи пештар ҳосилшудаи ҳукумат бо ширкати давлатии чинии China Machinery Engineering Corporation (CMEC) дар бораи навсозии ТАЛКО бо маблағи 545 млн долларро тасвиб кард. Баъди анҷоми навсозӣ корхона ҳадаф дорад тавонмандии худро то 300 тонна алюминиюм дар як сол боло барад. Вале шартҳои тавофуқнома бо ширкати чинӣ чун анъана сиррӣ боқӣ мондаанд.

Моҳи ноябри соли 2019 корхона ба ҷамъияти кушодаи саҳҳомӣ (ҶСК) "Ширкати алюминии Тоҷикистон”) бо 100% саҳми давлатӣ табдил ёфт, ки корхонаҳое чун "Алюминисохтмон", маркази савдои "Металлург", меҳмонхонаи "Ширкент", истироҳатгоҳи "Куран" ва иншооти дигар низ шомили онанд. Чӣ касе саҳми давлатро тақсим ва ҳамчунин саҳмдори ширкат мешавад, то ҳол муаммост.

Роғун: идеяи миллӣ чанд пул фурӯхта мешавад?

НБО Роғунро – иншооте, ки дар бештари маврид ба лиҳози иқтисодиву сиёсӣ бар ТАЛКО аввлавият дорад, дар ибтидои соли 2008, пас аз он ки ширкати русии РУСАЛ аз бунёди тарҳ худдорӣ кард, ба идомаи бунёди он дубора оғоз карданд. Ҳукмат борҳо изҳор кард, ки бо неруи худӣ бунёди онро ба охир мерасонад. Дар солҳои ахир идеяи бунёди Роғун моҳияти миллӣ касб кард, ки ба он ояндаи Тоҷикистон гиреҳ хурд. Бо ин ҳол ҷалби сармоягузорони бузург барои тарҳ муяссар нашуд, ҳатто баъди ҳосил шудани хулосаи мусбати Бонки ҷаҳонӣ низ.

Аз соли 2010 ба ин сӯ дар кишвар бо ташаббуси мақомот фурӯши саҳмия ва сертификатҳои НБО Роғун ба роҳ монда шуд. Бештар аз 22 ҳазор одам дорандаи саҳмияҳои 5000 сомона ($510), ҳудуди 2 милюн дорои саҳмияҳои содаи (100, 500 ва 1000 сомона) шуданд. Маблағи умумии аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада ҳудуди 6 млрд сомониро дар бар гирифт.

Ҳанӯз ҳамон вақт замони корзори ҷамъоварии маблағ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки имкон дошт маблағи лозим аз сармоягузорони хориҷӣ ҳосил шавад, вале дар ин сурат НБО метавонист таҳти таъсири хориҷиҳо қарор бигирад.

Аммо баъдҳо мақомот ба ҷалби маблағҳо тавассути фурӯши евробондҳо оғоз карданд, ки маблағи ибтидоии аз фурӯш ба дастомада 500 млн доллар ташкил кард.

Дар ҳоли ҳозир ду чархаи неругоҳ фаъол карда шудааст ва барои бунёди ин тарҳ бино ба додаҳои расмӣ 24 млрд сомонӣ ($2,47 млрд), аз ҷумла дар соли 2018 - 3,9 млрд сомонӣ ва дар соли 2019 - 4 млрд масраф шудааст.

Арзишии умумии тарҳ бино ба арзёбии мқомот 3,9 млрд долларро дар бар мегирад. Вале ниҳодҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузории тарҳ худдорӣ кардаанд ва масъалаи ҷалби сармоя то кунун ҳалношуда боқӣ мондааст.

Харидори ниҳоӣ кӣ хоҳад буд?

"Давраи бозпардохти сармояҳо хеле тӯлонӣ аст ва ҳама сармоягузорон инро мефаҳманд. Ба назари ман, аз нигоҳи назарӣ ёфтани сармоягузоре, ки дар давоми 10 сол 250 милюн долларӣ бидиҳад, имконпазир ҳаст. Дар иқтисоди ҷаҳон маблағҳои озод ва ҳатто "зиёдатӣ" бисёр аст", - мегӯяд коршинос дар умури Тоҷикистон Андрей Захватов. Ба гуфтаи вай сармоягузори эҳтимолии тарҳ ба ҷуз Чин метавонанд кишварҳои дигар ҳам бошанд, аз ҷумлаи аврупоиҳо. Вале давлат бояд бастаи назоратии саҳмияҳоро дар дасти худ нигаҳ дорад.

Пештар барои нерӯгоҳи "Роғун" мақомот Чин ва Арабистони Саудиро пешниҳод намуданд, ки маблағгузорӣ кунад, вале ин пешниҳод рад карда шуд.

Шореҳи иқтисодӣ Абдуманон Шералиев ба ин шубҳа дорад, ки шакли моликияти "Роғун ва ТАЛКО бо дархости ниҳодҳои молӣ тағйир дод шуда бошад.

"Сармоя ба ТАЛКО кайҳо ҷалб шудааст ва баъид аст, ки дар чанд соли оянда ба сармояи дигаре ниёз бошад. Ва агар ниёз ҳам пайдо шуд, на сармоягузори имрӯза касеро ба ин бозор роҳ медиҳад ва на сармоягузори дигаре ҷуръати ворид шудан мекунад. Масъалаи "Роғун" ҳам айнан ҳамин аст. Замоне, ки ин сохтмон ба сармоя сахт ниёз дошт, касе дар фикри хусусӣ кардани он набуд ва сар аз кӯдаки боғча то мӯйсафеди ҷонбаҳалқашомадаро маҷбур ба харидани саҳмия карданд. Ҳоло, ки нерӯгоҳ ба кор даромадаву ба овардани даромад шурӯъ кардааст, гӯё ниёз ба сармоя ва хусусигардонии он пайдо шудааст",-суол мегузорад коршинос.

Ба гуфтаи вай, агар ин иншоотро доираҳои наздиҳукуматӣ мехоҳад ғасб кунанд, маҳз ҳамонҳо соҳиби бастаи назоратӣ мешаванд, вале агар ҳадаф дар воқеъ ҷалби сармоя аст, пас бастаи назорати дар дасти худи давлат боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG