Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархи дувуми Роғун гардон шуд. Оё бебарқии зимистона ба хотира табдил меёбад? ВИДЕО


Обанбори нерӯгоҳи Роғун

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо фаъол шудани чархаи дуюми нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон метавонад содироти барқро ба хориҷа зиёд кунад. Ин дар ҳолест, ки мардуми қаторӣ умедвори коҳиши нархи барқ ва комилан аз байн рафтани реҷаи фасли зимистон аст.

Тоҷикистон Иди истиқлоли худро бо рӯйдоди дигари таърихӣ -- гардон кардани чархи дуввуми нерӯгоҳи Роғун пайванд дод. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми сентябр тугмаро фишурд ва акнун, ба гуфтаи мақомот, нерӯгоҳ дар як соат то 120 мегаватт барқ истеҳсол мекунад.Чархи аввали он моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд ва интизор мерафт, ки чархаи дуввум моҳи апрели соли равон фаъол шавад. Аммо бо далели пеш омадани, ба гуфтаи мақомот, "мушкили техникӣ" ин кор то 9-уми сентябри соли равон ба таъхир афтод.

Анвар Раҳмонов, раҳбари истеҳсолии нерӯгоҳи Роғун дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо фаъол шудани ду чархи нерӯгоҳи Роғун аз неругоҳ ду хати баландшиддати 220 Кв ба системаи умумии энергетикии кишвар ва шаш хати баландшиддати 500 Кв ба кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ интиқол хоҳад дод.

Ин масъули Роғун афзуд, тасмим аст оянда боз чаҳор хати дигари баландшиддат кашида шавад, ки нерӯи барқро дар баробари Узбекистону Афғонистон ба Покистон ҳам расонанд.

Феълан Тоҷикистон дар фасли гармо ба Узбекистон ва Афғонистон барқ содир мекунад. Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсояи худ барқро бар сари як киловатт соат бо арзиши 4 сент, наздики 40 дирам мефурӯшад.

Чархи дуввуми Роғун гардон шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Шафиқ Пуё, хабарнигори телевизони “Хуршед”-и Афғонистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барқи Тоҷикистон дар қиёс ба барқи Узбекистон арзонтар аст ва Афғонистон як бозори хуби нерӯи барқ аст. Пуё, ки барои бозтоби ин мавзӯъ дар Тоҷикистон қарор дорад, умедвор аст, ки баъди ба кор даромадани чархаи дуюм таъмини мардуми кишвараш бо нерӯи барқ беҳтар мешавад. Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба Афғонистон ҳудуди 1 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ содир карда, қасд дорад, то охири сол ин рақамро то ба 1,5 миллиард бирасонад.

Аммо муҳимтар аз содироти барқ ба хориҷ - дар дохили Тоҷикистон аз нерӯгоҳи Роғун интизороти бештар доранд. Сокинони кишвар умедворанд, ки бо фаъол шудани чархаҳои нерӯгоҳи Роғун мушкили бебарқӣ дар кишвар аз байн меравад. Қариб ду даҳсола боз сокинони деҳот, ки 70 дарсад аз аҳолии Тоҷикистон дар он зиндагӣ мекунанад, дар фасли сармо аз лимит ва маҳдудияти интиқоли барқ азият мекашанд.

Муҳандисони нерӯгоҳи Роғун мегӯянд, бо фаъол шудани чархаи дувум нерӯи барқи кофӣ дар фасли сармо истеҳсол хоҳад шуд, ки барои таъмини шабонарӯзии сокинон бо барқ басанда аст.

Нурулло Шарифзода, раҳбари мудирияти истифодабарии иншоотҳои неругоҳ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар маҳалли неругоҳ гуфт, ду чарха айни замон барқ тавлид мекунанд ва ба шабакаи барқи ҷумҳурӣ васл шудааст.

Дар посух ба суоли хабарнигори Озодӣ, ки соли гузашта чархаи аввал пас аз чанд моҳи кор хомуш карда шуд, Шарифзода посухи дақиқ надод ва танҳо гуфт, чархаҳои нерӯгоҳ ҳоло хуб кор мекунанд ва умедвор аст, ки ҳеҷ мушкиле сар нахоҳад зад. "Дар ин сатҳи обе, ки имрӯз дар обанбор мавҷуд аст, ҳам агрегати якум ва ҳам дуюм дар як соат то 120 мегават тавони истеҳсоли барқро дорад",--гуфт масъули нерӯгоҳи Роғун. Масъулин мегуянд, баъди ба истифода додани агрегати якум то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.

Коршиносон мегӯянд, зоҳиран "мушкили техникӣ" дар чархаи аввали нерӯгоҳ дар аввали сол бинобар шитобкорӣ пайдо шуд. Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки дар чунин тарҳҳои муҳим набояд осемасар шуд.

Нерӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва ҳоло танҳо ду чархаи он фаъол шудаанд. Ин чархаҳо муваққатӣ буда, мувофиқи нақша то соли 2021 барқ тавлид мекунанд ва баъдан бо чархаҳои нав иваз мешаванд, хоҳанд шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми корандозии чархи дувуми Роғун иқрор кард, чанд сол пеш гоҳе аслан бовараш намешуд, ки кишвар хоҳад тавонист, ин неругоҳи азимро бисозад. Вай афзуд, чархи дувум далели қавие хоҳад буд, ки кишвар дар ин самт ба пеш ҳаракат дорад.

Ин чархаи Роғун дар ҳоле фаъол мешавад, ки сокинон аз афзоиши нархи нерӯи барқ нигаронанд, ки сар аз 1-уми сентябри соли равон шуруъ шуд.

Масъулини нерӯгоҳи Роғун мегӯянд, ба кор даромадани чархаи сеюм қарор аст то ду соли дигар анҷом шавад ва албатта ин аз ҳаҷм, сатҳ ва захираи об вобаста аст. Анҷоми ба кор даровардани ҳамаи шаш чарха то соли 2026 дар назар гирифта шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ба ҷашнҳои давлатӣ вобаста кардани ифтитоҳи чархаҳои нерӯгоҳи Роғун метавонад саросемагиро дар корҳои сохтмонӣ ба миён орад. Аз кор мондани чархаи аввали ин нерӯгоҳ баъди чанд моҳи фаъолият чунин сарусадоҳоеро ба миён овард, ки дар сохтмони сарбанд ба саросемагӣ роҳ дода шудааст то дар рӯзи президент чархаро боз кунанд.

Сайидмуҳиддин Дӯстумаҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, метавонад чунин талошҳо сурат гирифта бошад, аммо масъули ба кор даровардани чархаҳои нерӯгоҳ ширкати укроинӣ аст ва дар гумон аст, ки онҳо ба осонӣ розӣ шаванд.

"Баъдан возеҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад аз гардонсозии ҳар чархаи неругоҳ холҳои сиёсӣ барои худу ҳукумати хонаводагияш бигирад. Ва касе ҳам нахоҳад пурсид, ки "ҳамин 100-200 миллион хароҷоти солона барои сохтмони неругоҳи Роғунро мо 10-15 сол пеш ҳам доштам, аммо чаро ба сохтмони неругоҳ шуруъ накардем?". Барои мардуми мо ба баъд қимати энержии барқӣ муҳим аст, на шумораи чархаи онро истеҳсолкарда. Халқ барқи арзон мехоҳад,"-гуфт Дӯстмуҳаммадиён.

Тоҷикистон солҳои зиёд талош кард, барои Роғун сармоягузор пайдо кунад. Аввали муддаӣ Покистон буд, ки дар солҳои 1990 ваъдаи сармоягузории 500 миллион долларро дод, вале ҷанги дохилӣ ин тарҳро аз байн бурд. Дертар президенти Русия Владимир Путин дар соли 2004 ба олигархи рус Олег Дерипаска дастур дод, то Роғунро бисозад. Аммо чанде нагузашта, ин тарҳ вориди бунбаст гардид. Акнун аз оғози корҳо дар соли 2014 то ҳоло кишвар бештар бо маблағҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро давом медиҳад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 аз будҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) маблағ ҷудо кардааст. Соли гузашта барои сохтмони Роғун кишвар 4,7 миллиард сомонӣ равона карда буд, ки аз он 3,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби будҷа ва боқӣ аз пули евробондҳо ба даст омада буд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG