Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "ДОИШ дар 3 зиндон ошӯб мехост". Назари муттаҳамон маълум нест


Мақомоти тоҷик мегӯянд, таҳқиқи парвандаи қасди ошӯб дар се зиндони Тоҷикистон анҷом шуда, ба додгоҳ ирсол шудааст. Ба гуфтаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, афроди гурӯҳҳои тундрав ба мисли ДОИШ мехостанд дар се зиндон дар Душанбе ва Хуҷанд даст ба ошӯб зананд. Барои қасди ошӯб 30 нафар боздошт шудаанд. Назари муттаҳамон феълан дар робита ба ин ҳодиса дастрас нест ва низ маълум нест, ки онҳо то куҷо ин иттиҳомро қабул доранд.

Дар бораи парвандаи як гурӯҳ зиндониён барои қасди ошӯб дар зиндон, рӯзи 3-юми феврал Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ хабар дод. Аммо Шоҳиён аз шарҳи масъала худдорӣ кард.

Рӯзи 4-уми феврал Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 30 нафар барои омодагӣ ба ошӯб дар се зиндон муттаҳам дониста мешаванд. Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, қасди ошӯб дар ин зиндонҳо дар пайи як санҷиш ошкор шуд.

"Баъди ҳодисае, ки дар муассиса 3/2 (зиндони шаҳри Ваҳдат) шуд, дар тамоми муассисаҳо санҷишҳо гузаронда шуд. Ҳангоми бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар муассисаҳои 1-ум, 2-юм ва 5-ум ошкор кардем, ки дар ин муассисаҳо ячейкаҳои хурди ташкилотҳои террористӣ пинҳонӣ амал мекарданд. Инҳо ҳама ошкор шуданд ва дар доираи санҷишҳо аз тарафи Додситонии кулл парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд",-гуфт Мансурҷон Умаров.

Зиндонҳои 1 ва 2 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва зиндони рақами 5 дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд. Дар бораи боздошти маҳбусон барои қасди ошӯб дар зиндони рақами 1-и Душанбе хабарҳои пароканда ба расонаҳо мерасид. Аммо мақомот ин хабарҳоро то ҳол шарҳ намедонанд.

Роҳбари Идораи зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, афроде, ки қасди ошӯб доштанд, аъзои гурӯҳҳои тундрави "ДОИШ", "Ансоруллоҳ", Ҳаракати исломии Узбекистон ва дигар созмонҳо буданд.

Аммо ҳоло назари зиндониёни боздошшуда ва вакилони дифои онҳо маълум нест. Шахсияти ин зиндониён барои Радиои Озодӣ феълан маълум нест ва мақомот бо далели паси дарҳои баста гузаштани мурофиаҳо, аз ҷузъиёти он худдорӣ мекунанд.

Зиндонҳои Тоҷикистон дар ду соли ахир шоҳиди ду ошӯби хунин буданд. Моҳи ноябри соли 2018 дар зиндони Хуҷанд ва майи 2019 дар зиндони Ваҳдат ошӯби зиндониён сар зад. Ин ду қазия беш аз 50 қурбонӣ дошт ва ҳарду ошӯбро кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ донистанд. Ин гурӯҳ низ масъулиятро пазируфт, вале гурӯҳ ё созмонҳои мустақил ҳанӯз имкони таҳқиқи бетарафонаи ҳодисаҳоро надоранд.

Ҳоло мақомот мегӯянд, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар зиндонҳо вазифаи аввали онҳо мебошад.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия мегӯяд, "вазифаи аввалиндарҷаи мо ин самти терроризм ва экстремизм аст. Чунки чунин маҳбусон дар муассисаҳои мо ҳаст. Инҳо хатар ба амнияти дохили муассиса ва ҷомеа доранд. Мо нисбати инҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, идеологӣ, машғулиятҳои махсус ва инчунин корҳои оперативӣ мебарем, ки то аз мадди назари кормандони мо дур набошанд".

Сардори Идораи зиндонҳо гуфт, нақшаи сохтани зиндони алоҳида барои маҳбусони муттаҳам ба терроризм омода шуда, талош доранд он амалӣ шавад.

Мақомот дар ҳоле дар бораи қасди ошӯб дар се зиндон хабар медиҳанд, ки соли гузашта Додгоҳи олӣ 60 нафарро барои иштирок дар ошӯбҳои зиндони Хуҷанд ва Ваҳдат маҳкум кард. Ҳарчанд наздикони бархе аз маҳкумшудаҳо ҳукмро "ноодилона" хонда, бознигарии онро талаб карда буданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд. Аз ҷумла Human Rights Watch, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 14-уми январи имсол бо ишора ба ду ошӯб ва саркӯби зиндониён, мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан "дар шиканҷаи густарда, истифодаи номутаносиб аз нерӯҳои амниятӣ ва қатлу куштори зиндониён" муттаҳам кардааст. Мақомот ҳанӯз ба ин иттиҳом посух надодаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG