Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Сурия намояндагии дипломатӣ мекушояд. ВИДЕО


Паноҳгоҳи Ал-Ҳавл дар минтақаҳои зери назорати курдҳои Сурия. 17 октябри 2019.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба зудӣ Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт намояндагии худро дар шаҳри Димишқ -- пойтахти Сурия фаъол мекунад ва вазифаи аслии он, бозгардонии занону кӯдакони тоҷик аз ин кишвари ҷангзада аст. Дар паноҳгоҳҳои Сурия тибқи маълумоти дарёфтӣ, беш аз 500 зану кӯдакони тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз вазъи тоқатфарсои худ шикоят доранд.

Як мақом дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, то охири моҳи ҷорӣ дар шаҳри Димишқ дафтари намояндагии Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт боз мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин бора бо ҳукумати Сурия тавофуқ ҳосил шуда, танҳо баъзе масоили амниятӣ мондааст, ки то охири моҳ ҳал мешаванд.

"Дафтари Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, ки дар шаҳри Димишқ боз мешавад, занону кӯдакони тоҷик дар Сурияро номнавис карда, ДНК-и кӯдаконро мегузаронад, то онҳоро ба ватан бозгардонад. Мо ин гуна таҷрибаро дорем ва талош дорем, дар зудтарин фурсат занону кӯдакони тоҷик ба ватан баргарданд. Дар ин бора як мушкили асосӣ дорем, ки то ҳол дипломатҳои тоҷик иҷозаи сафар ба паноҳгоҳҳоеро, ки занону кӯдакони тоҷик онҷо ҳастанд, дарёфт накардаанд. Ин иҷозаро бояд неруҳои курд ба мо диҳанд",-гуфт манбаъ.

Ҳамсӯҳбати мо дар ҳукумат гуфт, ки ба масъалаи бозгардонии занону кӯдакони тоҷик аз Сурия, асосан Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт машғул аст.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле аз қасдашон барои боз кардани дафтари дипломатӣ дар шаҳри Димишқ хабар медиҳанд, ки даҳҳо зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия аз вазъияти тоқатфарсо шикоят мекунанд. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, шумораи дақиқи занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳҳоро дар даст надоранд, вале тибқи иттилои дарёфтӣ, дар ин гуна паноҳгоҳҳо беш аз 500 зану кӯдак аз Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Аксари ин занон ба гуфтаи худашон, ҳамроҳ бо шавҳаронашон ба Сурия рафтаанд ва баъд аз шикаст хӯрдани гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ба дасти неруҳои курд афтоданд.

Тоҷикистон дар Сурия сафорат мекушояд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Зарнисор Турсунова, як зани 28-солаи тоҷик аз паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" (Ал-Ҳол)-и Сурия мегӯянд, дар шароити бисёр тоқатфарсо зиндагӣ доранд. Турсунова мегӯяд, бо омадани фасли зимистон шароиташон бадтар шуд ва бахусус кӯдакони ноболиғ аз ин вазъ ранҷ мекашанд.

"Аҳволамон вазнин аст, дар рӯзи борон ба хайма об даромад, ҳама курпа ва либосҳо тар шуданд. Кӯдакон бемор ҳастанд, духтур нест, хӯрокворӣ бисёр қиммат аст. Занони тоҷик бар ивази маблағ либос мешӯянд, барои маблағ пайдо кардан ҳуҷраҳои занони русро тоза мекунанд. Дар берун шамоли сахт аст, хаймаҳо парвоз доранд, хунук аст, инҷо шароит вазнин",-мегӯяд Зарнисор Турсунова.

Турсунова 28-сол дошта, ба гуфтаи худаш соҳиби панҷ фарзанди ноболиғ аст. Ин сокини шаҳри Исфара мисли даҳҳо зани тоҷик соли 2016 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Сурия рафтанд ва баъди кушта шудани шавҳараш ба дасти неруҳои курд афтоданд. Хоҳиши Зарнисор Турсунова ва даҳҳо зани тоҷик аз паноҳгоҳои Сурия танҳо бозгашт ба Тоҷикистон аст.

Ҳафтаи гузашта Созмони Милал низ аз кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, хост, ки онҳоро зудтар ба ватан баргардонанд. Дар паноҳгоҳ ва зиндонҳои Сурия наздики сад ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ ва узви хонаводаҳои онҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ки 70 ҳазорашон занону кӯдаконанд.

Бо ин ҳама мақомоти тоҷик умед доранд, ки боз шудани дафтари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Димишқ раванди бозгардонии занону кӯдакони тоҷик аз Сурия метезонад. Дар ҳоле, ки занони тоҷик аз паноҳгоҳи "Ал-Ҳол" мегӯянд, то ҳол намояндагони дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия шаҳрвандони худро аз инҷо берун бурданд.

То кунун тақрибан сад кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Тоҷикистон оварданд. Бархеи онҳоро ба наздиконашон доданд, бахши зиёд дар мактаб-интернатҳо ҳастанд. Даҳҳо зани тоҷик дар Ироқ ба муддати тӯлонӣ ё умрбод ба зиндон маҳкум шудаанд.

Бар асоси иттилои расмӣ наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз соли 2014 ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, ба Ховари Миёна рафтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG