Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қасд дорад, беш аз 200 зану кӯдакро аз Сурия баргардонад. ВИДЕО


Паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" дар Сурия.

Мақомоти тоҷик мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 500 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия зиндонӣ ҳастанд. Онҳо бо ҷурми ширкат дар ҷангҳо дар сафи "Давлати исломӣ", боздошт шудаанд.

Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбе зимни нишасти хабарӣ бо такя ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки дар қаламрави Сурия 219 нафар занону кӯдакони тоҷик қарор доранд, ки омодаанд ба ватан баргарданд. Вазири умури хориҷии афзуд, ҷониби Тоҷикистон барои муайян кардани шумораи дақиқи шаҳрвандони кишвар дар Сурия, бо мақомоти Димишқ вориди гуфтугӯҳо шудааст.

"Тавре медонед, ин лагерҳо дар минтақаҳои таҳти назорати Неруҳои демократии Сурия (Нерӯҳои курди Сурия. РО), қарор доранд. Мо гуфтугӯҳоро оғоз кардаем. Сафири мо дар Қувайт, ки ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Сурия мебошад, аз номи ҳукумати мо бо ҷониби Сурия гуфтугӯ карда истодааст",-афзуд вазир.

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунон бо Бунёди кӯдакони СММ ва созмони байналмилалии Салиби Сурх дар мавриди шаҳрвандони кишвар дар Сурия ҳамкорӣ доранд. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷӣ, ин созмонҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ва мутобиқшавии онҳо пас аз бозгашт дар кишвар, кӯмак хоҳанд кард.

Зарнисор Турсунова, як зани 28-солаи тоҷик аз паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" (Ал-Ҳол)-и Сурия чанд рӯз қабл гуфт, дар шароити бисёр тоқатфарсо зиндагӣ доранд ва бо омадани фасли зимистон шароиташон бадтар шуд ва бахусус кӯдакони ноболиғ аз ин вазъ ранҷ мекашанд.

"Аҳволамон вазнин аст, дар рӯзи борон ба хайма об даромад, ҳама курпа ва либосҳо тар шуданд. Кӯдакон бемор ҳастанд, духтур нест, хӯрокворӣ бисёр қиммат аст. Занони тоҷик бар ивази маблағ либос мешӯянд, барои маблағ пайдо кардан ҳуҷраҳои занони русро тоза мекунанд. Дар берун шамоли сахт аст, хаймаҳо парвоз доранд, хунук аст, инҷо шароит вазнин",-гуфт Зарнисор Турсунова.

Турсунова 28-сол дошта, ба гуфтаи худаш соҳиби панҷ фарзанди ноболиғ аст. Ин сокини шаҳри Исфара мисли даҳҳо зани тоҷик соли 2016 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Сурия рафтанд ва баъди кушта шудани шавҳараш ба дасти неруҳои курд афтоданд. Хоҳиши Зарнисор Турсунова ва даҳҳо зани тоҷик аз паноҳгоҳои Сурия танҳо бозгашт ба Тоҷикистон аст.

Беш аз 200 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба ватан меоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Моҳи апрели соли гузашта 84 кудаки тоҷикро, ки аксаран падару модаронашон дар ҷангҳои Ироқ бедарак ва баъдан боздошту зиндонӣ шудаанд, ба ватан баргардониданд. Ин кӯдакон то ҳол таҳти муроқибати мақомоти масъули ҳукумат қарор доранд ва то замони мутобиқшавӣ ба муҳити нав ба хонаводаву наздиконашон баргардонида намешаванд.

Ахиран манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки ба зудӣ сафорати кишвар дар Кувайт намояндагии худро дар шаҳри Димишқ -- пойтахти Сурия фаъол мекунад ва вазифаи аслии он, бозгардонии занону кӯдакони тоҷик аз ин кишвари ҷангзада аст.

Бар асоси иттилои расмӣ наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз соли 2014 ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайваста, ба Ховари Миёна рафтаанд. Мақомот мегӯянд, ки даҳҳо нафари онҳо дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия кушта шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG