Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон назорат дар марз бо Афғонистону Узбекистонро сахттар кард


Пизишкон дар Покистон ҳарорати бадани сокинонро месанҷанд
Пизишкон дар Покистон ҳарорати бадани сокинонро месанҷанд

Мақомоти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз хатари вуруди коронавирус ба кишвар аз Эрону Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон назорат дар марзро сахттар кардаанд. Аз рӯзи 25-уми феврал ҳангоми вуруди шаҳрвандон аз Афғонистон ҳарорати бадани онҳо санҷида шуда, ҷойи зисташон сабт мешавад. То ин вақт мақомот чунин чораҳоро танҳо барои афроде мегирифтанд, ки аз Чин баргашта буданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дастур додаанд, ки ҳарорати бадани ҳамаи афроди омада аз Афғонистон санҷида шавад. Чунин тартиб, ба гуфтаи Камолзода, дар марз бо Узбекистон низ ҷорӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрвандони кишвар аз Кореяи Ҷанубӣ ба воситаи Тошканд бармегарданд ва ҳарорати бадани онҳо низ санҷида мешавад. Кореяи Ҷанубӣ пас аз Чин дувумин кишваре аст, ки хуруҷи коронавирус аз ҳама бештар саббт карда шудааст.

То ин вақт мақомоти тоҷик назорат дар марз бо Чинро пурзӯр карда буданд. Тасмими сахт кардани назорат дар марз бо Афғонистон ва Узбекистон пас аз он гирифта мешавад, ки коронавирус дар Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон авҷ гирифт.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бар иловаи сахт кардани назорат дар марз соатҳои наздик чораҳои дигар низ гирифта мешавад. Ба гуфтаи Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ, яке аз чораҳо ба карантин фаро гирифтани афроди бозгашта аз Эрону Афғонистон ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Корея таҳсил мекунанд, мегӯянд, сафорати Корея дар Душанбе додани раводидро мушкилтар кардааст. Сафорат дар ин бора то ҳол изҳори назар накардааст.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле аз хатари вируси COVID-19 аз Эрон, Афғонистон ва Кореяи Ҷанубӣ нигаронанд, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба "пандемияи имконпазир" ё гирифторшавии фарогири вирус, омода бошанд. Ин созмон дар гузориши ахири худ гуфтааст, гирифторшавӣ ба вируси нав берун аз Чин асосан дар кишварҳои Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Итолиё зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аллакай 15 нафар аз гирифторшавӣ ба вируси COVID-19 ҷон дода, беш аз 60 нафари дигар ба он гирифтор шудаанд. Дар ҳоле, ки бархе мақомҳо дар Эрон шумори фавтидагонро бештар аз ин мегӯянд. Дар Кореяи Ҷанубӣ шумораи гирифторшудагон ба вируси нав ба беш аз 400 нафар расидааст. Мақомоти Афғонистон рӯзи сешанбе гуфтанд, ки 7 ҳолати гирифторшавӣ ба вируси навро дар Ҳирот ба қайд гирифтаанд. Рӯзи гузашта дар Ҳирот як ҳолати дигари гирифторӣ ба ин вирус сабт шуда буд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди хатари зиёд аз вуруди вируси нав ба кишвар, то ҳол гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи омори ахири Вазорати тандурустӣ, 882 нафар бозгашта аз Чин, ки зери назорати табибон буданд, ба хона рухсат шуда, 266 нафари дигар зери назорат ҳастанд.

"Хушбахтона, то кунун дар миёни шаҳрвандони бистаришуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст",-мегӯяд Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Тибқи оморҳои ахир, шумораи умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар тамоми ҷаҳон аз 80 ҳазор нафар гузаштааст. Аз инҳо қариб 2600 нафарашон аллакай ҷон додаанд, ки қисми бештарашон шаҳрвандони Чин мебошанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG