Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои роҳ надодан ба вирус бозорҳои Тоҷикистонро покиза мекунанд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулода дар робита ба вируси хатарноки коронаро омода мекунанд. Мақомоти Вазорати тандурустӣ дар ин бора рӯзи 10-уми март дар нишасте бо иштироки намояндагони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Душанбе хабар доданд, аммо ҷузъиёти тарҳро ошкор накарданд.

Вале таҳдиди ба суръат паҳн шудани вируси хатарноки корона дар ҷаҳон, мақомоти бозорҳои кишварро водор кардааст, ки ин маконҳои серодамро яке пайи ҳам "дезинфексия" кунанд. Масъулони бозор мегӯянд, ҳамакнун онҳо на моҳе як дафъа, балки ҳар рӯз баъд аз анҷоми кор бозорҳоро бо маҳлулҳои махсус покиза менамоянд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо беш якуним ҳазор нафаре, ки аз Чин ва кишварҳои дигар омада буданд, зери назорати пизишкон қарор гирифтанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Барои роҳ надодан ба вирус бозорҳои Тоҷикистонро покиза мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии дезинфексия дар ин шабу рӯз серташвишанд. Фарҳод Мирзоев, корманди ин марказ, бо гурӯҳаш бозори "Сафариён"-и шаҳри Душанберо покиза мекунад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо маҳлули алмадезро истифода мекунем, ки ба зидди вирусу микробҳо ва бактерияҳо аст. Таъсири он фақат ба зидди антисептика (ангезандаи ин беморӣ) мебошад, ба ғизо ва инсон ягон зарар надорад.”

Масуълони бозори "Сафариён"-и Душанбе, ки рӯзи 10-уми март дарашро ба рӯйи тоҷирону харидорон баста буд, мегӯянд, дастур гирифтаанд, ба тозагии бозор ва нуқтаҳои савдо таваҷҷуҳи хос диҳанд.

Зокир Ҳалимов, пизишки бозори "Сафариён" гуфт, "ҳар рӯз, субҳ пеш аз оғози кор ва шом пас аз анҷоми кор ва рафтани соҳибкорон дору мезанем."

Соҳибкорон мегӯянд, аз хатар ва таҳдидҳои коронавирус махсусан дар маконҳои серодам ва осебпазир огаҳӣ доранд. Мирзошариф Шарифов, соҳибкор дар бозори "Сафариён" гуфт, "барои ҳамин, аз одамоне, ки харид мекунанд, эҳтиёт мекунем ва онҳо низ аз мо эҳтиёт мекунанд".

Мақомоти идораи беҳдоштӣ мегӯянд, дар аксари идораву муассисаҳои Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, дар боғчаву мактаб ва баъзе аз дигар идораҳои кишвар ҳам барои эҳтиёт ва пешгирӣ аз ин роҳ истифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот ҳеҷ ҳодисаи тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, тадбирҳои санҷиш ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вирус торафт шадидтар мешавад.

Аз ҷумла, ба иттилои мақомот аз 1-уми феврал то 9-уми марти имсол 1566 нафаре, ки аз Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Итолиё, Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Бисёре аз онҳо баъди 14 рӯз ба хонаҳояшон ҷавоб шудаанд.

Ҳамчунин мақомоти тоҷик барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ тамрини роҳпаймоӣ ё "маршировка"-и донишҷӯёнро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи имсола ва хондани намоз дар масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро муваққатан қатъ карданд. Вале бархе аз корбарони Радиои Озодӣ навиштанд, ки ҳанӯз тамрини роҳпаймоӣ дар Хуҷанд идома дорад.

Коронавирус моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он замон то кунун босуръат дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн гардид. Дар ин муддат дар саросари ҷаҳон тақрибан 4000 нафар ҷон бохта, беш аз 110 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG