Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз коҳиши "фоиз" то "озодӣ аз андоз". Вокуниши иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ба ҳамлаи вирус


Сингапур. Рафҳои холии фурӯшгоҳҳо дар пасманзари паҳншавии вирус

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ягон ҳолати гирифтор шудани шахсе ба короновирус ва ё вируси “COVID-19”-ро дар кишвар тасдиқ накарданд. Аммо мавҷи таъсири бади хуруҷи ин вирус дар ҷаҳон то ба Тоҷикистон расид. Таъсири бад ба кишвар асосан дар пайи поён рафтани қурби рубли Русия - шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон расид. Рӯзи 13 март бинобар қурби муайянкардаи Бонки миллӣ 1000 рубли русӣ 128 сомонӣ муайян шуд. Ҳол он ки охири моҳи феврал бар ивази 1000 рубл бонкҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 150 сомонӣ медоданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳудуди 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кор мекунанд, даромадашон бо рубл аст ва 80 дарсади арзи хориҷие, ки ба кишвар ворид мешавад, низ рубл аст.

То ҳанӯз Тоҷикистон ба ҷуз аз ҷораҳои беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии короновирус тадбири дигаре ба хотири ҳифзи иқтисод аз таъсири бади он рӯи даст нагирифтааст.

Дар ҳоле ки, сиёсатмадарон ва сарони ҳукуматҳо дар ҷаҳон барои муқобила бо таъсири бади короновирус ба иқтисод як зумра чораҳо андешиданд. Вокуниши иқтисодҳои бузурги дунё ба густариши короновирус чӣ гуна аст?

Амрико

Доналд Трамп президенти ИМА дар вокуниш ба паҳншавии ин вирус ба Вазорати молияи кишвараш дастур дод, ки ба ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки аз хуруҷи короновирус зиён дидаанд, “таътили андозӣ” ҷорӣ кунад. Ширкатҳо ва соҳибкорони зарардида ҳақ пайдо мекунанд, ки пардохти андозро ба таъхир андозанд ва барои ин мақомот онҳоро ҷарима нахоҳанд кард. Ин тадбир, ба гуфтаи Трамп, 200 миллард доллар пули иловагиро дар гардиш нигоҳ медорад, ки қарор аст иқтисодро аз рукуд нигоҳ дорад.

Бо дастури Трамп, мақомот дар Амрико ҳамчунон ба ширкатҳои хурде, ки аз короновирус зиён диданд, бо баҳраи хеле поин қарз медиҳанд.

Трамп ҳамчунон бо фармони дигари худ сафари шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро сар аз ҷумъа 13-уми март ба муддати 30 рӯз манъ кард. Қабл аз ин Трамп зери тарҳи қонуне имзо гузошт, ки ихтисоси 8,3 миллард доллар барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус ва ихтирои воксина аз ин беморӣ равона мешавад.

Бонки марказии Аврупо

Бонки марказии Аврупо (БМА) тасмим гирифт баҳраи қарзҳояшро ба бонкҳои дигар то 0,75 % зери сифр поин барад ва хариди вомбаргҳоро то 120 миллард евро афзоиш медиҳад. Шӯъбаҳои БМА доир ба назорати бонкӣ ба бонкҳо имкон медиҳанд, ки баъзе аз талабои калидиро дар мавриди дороиҳо ва воситаҳои молӣ сарфи назар кунанд, то ин ки маҷрои қарзҳо ба иқтисодиёт кам нашавад. Ба фарқ аз ҳамтоёни амрикоӣ ва бритониёӣ, БМА аз поин бурдани баҳраи бозтамвил (рефинансирование) худдорӣ варзид ва ба кишварҳои ҳавзаи Евро, ки хароҷоти давлатиро ба сустӣ афзоиш медиҳанд, ангушти ишорат боло кард.

Чин

Чин барои мубориза бо короновирус 110,5 миллард юан, муодили 15,9 миллард доллар ҷудо кард. Пекин ёрии молиявиро ба минтақаҳое, ки аз ин беморӣ осеб диданд, бештар кард. Бонки марказии кишвар баҳраи асосии қарздиҳиро поин бурда аз бонкҳои дигар низ даъват кард ба ширкатҳо қарзҳои арзон бидиҳанд ва бозгардони қарзҳоро барои ширкатҳои осебпазир сабук кунанд.

Дар ин асно, Чин назорати зистмуҳитиро аз болои ширкатҳо сабуктар кард, то ки барои барқарор кардани истеҳсолот кумак кунад. Истеҳсолоте, ки бинобар хуруҷи короновирус халал ёфт ва ин тасмим ба ширкатҳо дар бартараф кардани мушкилоти зистмуҳитӣ ва ё экологӣ вақти бештар фароҳам мекунад.

Италия

Италия пуле, ки барои мубориза бо хуруҷи короновирус харҷ карданист, як баробар бештар карда то ба 7,5 миллард (8,4 миллиард доллар) расонд. Нишондоди касри будҷаи ин кишвар то ба 2,5 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боло бурда шуд. То кунун ин нишондод дар сатҳи 2,2 Дарсад муайян шуда буд.

Бозгардони пули қарзҳои ипотекӣ (қарз барои хариди манзил) дар кулли қаламрави Италия боздошта мешавад. Лоббигари бонкҳо дар Италия ABI изҳор дошт, қарздиҳандагон ба хоҷагиҳо ва ширкатҳои хурд, ки аз оқибатҳои иқтисодии ин вирус осеб диданд, дар пардохти қарз мараторий ҷорӣ мекунанд.

Ҷопон

Ҷопон бастаи дуввуми кумакҳои худро дар ҳаҷми 4 миллард доллар барои муоқбила бо хуруҷи беморӣ эълон кард. Таваҷҷуҳ бештар рӯи ширкатҳои хурд ва миёна аст, чун хавфи ин қисмати осебпазири иқтисод бештар мешавад.

Харухико Курода, мудиромили Бонки Ҷопон ваъда дод, ки ҳаҷми маблағҳоро дар бозор аз роҳи хариди дороиҳо бештар мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо

Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо то ҳанӯз дар масъалаи андешидани тадбирҳои сареъ ба хотири рафъи буҳрон ба мувофиқа наомадаанд. Урсула Фон Дер Ляйен, роҳбари Комиссиюни Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки Брюссел рӯи тадбирҳои пешгирӣ, аз ҷумла “бастаи тадбирҳо барои кумак ба иқтисоди Иттиҳоди Аврупо” кор карда истодааст.

Олмон

Эътилофи ҳизбҳои чапгарои Олмон розӣ шуд, сармоягузориҳои давлат 12,4 миллард евро то соли 2024 афзоиш дода шавад. Ҳамчунон эътилоф аз содатар кардани талаботи додани кумаки давлатӣ ба ширкатҳое, ки коргаронаш бинобар хавфи короновирус рӯзона камтар кор мекунанд, ҳимоят кард.

Ҳизби муҳофизакорони зери роҳбарии Ангела Меркел дар мавриди андешидани бастаи чораҳои фискалӣ ҷиҳати муқобила ба ҳама гуна таъсири короновирус ба нерумандтарин иқтисоди Аврупо ба иттифоқи назар нарасиданд.

Бритониё

Бритониё барномаи равнақи иқтисодиро рӯи даст гирифт, ки аз 30 миллиард футн стерлинг, муодили 39 миллард доллар иборат аст. Ин тадбир пас аз чанд соате эълон шуд, ки Бонки Англия меъёри бозтамвилро (рефинансирование) поин бурд, ки ҳадафаш рафъи риски рукуди иқтисод зери таъсири короновирус мебошад.

Фаронса

Ҳукумати Фаронса ба ширкатҳо иҷозат дод, ки баъзе пардохтҳои иҷтимоӣ ва андозҳоро напардозанд. Давлат усули “рӯзи кутоҳи корӣ”-ро дар ширкатҳо аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ мекунад. Ҳукумат ба бонки давлатии Bpifrance дастур дод, ки барои рафъи мушкили камбуди маблағҳои гардон, ба ширкатҳои қарзҳои кутоҳмуддатро кафолат диҳад.

Париж ҳамчунон ба ширкатҳо иҷоза дод, ки агар онҳо созишномаҳое, ки бо идораҳои давлатӣ бастаанд, иҷро крада наметавонанд, ҳолати изтирорӣ эълон кунанд. Дар ҳолати изтирорӣ ширкатҳо ҳақ доранд иҷрои уҳдадориҳои худро бидуни ҷарима ба таъхир гузоранд.

Ҳинд

Бонки захиравии Ҳинд (RBI) тасмим дорад бастаи нави пули нақдро тавассути усули РЕПО ба бозор барорад. Мақомдорон ба хабаргузории Reuters гуфтанд, ки таҳаллукаи хуруҷи короновирус сади роҳи пешрафти иқтисод мешавад.

RBI изҳор дошт, ки омода аст амал кунад, то ин ки эътимод дар бозорҳоро барқарор созад ва суботи молиявиро таъмин намояд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат бонкҳои давлатиро водор карда истодааст, ки то поёни моҳи март тарҳи қарзи 500-600 миллиард рупиро ба иқтисод таслим кунад.

Канада

Билл Морно, вазири молияи Канада рӯзи 9-уми март изҳор дошт, ки ҳукумат дар садад аст “баъзе аз иқдомҳоро ин ҳафта эълон” кунад. Канада аз аввалин кишварҳое буд, ки аз марги инсон бинобар короновирус хабар дод. Ин дар ҳолест, ки уфти башиддати нархи нафт ба Канада, ки чорумин кишвари бузурги содиркунандаи нафт ба шумор меояд, сахта зарба мезанад.

Бонки Канада меъёри қарзи якшаба ва ё овернайтро аз 1,75% то 1,25% поин бурд. Бори охир Бонки Канада мизони қарзро то ин ҳад танҳо соли 2009 ҳангоми буҳрони молиявӣ поин бурда буд.

Кореяи Ҷанубӣ

Ҳукумати ин кишвар бастаи ёронаҳо дар ҳаҷми 11,7 триллион вон муодили 9,8 миллард долларро барои равнақи иқтисодӣ ҷудо кард. Ҳадаф коҳиши таъсири бади хуруҷи короновирус аст. Баъд аз Чин - Кореяи Ҷанубӣ дуввумин кишварест, ки шоҳиди хуруҷи бесобиқаи короновирус шуд. Вомбаргҳои идораи хазинадорӣ дар ҳаҷми 10,3 триллион вон барои пур кардани будҷаи иловагӣ имсол нашр карда мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG