Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Раҳмон: 314 пайрави "Ихвон-ул-муслимин" муайян шуд


Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки шахсияти беш аз 300 пайрави гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин"-ро муайян карда, даҳҳо нафари онҳоро боздошт намудаанд.

Дар ин бораи Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми март зимни суханронӣ дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи Додситони кулл, айни ҳол шахсияти 314 тан аз афроди ин гурӯҳ муайян шуда, 154 нафари онҳо дар боздошт ҳастанд.

Боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" дар авоили моҳи январи имсол оғоз шуд. Мақомот афроди муттаҳам ба узвият дар ин гурӯҳро дар минтақаҳои гуногуни кишвар боздошт карданд. Дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо, тоҷирон, донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ мебошанд.

Нишон надодани боздоштшудаҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил, нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст. Бо гузашти наздик ба се моҳ, аз раванди тафтишот маълумоте дар даст нест ва парвандаҳо ҳанӯз ба додгоҳҳо фиристода нашудаанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст. Пайравонаш онро як созмони муътадили динӣ меҳисобанд, вале додситони кулли Тоҷикистон мегӯяж, ки "ҳадафи онҳо сарнагун кардани ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ва барқарор кардани давлати исломӣ дар ин ё он кишвар аст".

XS
SM
MD
LG