Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърихи нави қаҳрамонии футзали Осиё тасдиқ шуд


Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) санаҳои нави баргузории мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, инчунин қаҳрамонии бошгоҳии футзали қораро дар соли 2020 тасдиқ кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2020, ки мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд, ба иллати хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон ба рӯзҳои 5-16-уми август гузаронида шуд. Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2020 бошад, рӯзҳои 2-13-уми декабр дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва доир мегардад, мушарраф мешаванд.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон феълан дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ дар байни 115 кишвар бо 918 имтиёз дар ҷойгоҳи 63-юм қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 13-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1603 имтиёз дар зинаи 6-ум) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 16-ум, 1368 имтиёз) ва Узбекистон севум (дар ҷаҳон 26-ум, 1221 имтиёз) мебошанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (69-ум), Арманистон (79-ум), Литва (88-ум) ва Эстония (110-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (7-ум), Узбекистон (26-ум) ва Қирғизистон (42-юм) ҷойгир шудааст.

Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия бо 1810 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Испания бо 1801 имтиёз дар зинаи дувум ва Аргентина бо 1694 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Русия (1642 имтиёз), Португалия (1639 имтиёз), Эрон (1603 имтиёз), Қазоқистон (1558 имтиёз), Италия (1500 имтиёз), Парагвай (1479 имтиёз) ва Хорватия (1462 имтиёз) дохиланд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG