Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо қарори додгоҳ бояд аз Олмон ихроҷ мешуд, бо нишони эътироз дар фурудгоҳ чанд узви баданашро бо асбоби буранда захмӣ кардааст.
Ҳодиса 13-уми октябр дар фурудгоҳи Франкфурт рух додааст. Ин ҷавони тоҷикистонӣ, ки бо далелҳои амниятӣ номаш фош намешавад, ба узвият дар гурӯҳи террористии ДОИШ айбдор аст.
Ду манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, 13-уми октябр кормандони идораи муҳоҷират ва пулиси Олмон ин ҷавонро ба фурудгоҳи Франкфурт оварданд то ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.
"Вале баъди онки ҷавон бо нишони эътироз шикам, даст ва пояшро захмӣ кард, ӯро ба беморхона фиристоданд. Ҳомиёни ҳуқуқ талош доранд барои ӯ вакили дифоъ пайдо карда, ҷавонро ба кишвари сеюм фиристанд", - афзуд як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.
Рӯзи 9-уми октябр додгоҳи олии замини Рейн-Вестфалияи Шимолӣ пас аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ, қарор кард, ки айбдоршавандаи узвият дар гурӯҳи террористии ДОИШ ба Тоҷикистон ихроҷ карда шавад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки исмаш зикр нашудааст, ба гуфтаи мақомоти Олмон, соли 2015 ба сафи ДОИШ пайваста, дар Сурия ва Ироқ дар амалиёти ҷангӣ ширкат кардааст. Маълум нест, ки ӯ чӣ тавр аз ин кишварҳо то Олмон расидааст, вале ӯ соли 2017 бо қарори додгоҳи Дюсселдорф бо ҷурми “узвият дар созмони байналмилалии террористӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст.
Ӯ пас аз хатми адои ҷазо аз додгоҳ хоста будааст, ки ӯро ба ватанаш нафиристанд, чун "бераҳмона шиканҷа хоҳад шуд", вале додгоҳи Олмон гуфтааст, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таври шифоҳӣ кафолат додааст, ки ӯро шиканҷа нахоҳанд кард.
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар эътироз ба қарори ихроҷашон аз Олмон худро захмӣ мекунанд. Моҳи ноябри соли 2024 Дилмурод Эргашев, узви собиқи созмони дар Тоҷикистон мамнӯъи "Гуруҳи 24" пеш аз ихроҷ аз Олмон рагҳои даст ва пойи худро бурид. Вале ин кор монеи ихроҷи Эргашев аз Олмон нашуд ва ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд. Додгоҳи ноҳияи Сино моҳи феврали имсол Эргашеви 40-соларо ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Кишварҳои Аврупо дар солҳои ахир чандин паноҳҷӯи тоҷикро ихроҷ карданд, ки баъдан дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аз ҷумла Фаррух Икромов моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон ихроҷ шуд ва дар Тоҷикистон ба 23 сол зиндон маҳкум шуд. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Ӯро ба 20 сол зиндон маҳкум карданд. Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯи дигари тоҷик ҳам аввали соли 2024 баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.