Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 ифтитоҳи эстакадаи Душанберо ба таъхир андохт. ВИДЕО


Маҳалли сохтмони гузаргоҳи сетабақа дар Душанбе

Хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 дар Чин ва кишварҳои минтақа, иҷрои тарҳи бозсозии қитъаи роҳи мошингард аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанберо ба таъхир андохт. Қарор буд, эстакадаи сетабақа дар маҳалли бемористони Қарияи Боло дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз ба истифода дода шавад. Ҳоло интизор меравад, ин амр то як моҳ дертар сурат бигирад.

Дар маҳалли маъруф ба Қарияи Боло гузаргоҳ ё эстакадаи сетабақа тақрибан барои истифода омода шудааст.

Бархе аз сокинон ва мошинҳо аз табақаи дувуми ин эстакада барои гузаштан истифода мекунанд, аммо, дар табақаи севум коргарон дар миёни роҳ аз партовҳои сохтмонӣ садд бунёд карда, ба рафтуои мошинҳо монеъ шудаанд.

Дар маҳалли сохтмони ин иншоот коргарон ба аломатгузорӣ дар роҳ ва гулкории қитъаҳои замин машғул буданд. Дар миёни чанд коргар дар ин ҷо танҳо як нафар мутахассиси чиниро вохӯрдем, вале ӯ нахост сӯҳбат кунад.

Барои гирифтани иттилоъ дар бораи вазъи сохтмони ин гузаргоҳи сетабақа, ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рафтем. Аброр Музаффаров, роҳбари иҷрои тарҳи сохтмони қитъаи роҳи "Муҷассамаи Абӯалӣ Сино-дарвозаи ғарбии Душанбе", рӯзи 8-уми апрел гуфт, хуруҷи бемории COVID-19 сабаби ба таъхир афтодани маросими ифтитоҳи ин қитъаи роҳи мошингард шудааст.

Вай гуфт, моҳи январи имсол бештаре аз мутахассисони чинӣ барои ҷашни соли нав озими ватанашон шуданд, аммо ин беморӣ хуруҷ кард ва онҳо натавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд.

"Гузашта аз ин, бархе аз маҳсулот барои иҷрои ин тарҳ бояд аз Чин оварда мешуд, аммо ба сабаби қатъи воридот мо аз маҳсулоти худӣ истифода кардем", - гуфт вай.

Чаро ифтитоҳи эстакадаи хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт таъхир ёфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Аброр Музаффаров афзуд, сабаби дигари ба таъхир уфтодани анҷоми умури сохтмонӣ дар ин тарҳ, ба мумфаршкунии қабати ниҳоии ин роҳ вобаста аст. Зеро, ба гуфтаи вай, қабати севуми ин роҳ бо намуди махсуси мум пӯшонида мешавад, ки онро танҳо дар ҳавои хушк ва гарм имкон дорад, болои ҷода хобонид.

Дар чаҳорчӯби бозсозии ин қитъаи роҳ сохтмони ду пули мошингузар дар маҳаллаи бемористони мавсум ба "Гастроэнтрология" ва "Таваллудхонаи рақами 3" дар назар аст. Феълан корҳои сохтмонӣ дар ин ду иншоот низ анҷом шудааст.

Сармоягузории тарҳи бозсозии қитъаи роҳи мошингард аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии Душанберо Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ба уҳда дорад. Бонк барои ин кор ҳудуди 40 миллион доллари амрикоӣ қарз ва кумаки фаннӣ кардааст.

Эстакадаи нахустин дар буриши хиёбони ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ду сол қабл мавриди истифода карор дода шуд. Вале ҳаракати нақлиёт тавассути ин эстакадаи сетабақа танҳо дар як самт имкон дорад. Дар зарфи се соли ахир, ки сохтмони ин ду эстакада идома дорад, даҳҳо ҳазор сокинони чанд маҳаллаи пойтахти Тоҷикистон дар бунбасти иртиботӣ қарор доранд.

Зимистони соли ҷорӣ, Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе дар нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки то ҷашни Наврӯзи имсол ин масир ба пуррагӣ барои ҳаракати нақлиёт боз мешавад. Аммо, 8-уми апрел вай дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки COVID-19 сабаби таъхир шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, бозсозии қитъаи роҳи мошингарди "Муҷассамаи Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбӣ" дар чаҳорчӯби барномаи "Генплан" ё Бозсозии кулли шаҳри Душанбе ва ба хотири ҷилавгирӣ аз танбашавии мошинҳо дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахти Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шудааст. Ин роҳ ғарби Душанберо мустақим бо маркази шаҳр, яъне, бинои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мепайвандад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG