Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи сел ба деҳаи "Иттифоқ"-и Ҳисор. "Мақомот ҳушдорҳоро нодида гирифтанд". ВИДЕО


Зарбаи сел ба деҳаи Иттифоқи ноҳияи Ҳисор.

Селоби рӯзи сешанбе дар деҳаи Иттифоқ, дар наздикии Қалъаи Ҳисор ба сокинони ин русто хисороти ҷиддӣ расонидааст. Мақомот ва сокинон мегӯянд, ки сели бузург ба ин деҳа дар пайи нодида гирифтани ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи омода сохтани ҷӯйбурҳо барои пешгирӣ аз селобҳо рух додааст. Ҳамакнун, мақомот барои ислоҳи вазъ чорае намеандешад ва сокинони маҳаллӣ ночор маблағҳои худро барои бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ сарф мекунанд.

Селоби хисоротовар ба деҳаи Иттифоқи шаҳри Ҳисор баъд аз зуҳри сешанбе гузашта аз теппаҳои атрофи ин русто ҷорӣ шуда, дар як фурсати кӯтоҳ беш аз даҳ ҳавлии сокинонро пур аз лой ва санглох кардааст. Ба гуфтаи сокинони деҳа, ҳеҷ яке аз сохторҳои дахлдор ба кӯмаки онҳо наомадаанд ва лаҳзаҳои хатарнок худи сокинон дар маҷрои селоб садде бунёд карда, самти обро тағйир додаанд. Сокинон мегуянд, агар ин селоб шабона ба деҳа ҷорӣ мешуд, хисороташ ба маротиб бештар мешуд.

Бобомурод Кенҷаев, сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Ҳисор бо тааассуф мегӯяд, ки тамоми ҳосили замини наздиҳавлигиашро селоб ба нобудӣ бурдааст. Вай афзуд, "бубинед, тамоми ниҳолҳои зироатҳо зери оби лой мондааст. Таҳхона пур аз лой ва санг аст. Бо кӯмаки ҳамсояҳо роҳи обро кушодем ва селоб ба самти дигар рафт",-афзуд вай.

Ин дар ҳолест, ки боронҳову селобҳои рӯзҳои ахир сокинони бархе аз минтақаҳои Тоҷикистонро нигарон ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фақуллодаро дар ҳолати омодабоши шабонарӯзӣ қарор додааст.

Умеда Юсуфӣ, масъули раёсати робита бо ҷомеаи ин кумита дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки боришоти шадид ва селобҳо пешгӯишаванда буданд. Аз ин рӯ, кумита чанд рӯз қабл мақомоти маҳаллиро барои омода буданд ба ин офатҳои табиӣ ҳушдор дод. Аммо, ба эътиқоди ин намояндаи наҷотдиҳандагони тоҷик, бархе аз роҳбарони ноҳияҳо ин ҳушдорро нодида гирифтаанд.

Вай афзуд, "ҳоло кормандони кумитаи мо ба ҳолати омодабоши шабонарӯзӣ гузаштаанд. Онҳо дар шоҳроҳҳои байналмилалии Тоҷикистон якҷо бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва нақлиёт ситодҳои муштарак ташкил карда, омода ҳастанд ба кӯмаки сокинон бирасанд. Ҳамзамон, кормандони мо ҳоло низ машғули таҳким бахшидани соҳилҳои рӯдхонаҳо мебошанд".

Аммо, ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, дар бештаре аз ноҳияҳои Тоҷикистон ба ин дархост таваҷҷуҳ шуда, то ҳол сохторҳои марбута машғули соҳилмустаҳкамкунӣ мебошанд.

Зарбаи сел ба деҳаи Иттифоқи ноҳияи Ҳисор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Ба хотири ошноӣ бо раванди иҷрои ин дархости наҷотддиҳандагони тоҷик мо озими дараи Ромит дар шарқи шаҳри Душанбе шудем. Дар канори роҳи мошингарди Ваҳдат-Ромит бо Салим Саидов, сокини 59-солаи деҳаи Чӯянгарон вохӯрдем.

Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин боришоти зиёд дар фасли баҳорро тӯли солҳои гузашта дар хотир надорад. Ба гуфтаи вай, рӯдхонаҳо аз соҳилҳо берун баромада, манзил ва заминҳои кишоварзиашонро пур кардааст.

Вай афзуд, "нахуст барфи баҳорӣ тамоми боғоти моро аз ҳосил маҳрум кард. Ҳоло боронҳои пайдарпай сабаби селобҳо шуда, манзилу заминҳоямонро пур кардааст. Обанборҳое, ки мақомот дар назди пойгоҳҳои истироҳати хонандаҳои мактабҳо сохта буданд, аз фишори селобҳо рахна шуданд. Имсол аз фоидаи кишоварзӣ дил шустаем".

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар се моҳи аввли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 114 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст. Дар пайи 6 ҳодисаи табиӣ 3 нафар - ду нафар аз тармафароӣ ва як нафар дар селоб ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин ин офатҳои табиӣ ба сокинон 1,5 миллион хисорот расонидааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG