Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шахси дувуми Тоҷикистон шуд


Рустами Эмомалӣ дар курсии раиси Маҷлиси Миллӣ
Рустами Эмомалӣ дар курсии раиси Маҷлиси Миллӣ

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумон интихоб шуд. Интихоби ӯ рӯзи 17-уми апрел бо овоздиҳии пинҳонӣ аз сӯи аъзои Маҷлиси Миллӣ сурат гирифт.

Ба ин тартиб, Рустами Эмомалӣ расман шахси дувуми Тоҷикистон шуд. Тибқи қонунгузорӣ, дар сурати беморӣ, аз қудрат рафтан ё фавти раиси ҷумҳур, салоҳиятҳои ӯ ба ӯҳдаи раиси Маҷлиси Миллӣ мегузарад.

Палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аз соли 2000-ум боз фаъол аст ва он замон то кунун раёсати онро Маҳмадсаид Убайдуллоев ба уҳда дошт.

Рустами Эмомалӣ аз моҳи апрели соли 2017 вакили маҷлиси Душанбест. Вай дар моҳи январи соли 2017 ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Аз як мансаб ба мансаби баландтар таъйин шудани Рустами Эмомалӣ интиқодҳоеро ба бор овардааст, ки то куҷо ин таъйинот шоистасолорона аст.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбарии Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 ба ҷойи генерал Сӯҳроб Қосимов раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд ва то ба ҳол дар ин мақом кор мекунад.

Озода Раҳмон, фарзанди дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва дар гузашта узви Маҷлиси Миллӣ буд.

Домодаш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" мебошанд.

Зарина Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси “Ориёнбонк” ​ва духтари дигараш Рухшона Раҳмонова муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст.

Шамсулло Соҳибов, домоди дигари раиси ҷумҳур, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Дар феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андоз номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шудааст.

Бег Сабур, қудои президент, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон ба суоли он ки дар як сохтор кор кардани пайвандони наздик оё қонуншиканӣ нест, посух додааст, ки дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф ҷилави қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Мухолифон ва созмону кишварҳои ғарбӣ ӯро барои саркӯби дигарандешон ва маҳдудиятҳои озодии баёну эътиқод танқид мекунанд. Ҷонибдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, сохтмони роҳҳо ва нирӯгоҳҳоро аз комёбиҳои раиси ҷумҳур медонанд.

XS
SM
MD
LG