Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар канори Тошканд барои 10 ҳазор бемор шифохона месозанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар наздикии шаҳри Тошканди Узбекистон беморхонаи нави бемориҳои гузаранда ё уфунатӣ барои қабул то 10 ҳазор бемор дар давраи вируси ҳамагири корона сохта мешавад.

Ширкати Enter Engineering, ки ба сохтмони бемористон машғул аст, рӯзи 22-юми апрел хабар дод, ин муассисаи тиббӣ дар ноҳияи Зангиотаи Тошканд аввали моҳи май кушода мешавад.

"Муассиса ҳам барои табобати мубталоёни вируси корона пешбинӣ шудааст ва ҳам барои карантини сокиноне, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд",-гуфт мудири кулли Enter Engineering Шоҳрух Сатторов.

Охири моҳи март мақомоти Узбекистон аз оғози сохтмони бемористонҳо аз рӯи таҷрибаи Чин хабар доданд.

То 23-юми апрел дар Узбекистон 1716 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 7 ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG