Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзеҳо аз "рухсатии бемузд" шикоят доранд, мақомот мегӯянд, мумкин нест


Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе
Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе

Хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ рӯзҳои ахир шикоят доранд, ки дар шароити коронавирус гӯё бархе аз кормандони идораҳои буҷавиро дар Тоҷикистон ба рухсатии маҷбурӣ ё бемузд фиристодаанд. Онҳо аз мо хостанд, то куҷо қонунуӣ масъаларо аз мақомот пурсем.

Мақомоти Тоҷикистон феълан ба рухсатии бемузд фиристода шудани кормандони идораҳои давлатиро рад мекунанд. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, агар чунин коре сурат гирифта бошад, ғайриқонунӣ аст.

Раҷабалӣ Раҷабов, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати меҳнати Тоҷикистон, гуфт, бо дарназардошти густариши COVID-19 ва дар ин замина пайдо шудани мушкил миёни корфармо ва кормандон тавсияҳоеро ба муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ омода кардаанд.

Ӯ рӯзи 21-уми май гуфт: "Ҳоло роҳбарони баъзе аз корхонаҳо ва ширкатҳо мепурсанд, дар ҳолати ошкор шудани беморӣ дар миёни кормандон ҳаққи ба рухсатии бемузд фиристодани онҳоро доранд, ё не? Тибқи муқаррароти моддаи 117-и Кодекси меҳнат ба рухсатии бемузд фиристодани кормандон танҳо бо розигии кормандон имконпазир аст. Дар акси ҳол, ба рухсатии бемузд фиристодани корманд ғайриқонунӣ мебошад."

Ин дар ҳолест, ки корбарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 зиндагӣ бидуни маош ва ҷойи кор душвор аст.

Раҷабалӣ Раҷабов мегӯяд, корфармо дар ҳолатҳои муфлисшавӣ ҳақ дорад, корманди худро аз кор биронад, аммо дар ин сурат низ вазифадор аст маоши семоҳаро пардохт намояд.

Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, феълан аз 863 ҳазор сокини қобили кор дар пойтахти кишвар беш аз 512 ҳазор нафар хонанишин шудаанд. Зеро дар раванди таҳсил дар мактабҳову донишгоҳҳо ва фурӯшгоҳу кошонаҳои ҳусн таътил эълон шудааст.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, гуфт, Конститутсия таъмини кор ва гирифтани маошро ба шаҳрвандон кафолат додааст ва ба ин далел Тоҷикистонро кишвари иҷтимоӣ меноманд.

"Иҷборӣ ба рухсатии бе музд фиристодани кормандон ғайриқонунӣ аст. Дар чунин ҳолат кормандон бояд ба додгоҳ ё Додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат кунанд. Зеро дар ин ҳолатҳо ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон вайрон мешавад. Ҳамчунин бо баҳонаи мубориза бо коронавирус надодани қисме аз маблағи маоши кормандон ғайриқонунӣ мебошад. Ин ҳама амр бо розигии корфармо ва корманд имконпазир буда метавонад", - шарҳ дод ӯ.

Ҳамасола ҳудуди як миллион аз сокинони кишвар дар ҷустуҷӯйи ҷойи кору маоши муносиб рӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Онҳое, ки дар дохил ҷойи кор пайдо мекунанд, пайваста аз нақзи ҳуқуқҳояшон аз сӯйи корфармоён ва маоши ночиз шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG