Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муолиҷаи беморон бо воситаи телефон. "Дар як рӯз то 4000 занг дарёфт мекардем". ВИДЕО


Муолиҷаи беморон бо воситаи телефони боварӣ

Дар ҳоле, ки пизишкони зиёде дар Тоҷикистон дар "нуқтаҳои гарм" барои муолиҷа ва наҷоти ҷони гирифторони COVID-19 мубориза мебаранд, як гурӯҳи дигари табибон баром ором кардан ва додани машварати тиббӣ ба сокинон, тариқи телефон, сафарбар шудаанд. Ин гуруҳ ба зангҳои телефонӣ ба рақамҳои маъруфи 511 ва 311 посух мегӯянд.

Шабнам Муродова, дар як рӯз тақрибан ба занги 200 нафар посух мегӯяд ва ба сокинон машварати тиббӣ медиҳад. Ба ӯ ва ҳамаи ҳамкоронаш дар ин марказ онҳое занг мезананд, ки дар худ аломатҳои COVID -19 ро эҳсос кардаанд ва ё дар робита ба ин беморӣ маълумот гирифтан мехоҳанд.

Рақами 311 ва 511 – ро ҳоло дар кишвар қариб ҳама аз ёд медонад ва ин рақамҳо шабонарӯз фаъол мебошанд.

Шабнам Муродова, корманди маркази машваратӣ ва табобатии 511 мегӯяд, "cаволҳои оддитарин ин аст, ки ҳангоми ҳарорати баланд чӣ кор кардан даркор, ҳангоми сулфа чӣ кор кардан даркор. Ҳангоми тамос доштан бо одами беморӣ чӣ гуна пешгирӣ кардан даркор."

Телефони боварӣ ё маркази машваратии тиббӣ-равонӣ дар оғози моҳи май, пас аз расман эълон шудани мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон фаъол шуд. Ҳоло дар ин марказ мисли Шабнам беш аз 50 пизишки самту соҳаи мухталиф, аз ҷумла духтурони дил ва ҳам осебшиносон ҷалб шудаанд. Онҳо дар 3 баст кор мекунанд ва ҳар яке тӯли 8 соат ба занги беморону сокинон дар бораи COVID-19 ҷавоб медиҳанд.

Масъулини маркази телефони боварии 311 мегӯянд, дар оғоз аксари сокинони кишвар дар ҳолати ваҳму тарс қарор доштанд ва афроди бемору солим дар як рӯз то 4 ҳазор нафар тамос мегирифтанд. Ҳоло ба гуфтаи Шабнам Муродова зангҳо камтар шудаанд.

"Мардум акнун фаҳмиданд, ки ин беморӣ метавонад сабук ҳам гузарад ва хеле ором шуданду зангҳо ҳам кам шуд. Дар маҷмӯъ дар як шабонарӯз то 2000-2500 занг мерасад. Ҳолатҳое буд, ки шаҳрвандон дар ҳолати тарсу ҳарос ба мо занг мезаданд, ягон аломати бемориро надоштанд, аммо аз тарс занг зада мепурсиданд ва пас аз машварати мо ором мешуданд,"-афзуд Муродова.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Муолиҷаи беморон ба воситаи телефони боварӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Ҳадафи аслии кори марказ додани машварату маълумот дар бораи бемории COVID-19 буд, аммо ҳоло пизишконе, ки ба телефони боварӣ ҷавоб медиҳанд, тариқи телефон сокинонро муолиҷа ҳам мекунанд ва дору таъин месозанд.

"Шаҳрвандон метавонанд тавассути мессенҷерҳои вотсап, имо ва вайбер акси ташхисҳои рентгенӣ ва компютерии худро фиристанд ва мо машварату табобат нависем" мегӯяд, Шабнам Муродова.

Дар Тоҷикистон, ки ҳоло ба гуфтаи мақомот шумори гирифторони COVID 19 ба ҳудуди 3 ҳазор нафар мерасад, ду маркази машваратӣ ё телефонҳои махсусӣ боварӣ фаъол аст. Дар баробари рақами 311 ҳоло ба телефони боварии 511 ҳам занги зиёд ворид мешудааст.

Дар ин марказ, ки 24 соат фаъол аст, ду нафар ба зангҳо посух мегӯяд. Толиб Ҷунайдзода, корманди ин маркази машваратӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба сокиноне, ки аз минтақаҳо занг мезананд, рақамҳои боварии бахшҳои беҳдоштиро медиҳанд.

Сокинон мегӯянд, дар шароите, ки хатари сироятёбӣ ба коронавирус зиёд аст ва тавсия мешавад, ки ҳама дар хона бимонанд, фаъол будани чунин рақам ва марказҳо зарур аст, то онҳо тавонанд тариқи телефон ба суолҳои худ посух ё машварат бигиранд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки кори ин марказро дар шароити феълӣ барои кӯмак ба беморон на чандон муассир мехонанд.

Аммо Наргис Қосимова, хабарнигори тоҷик дар ин маврид як пешниҳоди дигар дорад. Қосимова мегӯяд, кори чунин марказҳо набояд танҳо ба суолу ҷавоб дар бораи COVID-19 маҳдуд шавад.

"Масалан вақте кӯдак бемор мешавад ё духтури дандон даркор мешавад, ягон рақаме бошад, ки мо тавонем ба мутахассисон занг занем, то кӯмаки фаврӣ расонанд. Ҳатто агар корашон пулакӣ ҳам ба роҳ монда шавад, хуб аст",-мегӯяд Наргис Қосимова.

Фаъолияти марказҳои машварати тиббӣ ё рақамҳои боварӣ барои 3 моҳ пешбинӣ шудаанд. Идомаи кори онҳо ба гуфтаи мақомот, аз вазъият ва кам ё зиёд шудани беморӣ дар кишвар вобаста хоҳад буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG