Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 бозорҳоро баст, фурӯшандаҳо ба тиҷорати онлайн рӯ оварданд. ВИДЕО


Бархе аз соҳибкорони тоҷик дар аҳди коронавирус ва баста будани бозорҳои фурӯши либос тиҷорати худро ба воситаи Интернет ба роҳ мондаанд. Мақомот мегӯянд, дастикам то 15-уми июн дари бозорҳоро дар Душанбе ва минтақаҳои дигар намекушоянд.

Бонки "Алиф" низ эълон кард, ки дар шароити бӯҳронӣ барои қарздоронаш "таътили фоизӣ" ҷорӣ кардааст. Аммо суръати сусти Интернет дар кишвар монеи рушди ин хизматрасониҳо шудааст.

Дар рӯзҳои баъд аз эълони вуҷуди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ва баста шудани бозорҳои либосфурӯшӣ дар кишвар, дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пешниҳоди фурӯши либос, маводи мухталиф ва ғизо ба таври бесобиқа афзоиш ёфт.

Дар сӯҳбатҳои телефонӣ муаллифони чунин пешниҳодҳо мегӯянд, либоси заруриро аз мағозаҳояшон дар "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе дастрас мекунанд. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ озими бозори "Корвон" шудем, ки тақрибан тӯли як моҳ баста аст. Дар назди даромадгоҳҳои бозор бо чанде аз тоҷирон вохӯрдем, ки дар даст бастаҳои молашонро доштанд.

Давлатбӣ Мирзоева, яке аз ин тоҷирон бо чанд борхалта дар даст интизори таксӣ меистод. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо шавҳару духтараш дар ин бозор соҳиби се дӯкон мебошанд.

"Зиндагӣ ҳоло душвор шудааст. Бозор баста ва мо савдо намекунем. Аз захираҳое, ки дорем, барои муштариёне, ки бароямон телефонӣ фармоиш медиҳанд, моли заруриро дастрас мекунем. Пули ин барои фоида нест, маблағи ба дастовардаро барои пешбурди зиндагӣ сарф мекунем", - мегӯяд ӯ.

Дар бозори "Корвон"-и Душанбе тоҷирон иҷозат доранд, гоҳ-гоҳе дар ҳузури посбонҳо аз дӯкони худ моли даркориашонро бигиранд. Тоҷирон аз манотиқи дигари кишвар низ аз бахши умдафурушии ин бозор ба ҳамин тартиб молу коло фармоиш медиҳанд.

Нодир Маҳсуддинов, тоҷир аз ноҳияи Фархор мегӯяд, ки маъмулан ҳафтае як маротиба аз муштариёнаш фармоиш ҷамъоварӣ карда, моли мавриди назарашонро дар "Корвон" харидорӣ мекунад.

Мавзуна Сайфуллоева, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе бо фарзандонаш ба далели паҳншавии бемории COVID-19 тӯли чанд ҳафта дар манзилаш гӯшанишин аст. Бо фарорасии фасли тобистон вай аз тариқи шабакаи интернет барои фарзандонаш либос харидорӣ мекунад.

Мегӯяд, маҷбур ҳаст либоси кӯдакона харид кунад, зеро фарзандонаш ҳоло либоси тобистона надоранд. Ба гуфтаи ин сокини Душанбе, онҳо фармоиш медиҳанд ва молфурӯшон либос оварда ва пулашонро мегиранд.

Аммо ба фарқ аз тоҷирони бозорҳо, ширкатҳо тиҷорати онлайниро тақвият додаанд ва шумораи чунин муассисаҳо дар ҳоли афзоиш аст. "Алиф бонк" хадамоти тиҷорати онлайнӣ дорад ва молу маҳсулоти садҳо мағозаҳои кишварро ба муштариён пешниҳод мекунад. Баҳодур Восиев, роҳбари хадамоти логистика дар "Алиф бонк" мегӯяд, ки муштариён маводи мавриди назари худро интихоб мекунанд ва кормандон онро бо мошин то ба манзил мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳафтаҳои ахир фаъолон аз мақомот ба далели паҳншавии бемории COVID-19 ба гунаи кишварҳои дигар ҷорӣ кардани таътили фоизи қарзҳои бонкиро тақозо мекунанд. Дар ҳоле, ки мақомот дар ин замина иқдомеро рӯйи даст нагирифтааст, Баҳодур Восиев мегӯяд "Алиф бонк" чунин имтиёзро роҳандозӣ кард.

"Мо дарк мекунем, ки дар шароити паҳншавии ин беморӣ барои мизоҷони мо пардохти фоизҳои бонкӣ душвор аст. Ба ин хотир, феълан барои се моҳ қарзгирандаҳоро аз пардохти фоизҳо озод кардем ва дар сурати зарурӣ ин муқаррарот тамдид карда мешавад. Гузашта аз ин, мо талош дорем ҳамаи хадамоти бонкӣ барои муштариён фосилавӣ роҳандозӣ шавад, то мизоҷон аз зарурати ташриф ба бонк озод бошанд".

Соҳибназарон мегӯянд, паҳншавии бемории COVID 19 дар баробари таъсири манфӣ ҳамчунин паҳлӯи мусбати худро дар зиндагии сокинони Тоҷикистон ба намоиш гузошт. Зеро, агар дар гузашта Тоҷикистон аз лиҳози хадамотҳои онлайнӣ бебаҳра буд, ҳоло ба тадриҷ ин амр дар зиндагии сокинони кишвар ҷойгоҳи бештар касб мекунад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки вале манфиатҳои бархе аз гурӯҳҳои ҳоким монеи рушди чунин бахши иқтисод мешавад ва сокинон наметавонанд ба пуррагӣ аз хадамоти онлайнии таҳсил ва фурӯши маҳсулот истифода кунанд.

“Мақомот дарк мекунанд, ки рушди ин соҳа муҳим аст, зеро ояндаи тиҷорати ҷаҳонӣ ба фурӯшҳои онлайнӣ вобаста аст. Аммо, қудрате пайдо намешавад, ки зидди Бег Сабур, аз хешовандони раиси ҷумҳур иқдом карда, ӯро барои таъмини суръати баланди интернет водор созад. Зеро, !анҳо суръати сусти интернет монеи рушди ин бахши зиндагӣ шудааст".

Ин дар ҳолест, ки паҳншавии бемории COVID 19 аллакай ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида, ба коҳиши даромади будҷаи кишвар сабаб шудааст. Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ ба будҷаи кишвар тақрибан 10 дарсад камтар маблағ ворид шудааст. Яъне, соҳибкорон ва корхонаҳои давлатӣ дар ин муддат натавонистаанд ба будҷа 600 миллион сомонӣ ё 58 миллион доллари амрикоӣ камтар андоз супоранд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, миқдори камтари маблағи андоз аз арзиши изофашуда, андоз аз даромад ва андоз аз фоида пардохт шудааст. Ба ин далел, вазорат тасмим гирифтааст хароҷоти будҷа барои харидории таҷҳизоти мухталиф, сӯзишворӣ ва таъмири куллро коҳиш диҳад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG