Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони бархе мактабҳои Кӯлоб 2 моҳ боз маош нагирифтаанд. ВИДЕО


Дар интизори дарёфти маош. Гурӯҳе аз муаллимон дар минтақаи Кӯлоб.
Дар интизори дарёфти маош. Гурӯҳе аз муаллимон дар минтақаи Кӯлоб.

Омӯзгори мактабҳо бархе деҳоти шаҳри Кӯлоб рӯйхати қарзҳояш дар даст, маоши думоҳаи нашудаашонро интизор ҳастанд. Омӯзгорон мегӯяд, ки дар ин ду моҳи бемаошӣ маҷбур шуданд, ки барои пиёз, картошка ва дигар лавозимоти рӯзгор аз шинояҳош қарз гирад, то рӯзгорашонро пеш баранд. Мақомот сабаби ба таъхир мондани маоши муаллимони мактабҳоро дар саривақт иҷро нашудани андоз рабт медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳимов, омӯзгори макатаби рақами 39-и шаҳри Кӯлоб аввалҳои ин ҳафта дар суҳбат ба Радиои Озодӣ қоғази қарзҳояшро нишон дод, ки аз баъзе шинояҳояш қарз гирифта, рӯзгорашро гузаронидааст. Раҳимов мегӯяд, ки агар маош саривақт пардохт мешуд, дар ин шабу рӯзи пандемия кӯмак барои онҳо мешуд. Ӯ мегӯяд, ин ҳолат ӯро маҷбур кард, чанд сар гӯсфанди дар хона доштааро фурӯшад.

"Моҳи сеюм сар шуд, аммо мо маоши худро нагирифтем ва дар ин шабу рӯз зиндагии моро хело вазнин кардааст. Чӣ сабаб бошад, ки дар дигар ноҳияҳо ва ҳатто мактабҳои шаҳр маош дода мешавад, вале ба омӯзгоронӣ деҳот маош дода намешавад? Ҳатто рафта ба молия ва маориф муроҷиат кардем, то маоши моро диҳанд, ваъда мекунанд, вале то ҳол надоданд",-гуфт мусоиҳиби мо.

Эмомалӣ Раҳимов мегӯяд, ки хонавода ва наздиконаш монанд ба бемории каранавирус гирифтор шуда, чаҳор нафар аз наздиконаш фавтиданд ва дар ин шабу рӯз маҷбур шуд, ки зиндагияшро пеш барад.

Ҳамкорони Эмомалӣ ҳам мегӯянд бархе аз онҳо аз бонк қарздор ва бархе дигар ба ҳамон панҷсад ва ё шашсад сомонӣ эҳтиёҷ доранд, аммо ҳамонро ҳам гирифта наметавонанд.

Шарифа Одинаева, омӯзгори дигари мактаби рақами 39 дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте ба мақомот дар мавриди гирифтани маош муроҷиат карданд, посух гирифтанд, ки як сабаби саривақт нагирифтани маош, дар деҳот ба сар будани онҳост. Одинаева мегӯяд, мардуми деҳот низ зиндагӣ дорад ва он чизҳое, ки дар заминҳояшон кишт карда буданд, кайҳо вақташ гузаштаву тамом шудааст. Ӯ мегӯяд, ки омӯзгорони деҳот аз шаҳр чӣ тафовут доранд, ки маоши онҳо дер пардохт мешавад.

Муаллимони як мактаби Кӯлоб се моҳ боз маош нагирифтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

"Вақте муроҷиат кардем, дар посух гуфтанд, ки дар қишлоқ ёфта мехӯранд. Охир мо ҳам мисли шаҳр ҳамон помидору бодирингро харида мехурем ва ба пул эҳтиёҷ дорем. Боз дар хона кӯдакӣ бемор дорам. Ҳозир ҳамин дӯконҳо дигар қарз намедиҳад",-шиква кард ин омӯзгор.

Аммо бархе омӯзгорони дигар мегӯяд, ки бемории КОВИД-19 барои мақомот як баҳоне шудааст. Ба гуфтаи омӯзгорон, дар гузашта як моҳ ба таъхир маош мегирифтанд, баъди ин беморӣ аллакай то се моҳ тӯл мекашад.

Мирзоалӣ Саидов, омӯзгори дигар мегӯд, ки дар мактаби онҳо зиёда аз 70 нафар кор мекунад ва ҳама дастнигарӣ ҳамон маошанд. Ба гуфтаи Саидов, куҷое муроҷиат карданд, касе ба дардашон малҳам нашуд."Ба куҷое муроҷиат кардем, мегӯянд, аввал шаҳр, баъд деҳот, диламон монд аз ҳамин корамон, охир бе пул зиндагӣ карда намешавад",--гуфт ӯ.

Дар Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб ҳам тасдиқ карданд, ки се чаҳор мактаби деҳоти шаҳр маош нагирифтаанд ва рӯзҳои наздик дастмуздҳои онҳо пардохт хоҳад шуд.

Одина Раҳмон, сардори Раёсати молияи шаҳр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки авоили ин ҳафта маоши омӯзгорони мактабҳои ҷамоати Зарбдорро пардохт карданд. Ба гуфтаи Одина Раҳмон, як сабаби ба таъхир андохтани маош, дар иҷро нашудани андози шаҳр аст. Ӯ мегӯяд, се-чаҳор мактаби дигар мондааст ва рӯзҳои наздик маоши онҳо низ пардохт хоҳад шуд.

Зимнан, ин бори аввал нест, ки омӯзгорон дар шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз нагирифтани маош шикоят мекунанд. Мақомот дар аксари ҳолатҳо ба иҷроииш андоз, маошҳоро пардохт мекунанд.

XS
SM
MD
LG