Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Решаҳои рӯйдодҳои Рӯшон. Худхоҳии маҳаллӣ, вокуниш ба зӯроварӣ ё мушкилоти иҷтимоӣ?


Ноҳияи Рӯшон, 16-уми июни 2020
Ноҳияи Рӯшон, 16-уми июни 2020

Эътирози навбатӣ дар ноҳияи Рӯшон, бино бар маълумоти расида, бо ҷаримаи гумонбарон барои халалрасонӣ ба амалиёти маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба анҷом расидааст. Радиои Озодӣ бо мақомот ва мардум дар бораи сабабҳо ва натиҷаҳои воқеаҳои ахир суҳбат кард.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов рӯзи 19-уми июн дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи эътирози сокинони Рӯшон ҳал шуд ва норозиён чанд роҳи қонунии ҳалли масъаларо пешниҳод кардаанд. "Аз ҷумла, ҷарима пешниҳод шуд", - гуфт Файзов.

Ба қавли ӯ, ҳамчунин таъкид шудааст, агар аз сӯйи нерӯҳои қудратӣ дағалӣ сурат гирифтааст, ҷабрдидаҳо метавонанд ба додситонӣ муроҷиат кунанд.

Далер, сокини ноҳияи Рӯшон, рӯзи 18-уми июн гуфт, ки баъди мулоқот бо Ёдгор Файзов тасмим гирифта шуд, ҷавонони гумонбарро 190 сомонӣ ҷарима мекунанд ва масъала бо ҳамин пӯшида мешавад. "Ҳамчунин, тавофуқ ҳосил шуд, воситаҳои нақлиёти хизматие, ки ҳангоми озод кардани Ёдгор Ғуломҳайдаров осеб дидаанд, бояд аз сӯйи эътирозгарон таъмиру барқарор карда шаванд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Сабабҳои эътироз

Радиои Озодӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшон дар мавриди он ки эътирозгарон аз чӣ касоне иборатанд ва ангезаи асосии эътирози онҳо чист, суҳбат кард.

Солеҳ, бошандаи деҳаи Баррӯшон, мегӯяд, норозигии асосии сокинон аз нодорӣ, бекорӣ аст ва дар ин замина аз фишорҳо аз сӯйи сохторҳо қудратӣ. "Ноҳияи мо дар ин ҳама солҳо дар ҷойи охир аст, ҳеч ҷойи коре эҷод нашудааст. Танҳо биноҳои бузурги маъмурӣ сохта мешаванд, ки ба ноҳия ҳеч фоида нест. Мардум аз ин ҳама хаста шуд, мардуми мо эҳсосӣ аст ва, албатта, вақте дар баробараш ноадолатӣ сурат мегирад, инро таҳаммул карда наметавонанд", - мегӯяд Солеҳ.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2014 низ ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифт, "вақте сардори РВКД-и вилоят бе эълони расмии айбдоркунӣ мехост, чанд бошандаи ноҳияро ба самти Хоруғ бибарад. Вале дар роҳ онҳоро латукӯб намуданд ва якеро аз мошин партофтанд, ки сутунмуҳрааш осеб дид. Вале баъдтар ҷабрдидаро розӣ карданд, ки аризаашро пас бигирад ва парванда баста шуд, ҳол он ки бояд парвандаи ҷиноӣ мекушоданд".

Умед, бошандаи дигар деҳаи Вомар, мегӯяд, ки ҳодисаи ахир барои сокинони ноҳия баҳонае шуд, то мавқеи худро изҳор кунанд. "Мо дар навоҳии сарҳадӣ зиндагӣ мекунем, дар марз бо Афғонистон чорвои худро мечаронем, дар дарё моҳӣ медорем, ин нони мост. Вале барои ин ҳар бор нерӯҳои қудратӣ мардумро боздошт мекунанд, онҳоро дар дидбонгоҳ азият медиҳанд ва ҷаримаҳои калон мебанданд. Инро бештар аз ин тоқат кардан имкон надорад. Шояд ба ҳамин хотир аст, ки агар дар ибтидо эътирозгарон танҳо ҷавонон буданд, баъдтар ба онҳо мардуми калонсолтар ҳам пайвастанд", - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Пуштибонӣ аз ҷинояткорон ё мубориза барои ҳуқуқи худ?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони зиёде нигаронӣ кардаанд, ки бошандагони ноҳияи Рӯшон "ҷинояткорону қочоқбаронро пинҳон мекунанд" ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ имкон намедиҳанд кори худро анҷом диҳанд. Вале худи сокинон ин иттиҳомотро комилан рад мекунанд.

"Ҳеч нафаре дар минтақаи мо касеро, ки ба маводи мухаддир сару кор дорад, тарафдорӣ намекунад. Ин ба кӯдакони мо осеб мерасонад. Мардум дар маҷмуъ аз низом розӣ нестанд. Аз марказ нафаронеро таъин мекунанд, ки салоҳиятманд нестанд, бисёр дағалона муносибат мекунанд. Кормандони КДАМ тақрибан ба ҳама соҳаҳо дахолат мекунанд, аз ин рӯ ин мардумро норозӣ мекунад", - мегӯяд Фирӯз, сокини 35-солаи деҳаи Вомар.

Иттилооти расмӣ аз сӯйи мақомот дар робита ба ҳаводиси Рӯшон ҳанӯз пешниҳод нашудааст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос гирифтан бо раиси ноҳия Фаррух Додихудоев бенатиҷа анҷом шуд, вале телевизиони маҳаллии "Бадахшон" 18-уми июн ҷаласаи ситоди муштараки ниҳодҳои вилоятро бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода нишон дод.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки Аламшозода аз сохторҳои қудратӣ талаб кардааст, дар муносибат бо мардум самимӣ бошанд. Ҳамчунин гуфта шуда, ки дар ҷаласа масъалаи эътирозҳои ғайриқонунӣ, тартибот дар роҳҳо, фурӯши машруботи пастсифат ва ғайра баррасӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, сокинони ноҳияи Рӯшон 16-уми июн бори дувум алайҳи боздошти сокинони маҳаллӣ эътироз карданд, ки барои монеъгузорӣ ба амалиёти КДАМ муттаҳам мешаванд.

Як манбаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни онҳо Ёдгор Ғуломҳайдаров, узви пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик низ буд. Сокинони маҳаллӣ ин иттилоъро таъйид карда ва гуфтанд, Ғуломҳайдаров имкон надодаст, наврасонe, ки ба халал расондан ба кори маъмурони КДАМ муттаҳам мешуданд, боздошт шаванд. Ҳаводиси Рӯшон 17-уми июн сабаби ҷамъшавии ҷавонон дар маркази Хоруғ шуд.

Сарфи назар аз ин ки Ғолиб Ниятбеков, сухангӯйи ҳукумати ВМКБ ин иттилоъро рад кард, се манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба назди ҷавонони ҷамъшуда раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ баромада гуфтааст, Ёдгор Файзов ба ноҳияи Рӯшон барои ҳалли масъала рафтааст. Ҷамъшудагон гуфтаанд, агар мушкил ҳал нашавад, бори дигар ҷамъ мешаванд.

Дар соли 2018 баъди таъини худ раиси вилоят Ёдгор Файзов дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, "сарфи назар аз хароҷоти калони буҷа дар минтақа мушкилот зиёд аст: бекорӣ, норасоии замин, даромади ками аҳолӣ ва нархҳои баланди маҳсулот". Зоҳиран ин мушкилот то ҳанӯз ҳалли худро пайдо накардаанд.

ВМКБ аз назари қаламрав бузургтарин вилояти Тоҷикистон аст, аммо ҷамъияти ин минтақа ҳудуди 250 ҳазор, (5% аҳолии Тоҷикистон) мебошад. Бештари ин мардум дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Сатҳи фақр дар вилоят наздик ба 40 дар сад аст, дар манотиқи дигар ин нишондод 20-30 дар сад мебошад.

Бино ба маълумоти расмӣ, 2,1% (44) корхонаҳои истеҳсолӣ ба ВМКБ рост меояд ва саҳми ин вилоят дар истеҳсолоти саноатии кишвар 0,7%-ро дар бар мегирад.

Аз октябри соли 2018 дар ҳудуди вилоят Ситоди байидоравии таъмини амният ва тартибот, ки баъди танқиди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ҷинояткорӣ, ташкил шуда буд фаъолият мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG