Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони Рушон аз боздошти гумонбарон


Даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
Даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)

Гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 25 май бо эътироз аз боздошти ду ҷавони деҳаи Барӯшони ин ноҳия даст ба тазоҳурот задаанд. Мақомоти вилоят аз додани маълумот дар ин бора худдорӣ карданд, вале як манбаи наздик ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи хабар гуфт, эътирозҳо ба қазияи сокини ин деҳа Шароф Қобилов рабт доранд, ки 22 май ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаааст.

"Кормандони амният талош карданд ду узви гуруҳи Қобиловро дастгир кунанд, вале аҳолии маҳаллӣ ба ин роҳ надод ва ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мудохила кард," -- гуфт ин манбаъ рӯзи 25 май ба Радиои Озодӣ.

Сокини 44-солаи деҳаи Барушон Шароф Қобилов 22 май боздошт шудааст. Хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, "ҳангоми амалиёт Ш.Қобилов бо корд ҳуҷум карда,сардори шӯъбаи ноҳиявӣ Чуянов Самариддинро захмӣ кардааст." Ба нақл аз мақомоти расмӣ Қобилов раҳбари гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир унвон шудааст.

Рӯзи 23 май амалиёт бо ҳадафи боздошти боз се сокини деҳа идома кардааст. Бино ба хабари баъзе манбаъҳо ҳангоми ин амалиёт маъмурони амниятӣ ба ҳаво тир кушодаанд, то издиҳомро пароканда намоянд.

Як сокини маҳаллӣ ба хабаргузории Фергана.ру гуфтааст, ки маъмурони амниятӣ "беэҳтиромона рафтор карданд ва ҷавонони маҳаллӣ бо онҳо вориди кашокаш шуданд." Бино бар хабарҳо ба кормандони КДАМ муяссар нашудааст, ки се гумонбари дигарро аз байни сокинони Барушон боздошт кунанд. Ҳоло мақомот талаб доранд, гумонбарон ба дасти маъмурони амниятӣ супурда шаванд.

XS
SM
MD
LG