Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои нав барои маъмурони андоз ва гумрук. Оё фасод коҳиш меёбад?


Раиси ҷумҳур соли гузашта аз Шаҳбоз Раҷабов, як масъули Хадамоти гумрук сахт интиқод кард.

Баъд аз як соли танқиди сахти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кори маъмурони андоз ва гумрук, Маҷлиси намояндагон ҷазо барои чанд ҷиноятро сахтар кард. Аз ҷумла, кормандони андоз ва гумрук минбаъд барои "созиш" бо соҳибони мол ва кам ҳисоб кардани пардохтҳои давлатӣ, муҷозот мешаванд. Гунаҳкорон барои қочоқ, азонихудкунии маблағ ва баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ҳам акнун ҷазои сангинтар хоҳанд гирифт. Мақомот ин корро яке аз роҳҳои муносиб барои мубориза бо фасодкорӣ медонанд, аммо коршиносон мегӯянд, мушкил танҳо бо ҷазо додан ҳал намешавад.

Як тағйироти муҳим, ки рӯзи 24-уми июн аз сӯи палатаи поёнии порлумон қабул шуд, ин ҷазо додани маъмурони андоз ва гумрук барои қасдан кам ё зиёд ҳисоб кардани пардохтҳои давлатӣ мебошад. Нозироне, ки ин амали маъмурони андоз ва гумрукро ошкор карда, рӯи он боз сарпӯш мегузоранд ҳам бар асоси тағйироти тоза ҷазо хоҳанд гирифт. Аммо ҷазо на зиндон, балки ҷарима аз 5800 то 11 600 сомонӣ аст.

То ин вақт қонунгузории Тоҷикистон барои кам ё рӯйпуш кардани андоз ва пардохтҳои гумрукӣ асосан соҳибони молро ҷарима мекард. Вале мақомот мегӯянд, солҳои ахир ҳолатҳои зиёдеро ошкор кардаанд, ки кормандони андоз ва гумрук худ даст ба фасодкорӣ зада, пардохтҳои давлатиро қасдан кам ҳисоб мекунанд.

Порлумон дар ҳоле барои маъмурони соҳаи андоз ва гумрук ҷазои нав пешбинӣ мекунад, ки моҳи майи соли гузашта раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ин ду соҳа ва вуҷуди фасоди густурда дар он сахт танқид карда буд.

Раиси ҷумҳур гуфта буд, як камбуди асосии кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ин "кам ҳисоб кардани маблағ ва рӯйпӯш намудани андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад".

Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз ду ниҳоди муҳим барои пур кардани буҷаи Тоҷикистон аст. Коршиносон мегӯянд, ҳар қадаре кор дар ин бахш шаффоф сурат гирад, ҳамон андоза буҷа фоида мебинад.

Ба ҷуз аз муқаррар шудани ҷазо барои кормандони андоз ва гумрук, порлумон ҷазо барои чанд ҷиноятеро ҳам сахтар кард, ки ба коррупсия алоқаманд ҳастанд.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн дар Маҷлиси намояндагон гуфт, акнун барои сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, қочоқ, азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ва барқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ ё музоядаҳо, муттаҳамон ҷазои сангинтар хоҳанд гирифт.

Аз ҷумла барои сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва азонихудкунӣ ҳаҷми ҷазо як сол сахтар шуда, ҷаримаҳо низ бамаротиб бештар шудааст. Афроди муттаҳам бо қочоқ, ки то имрӯз се сол зиндонӣ мешуданд, акнун то панҷ солро пушти панҷараҳои зиндон мегузаронанд. Ҳамчунин ҷазо барои барқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ ё музоядаҳо ҳам сангинтар шуд.

Мақомот дар ҳоле сахтар кардани ҷазоро як роҳи муносиб барои мубориза бо фасод медонанд, ки бархе коршиносон мегӯянд, гузинаи беҳтаре аз ин вуҷуд дорад. Алиакбар Абдуллоев, раиси созмони "Ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ" гуфт, сахтар кардани ҷазо ба фоидаи кор ҳаст, вале агар афроди фасодкор аз мақом ҳам озод шаванд, таъсираш бештар аст.

"Ман тарафтори он ҳастам, ки ҳам ҷарима супоранд, ҳам аз мансаб озодашон кунанд. Бояд, ки қонун бисёр сахт бошад. Онҳо пулдоранд, мегӯяд, ки хайр ҷарима карданд, месупорам, боз дар вазифа мемонам. Агар аз мансаб озодашон кунанд, ба фоидаи кор ва ҳушдори сахт мешавад. Онҳо аз пул додан дида, аз вазифаашон метарсанд. Чунки он вазифа чихел ба даст омадааст, Худо медонад. Аз мансаб озод шудан барои онҳо зарари калон аст",-таъкид кард Алиакбар Абдуллоев.

Давлати Тоҷикистон солҳост мубориза бо коррупсияро яке аз афзалиятҳои кори худ номидааст, вале эътироф ҳам мекунад, ки фасоду ришвахорӣ дар тамоми сатҳҳо реша давонда ва обрӯву эътибори ҳукуматро костааст. Таҳқиқоти афкори умум дар Тоҷикистон нишон додааст, ки барои иҷрои кор ба мақоми расмӣ додани пул "мушкиле надорад".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (24)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG