Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модар иддао дорад, ки ҷавоне духтари ноболиғашро таҷовуз кардааст. ВИДЕО


Зане иддао дорад, ки духтари ноболиғаш таҷовуз шудааст
Зане иддао дорад, ки духтари ноболиғаш таҷовуз шудааст

Як сокини пойтахт аз шаҳрдори Душанбе ва Додситони кулли Тоҷикистон хостааст, ҳодисаи ба сари хонаводааш омадаро ҷиддӣ бигиранд ва ҷавони гумонбар ба таҷовузи духтари ноболиғашро ҷазо диҳанд. Ин зан гуфт, духтараш аввали ҳамин моҳ аз суи ҷавоне таҷовуз шуда ва ин ҳодиса хонаводаву пайвандонашро дар ҳолати сахти равонӣ қарор додааст. Модар мегуяд, то ҷазо гирифтани ҷавони гумонбар талош хоҳад кард, зеро пинҳон кардани чунин ҳодисаҳо метавонад боиси афзоиши бадбахтии хонаводаҳои дигар шавад.

Модари ноболиғи 14-сола, ки бо далелҳои ахлоқӣ номашро зикр намекунем, гуфт, дар хобгоҳи як корхонае дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва ҳодиса ҳам аввали ҳамин моҳ дар ин макон рух додааст. Ӯ рузи 26-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтари 14-солааш М.Ҳ дар хона танҳо буд ва ин ҷавон ба манзили зисти онҳо даромада ба номусаш даст задааст.

"Ҳодиса 3-юми июн соатҳои чори бегоҳ рух додааст, ки ману шавҳарам дар кор будем ва дар хона касе набуд. Ин ҷавон бо баҳонаи обнушӣ ба манзили мо даромада духтарамро таҷовуз мекунад. Вақте писарам меояд, алакай дер шуда буд. Ҳамон рӯз ба мақомоти милиса шикоят кардем ва талаб дорам, ки ин одамро ёфта ҷазо диҳанд, ӯ ҳаёти духтари маро сухт. Баъди ташхис мо фаҳмидем, ки ин бори аввал нест ва ӯ як моҳ пеш аз ин ҳам чунин корро бо духтарам анҷом дода будааст",-нақл кард ӯ.

Модар иддао дорад, ки ҷавоне батакрор ба номуси духтари ноболиғаш таҷовуз кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Волидони духтар иддао доранд, ки ин ҷавон бори аввал як моҳ пештар аз ин ҳам ба номуси духтарашон дастдарозӣ карда, сипас ба духтари ноболиғ таҳдид кардааст, ки набояд дар ин бора ба касе лаб кушояд. Ташхиси тиббӣ-судӣ, ки рӯзи 4-уми июн анҷом шудааст, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ М.Ҳ-ро тасдиқ кардааст. Ин модар мегуяд, чунин бадрафториро ҷавоне бо духтари ӯ анҷом додааст, ки наздикони яке аз афроди шинохта дар Тоҷикистон аст ва аз он тарс дорад, ки мабодо ҷавон беҷазо намонад. Ӯ гуфт, ҳодиса бояд одилона баррасӣ шавад ва шахси гунаҳкор мувофиқ ба амале, ки нисбат ба духтари ноболиғаш анҷом додааст, ҷазо гирад. Пайвандони ҷавони гумонбар ба таҷовузи духтари ноболиғ аз суҳбат дар ин мавзӯ бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд ва танҳо гуфтанд, "барои ин қонун вуҷуд дорад".

Ному насаби ноболиғи ҷабрдида ва ҷавони гумонбар дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, аммо ба далели ахлоқӣ будани мавзӯъ ифшо намешаванд.

Дар додситонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ шикояти ин модарро тасдиқ карданд ва гуфтанд алакай парванда нисбати ҷавони 25-сола бар асоси моддаи 141 кодекси ҷиноӣ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) парванда боз ва барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ирсол шудааст. Як ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, "ҳодиса таҳқиқ шуда, гумонбар феълан дар боздошти пешакӣ қарор дорад. Таъини ҳукм ва татбиқи он кори додгоҳ аст".

Ин ҳамсуҳбати мо дар Додситонии шаҳри Душанбе гуфт, ҳеҷ чунин як ҳодисаҳо ки барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҳассос дониста мешавад, беҷазо нахоҳад монд. Вай ҳамчунин илова кард, ки ин парванда дар чаҳорчуби қонун баррасӣ шуда, бар асоси далелҳо боз ва баъдан ба додгоҳ ирсол шуд.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус, аз ҷумла бо афроди ноболиғ ҷинояти сангин ҳисоб меравад ва барои анҷоми он ҷазои ҷиноӣ аз ду то бист соли маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Мавридҳои таҷовузи духтарони ноболиғ дар Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое мисли куштор, умдатан кам ошкор мешаванд, зеро ба гуфтаи ҷомеашиносон, қурбониёну наздикони онҳо аз он метарсанд, ки дар ниҳояти амр на марди озордиҳанда, балки худи қурбонии ҷинояти сангини ахлоқӣ мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегиранд.

Дар аксар хонаводаҳо масъулияти духтарро назар ба писар дар масоили ахлоқӣ муҳимтар арзёбӣ мекунанд ва ҳатто дар сурати қурбонии ҷиноят будани духтар, кам касоне аз наздикон омода мешаванд, ки ба ҳимояти ҳуқуқи ӯ садо баланд кунанд.

Мадина Низомова, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъияти "Ғамхорӣ", ки бо занон кор мебарад аз талошҳои ин модар барои дифоъ аз ҳаққи духтари ноболиғаш ҷонибдорӣ кард. Ӯ гуфт, пинҳон кардани чунин ҷиноят, ки гуё боиси беобру шудани хонавода ё худи духтарон мешавад, иштибоҳ аст. Ин баръакс зарари равонӣ ба худи духтарон мешавад, ки дар натиҷа онҳоро ба худкушӣ таҳрик медиҳад".

Талошҳои ин модар дар ҳолест, ки аксар волидон дар чунин ҳолат бо умеди он, ки ояндаи духтаронашон "насӯзад" ва ҳам обрӯи худи онҳо наравад, ҷое шикоят намебаранд ва талош мекунанд, бо баъзе роҳҳо ин корро хомӯш кунанд.

"Ҳоло ки номи духтари маро доғдор кардааст, бояд ҷазо гирад. Ҳеҷ чиз ба аввал баргардонида намешавад, аммо набояд чунин бадрафторӣ ва ҳодисаи нанги бо духтари каси дигар рух диҳад",-гуфт ин модар.

Вале чунин бархӯрд бояд тағйир дода шавад, мегӯянд фаъолони ҳуқуқ. СММ дар чандин даъватҳояш таҷрибаи пинҳон кардани ҳодисаи таҷовуз ва ба марди озордиҳанда оиладор кардани қурбониро маҳкум карда гуфтааст, ки бо ин амал зани осеби ҷисмониву равонидида тамоми умр азият мешавад. Бархе фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ба ҷавобгарӣ кашидан ва муҷозот кардани ҷинояткор пеши роҳи ҷиноятҳои дигарро мегирад ва барои дигарон ҳам ибрат мешавад, ки даст ба чунин амал назананд.

XS
SM
MD
LG