Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши мақомоти ҳокимияти иҷроияи ВМКБ ба “Футбол дар Хоруғ...” ВИДЕО


Акс аз навори фиристодаи корбарон аст

Пас аз нашр шудани матлаби Радиои Озодӣ зери унвони “Футбол дар Хоруғ боиси эътироз шуд” дар саҳифаи фейсбукии "МИМХД-и Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон" номае мунташир гашт. Дар он иддао мешавад, ки Радиои Озодӣ дар матлаби худ акси куҳнаеро аз соли 2016 ҷой додааст ва маълумот дар бораи эътирози ҷавонон дар масъалаи футбол “комилан нодуруст” аст. Дар нома гуфта мешавад, ки дар шаҳри Хоруғ ягон эътироз аз тарафи ҷавонон ба қайд гирифта нашудааст. Аммо тасдиқ карда мешавад, ки варзишгоҳ дар ҳоли ҳозир воқеан бастааст ва сабаб дар он аст, ки онро ба таври куллӣ тармим мекунанд.

Ин ҷо матни номаро бетағйир, бо нигаҳдошти имлояш бознашр мекунем, ҳарчанд нома бевосита ба суроғаи Радиои Озодӣ ворид нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки суроғаҳои радио барои тамос дастрас ҳастанд ва расона бо мақомоти ВМКБ ҳамеша дар иртибот будааст.

"БА МАСЪУЛИНИ РАДИОИ ОЗОДӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон гузориши Радиои озодиро мавриди таҳлил қарор дода маълум менамояд, ки ахборот оиди дар шаҳри Хоруғ ташкили гардидани эътирози ҷавонон дар масъалаи футбол комилан маълумоти нодуруст аст. Аксеро, ки Радиои озодӣ инъикос намудааст ин акси соли 2016 мебошад.

Дар шаҳри Хоруғ ягон эътироз аз тарафи ҷавонон ба қайд гирифта нашудааст. Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ албатта маҳкам аст чунки варзишгоҳ айни замон аз таъмири капиталӣ гузашта истодааст.

Бинобар ин хоҳиш карда мешавад, ки чунин ахборотҳо бо масъулин соҳаи варзиши вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дақиқ карда мешуд ва баъдан инъикос мегардид."

Акси нашршуда дар ҳоле ба рӯйдодҳои соли 2016 рабт дода мешавад, Радиои Озодӣ дар матлаби худ зикр кардааст, ки барояш муайян кардани замони сабти ин видео муяссар нагашт ва дақиқ нест, ҳодиса кай шудааст. Вале онро ҳамчунин намешавад, ба соли 2016 пайванд дод, зеро посгоҳи БДА, ки дар видео дида мешавад, тирамоҳи соли 2018 ташкил шудааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Навори корбарон аз Хоруғ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:23 0:00

Дар видео гуруҳе аз ҷавонон пиёда роҳпаймоӣ мекунанд, қисме дигар дар мошинҳои сабукрав кафкӯбон нидо медиҳанд. Дар навор чанде аз нозирони БДА ва ҳам низомипӯшон низ дида мешаванд. Шахсе, ки наворро рӯзи 24-уми июн аз шаҳри Хоруғ ҳамчун сабти худ ва кори хабарнигори мардумӣ ба Радиои Озодӣ фиристод, сабаби норизоиятии ҷавононро роҳ наёфтани онҳо ба варзишгоҳ барои бозии футбол номид.

Ду сокини шаҳри Хоруғ рӯзҳои 24 ва 25-уми июн баста будани варзишгоҳро тасдиқ карданд. Инро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ низ дар номаи фейсбукии худ тасдиқ мекунанд. Ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, шоми 22-уми июн "мақомот тавассути телевизион эълон карданд, ки карантин тамом шуд. Ҳама ҷо мағозаву бозор ба кор даромад. Ҷавонон футболбозӣ омаданд, аммо онҳоро нагузоштанд."

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар номаи фейсбукии худ дархост карданд, ки Радиои Озодӣ пеш аз нашри чунин маълумот бо намояндагони ҳокимият дурустии онҳоро дақиқ кунанд. Радиои Озодӣ ин корро кард.

Ғолиб Ниятбеков, масъули бахши робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд бозору мағозаҳои хӯрокворӣ боз гаштанд, ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ иҷозат дода нашудааст. "Баргузории ягон мусобиқа ва ё бозии футбол ҳам миёни дастаҳо дар назар набуд," – гуфт ӯ.

Пас аз нашр шудани нома дар Фейсбук Радиои Озодӣ бо чанде аз огоҳони вазъ дар тамос гашт. Ақидае аз тарафи онҳо баён шуд, ки ин видео ба моҳи апрели соли 2019 рабт дорад. Навори монанд ба он рӯзи 5-уми апрели соли равон дар Инстаграм нашр шудааст, вале сарулибоси ширкаткунандагонаш фарқ дорад ва онҳо дар даст ҷоми футболро боло бардоштаанд. Навори дигари ҳамсон рӯзи 6-уми апрели соли равон дар YouTube нашр шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки видео аз имрӯзҳо набошад ва Радиои Озодӣ зикр кардааст, ки дақиқ кардани замони он имконпазир нагашт.

Аммо дар гузориши Радиои Озодӣ бештар ба он таваҷҷуҳ шудааст, ки мақомот ба ҳамвор ва одӣ кардани муносибат миёни ниҳодҳои интизомӣ ва аҳолӣ талоши ҷиддӣ намекунанд ва шиори “саф кашед, гум шавед”, агар ба низомиён рабт дорад, таҳрикдиҳанда аст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танише, ки аз соли 2012 сар шуда буд, ҳанӯз то охир ҳал нагаштааст ва дар шакли ошкору ниҳон вуҷуд дорад.

Соли 2012 ҳукумат бо талаби ба мақомот супурдани қотилони генерал Абдулло Назаров, раиси идораи амнияти ВМКБ дар Хоруғ амалиёти низомӣ гузарониданд, ки аз ду ҷониб зери 70 кушта ба ҷой гузошт. Ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Хоруғ ин суҳбатҳо садо медиҳанд, ки барои аз байн бурдани озурдагӣ аз он рӯйдодҳо на ҳамаи корҳо анҷом дода шудаанд ва мешаванд.

"Инҷо мушкилиҳои иҷтимоӣ низ вуҷуд дорад. Гуруҳҳои маҳаллӣ аз ҳузури нерӯҳои изофии низомӣ, ки аз марказ равон карда шудаанд, норизоянд. Онҳо кормандони амният ва прокуратураро дар сохтакорӣ ҳангоми пеш бурдани тафтишот, ришвагирӣ ва фишорҳои беасос айбдор мекунанд. Ба фикри онҳо, ин нерӯҳо бояд ба таъмини амнияти сарҳад машғул бошанд. Ин гуруҳҳо хусусан ҷавонон ҳузури нерӯҳои қудратии изофӣ дар Хоруғро як манбаи танишу ташвиш меҳисобанд", - гуфт Муллоҷонов

Ин ақидаро эътирозҳои 22 май - 18 июни соли равон дар ноҳияи Рӯшон низ тасдиқ мекунанд. Сокинони деҳаи Барӯшон ба кормандони амният имкони боздошти гумонбаронро надоданд. Дар нарм кардани вазъ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов нақши муҳим дошт, ки муколамаро ба роҳ монд.

Коршинос Парвиз Муллоҷонов низ дар матлаби Радиои Озодӣ мегӯяд, ки "муколама ва гуфтугӯи самимӣ бо сокинони маҳаллӣ" роҳи асосии ҳалли танишҳост. "Дар Бадахшон, албатта, масъалаи ҷинояткорӣ вуҷуд дорад. Аммо тартиботу низомро милитсия метавонад таъмин кунанд. Ниёзе барои овардани қушунҳои изофӣ ва дар ҳар тараф гузоштани дидбонгоҳҳо вуҷуд надорад. Дар ин шароит овардани нирӯи зиёд ба вилоят монанди хомӯш кардани оташ бо истифодаи бензин мебошад – чӣ қадар бисёртар пошидед, ҳамин қадар аланга баландтар мешавад", -- мегӯяд Муллоҷонов.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG