Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бимаи ҳатмии мошинҳо аз монополияи ду ширкат берун карда шуд


Дар Тоҷикистон суғурта ё бимаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт аз монополияи ду ширкат берун карда шуд. Агар то ин вақт танҳо "Тоҷиксуғурта" ва "Суғуртаи аввалини миллӣ" ҳақ доштанд воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро бимаи ҳатмӣ кунанд, пас минбаъд ҳамаи ширкатҳои суғурта ба ин кор ҳақ доранд. Бимаи воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ҳатмӣ буда, яке аз бахшҳои сердаромади соҳа мебошад.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон ҳафтаи гузашта тарҳи нави қонун "Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт"-ро тасвиб кард. Яке аз бахшҳои муҳими санад ин бекор кардани монополияи суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт мебошад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ, ниҳоди назораткунандаи бахши суғурта дар порлумон гуфт, набудани танзими комил боиси маҳдуд шудани рақобати солим дар бозори ҳатмии нақлиёт шудааст.

Ҳамин тавр бар асоси тарҳи нави қонун, ширкатҳои суғурта баъд аз иҷрои шартҳое, ки ҳукумат муқаррар кардааст, ҳақ доранд нақлиёти шаҳрвандро бимаи ҳатмӣ кунанд.

Аз ҷумла, ширкатҳое, ки мехоҳанд бимаи ҳатмии воситаҳои нақлиётро анҷом диҳанд, бояд на кам аз 10 миллион сомонӣ сармоя дошта бошанд. Инчунин ширкатҳои бима бояд маблағи пардохти зарар ба ҳаёт ва саломатиро аз 5800 сомонӣ то 31 610 сомонӣ зиёд кунанд. Ҳаҷми ҷуброни молу мулки ҷабрдидагон ҳам аз ҷониби ширкатҳо бояд аз 2900 сомонӣ то 15 834 сомонӣ зиёд карда шавад.

Феълан дар Тоҷикистон 18 ширкат барои бима кардан ҳақ доранд. Аммо аз миёни ширкатҳо, ду ширкат – "Тоҷиксуғурта" ва "Суғуртаи аввалини миллӣ" барои бимаи ҳатмии мошинҳо дар Тоҷикистон иҷозат доштанд. Ташкилоти аввалӣ давлатӣ буда, дуввумӣ - марбут ба ширкати хусусии "Фароз" аст. Ҳарчанд "Фароз", ширкати марбут ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳур худро муфлис эълон кардааст, аммо ширкати зертобеаш "Суғуртаи аввалини миллӣ" фаъолият мекунад.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳар соҳиби мошин дар кишвар вазифадор аст, ки бима дошта бошад, дар ғайри сурат нозирони БДА ҳақ доранд ронандаро барои надоштани бима ҷарима кунанд. Бо вуҷуди ин, ки ширкати "Суғурати аввалини миллӣ" танҳо аз соли 2015 фаъолияташро шурӯъ кардааст, солҳои ахир бахши калони бимаи ҳатмии нақлиётро зери даст дорад.

Масъулини ширкати "Тоҷиксуғурта" соли гузашта гуфта буданд, ки дар баробари "Суғуртаи аввалини суғуртавӣ"-як ширкати зертобеи "Фароз" дасти кутоҳ доранд.

Шуҳрат Мақсудзода, раиси корхонаи "Тоҷиксуғурта" моҳи июли соли гузашта дар ҳузури хабарнигорон эътироф карда буд, ки бимаи ҳатмии мошинҳо аз дасти ин ширкат тақрибан ба ихтиёри ширкати "Суғуртаи аввалини миллӣ" гузаштааст.

Мақсудзода ҳарчанд аз ширкати мушаххасе ном набурд, аммо гуфт, ширкати "Тоҷиксуғурта" дар муқоиса ба дигар ширкатҳои суғуртавӣ имконияти камтар дорад.

Хадамоти суғурта дар Тоҷикистон зиёд рушд накардааст ва ба гуфтаи масъулини баъзе ширкатҳои бима, мардум ба он кам таваҷҷуҳ доранд. Аҳолӣ барои ин далелҳои худро доранд, ки асоситарини он набуди боварӣ аст.

Бештари ронандагоне, ки бо мо суҳбат кардан мегӯянд, баъди садама ягон маблағе ҷуброн нагирифтаанд. Шариф, як ронанда аз вилояти Хатлон мегӯяд, соли гузашта мошинашон ба садама дучор шуд, вале ягон ҷуброн нагирифтаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, масъулини ширкати бима ҳуҷҷати зиёде талаб карданд, ки барои ҷамъ кардани онҳо вақти зиёд зарур аст.

"Ростӣ ман то ҳол нафаҳмидам, шахсеро, ки аз идораи суғурта кӯмаке дарёфт карда бошад. Чанд нафар аз рафиқон муроҷиат карданд, чизе нагирифтанд, фақат вақташон рафт. Мо ҳам ҳаминхел шудем",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Бархе аз ронандагон гуфтанд, суғуртаи ҳатмии давлатӣ "танҳо барои халос шудан аз кормандони БДА" аст ва онҳо роҳҳои дигарро пайдо кардаанд.

Дилбар Раҳмонова, як сокини Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз аз суғуртаи ҳатмӣ, ӯ ихтиёран нақлиёташро дар як ширкати хусусӣ суғурта кард. Ба гуфтаи Раҳмонова, ӯ ҳарсол 2300 сомонӣ барои суғурта маблағ месупорад ва як маротиба дар вақти садама зарари ӯро ҷуброн карданд.

"Баъди садама занг задем, омада мошинро гирифта бурданд. Худашон устохона бурд, маблағи таъмири мошинро ҳамаашро доданд",-афзуд ин сокини Душанбе.

Бимаи ҳатмии мошинҳо як бозори сердаромад ба шумор меравад. Арзиши бимаи ҳатмии мошинҳо сар аз 1-уми январи соли 2019 ба ҳисоби миёна 250 сомонӣ аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (15)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG