Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19. Бемористонҳои Хатлон ба кори маъмулӣ баргаштанд. ВИДЕО


Масъулони Раёсати тандурустии Хатлон мегӯяд, беморхонаҳо дар ин вилоят ба кори маъмулии худ баргаштаанд. Ҳоло дар Хатлон 44 нафар беморони COVID-19 боқӣ мондааст. Ин ниҳод нагуфт, ки боқимондаи беморон дар куҷо бистариянд.

Зубайдулло Толибов, муовини сартабиби бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар басти аввал мо шӯъбаҳои бемориҳои кӯдакона, шӯъбаи бемориҳои дарунӣ ва шӯъбаи наҷотро ба кор даровардем. Аз якуми июл шӯъбаи ҷарроҳӣ ба кор сар мекунад". Ҳудуди се моҳ дари ин беморхона ба рӯи беморон баста буд ва гирифторони COVID-19 ин ҷо муолиҷа мешуданд.

Масъулони тандурустӣ мегӯянд, дар Хатлон расман 337 нафар COVID-19 гирифтор шуда, 10 нафарашон аз ин беморӣ фавтиданд. Аммо оморҳои ғайрирасмӣ ва навиштаи сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги пайвандонашон аз ин беморӣ ба маротиб зиёд аст. Мақомот мегӯянд, дар ин муддат бештар аз 190 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Илёсиддин Саидов, як масъули Раёсати тандурустии Хатлон гуфт, "дар байни 25 шаҳру ноҳияе, ки мо дорем, ноҳияҳое ҳастанд, ки дар беморхона беморӣ надоранд, вале беморони илтиҳоби шуш дар хона табобат мешавад".

Шифохонаҳои Хатлон пурра фаъол шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Тибқи иттилои расмӣ, то 20-юми июн дар Тоҷикистон 5954 нафар гирифтори коронавирус шуда, 52 нафар фавтидааст. Дар мавриди омори расмии бемории COVID-19 дар Тоҷикистон бисёриҳо бо шубҳа менигаранд. Бар асоси як тадқиқоти Радиои Озодӣ шумораи қурбониён эҳтимолан бештар аз омори расмист.

Аз рӯи омори Вазорати тандурустӣ гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон аз рӯзи 9-уми июн ба баъд коҳиш ёфта истодааст. Ҳарчанд дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон аз ҷумла Қирғизистон ва Қазоқистон баръакс омори гирифторон то рафт зиёд мешавад.

Дар пасманзари афзоиши пандемияи коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя интиқодҳое ҳам садо дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар коҳиши маҳдудиятҳо саросема шудаанд.

Бархе аз мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, кишвар нуқтаи авҷи пандемияро паси сар кардааст. Ҳарчанд намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.

XS
SM
MD
LG