Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи "ихвониҳо"-ро сар кард


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл муҳокимаи парвандаи дастаҷамъонаи 116 гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (“Бародарони Мусалмон")-ро паси дарҳои баста шуруъ кард. Намояндаи дафтари матбуоти додгоҳ ин хабарро тасдиқ кард, вале гуфт, ба иллати пӯшида будани баррасӣ шарҳи бештар дода наметавонад.

Ба гуфтаи як манбаи наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон, парванда 114 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Мисрро аз рӯйи 4 банди Кодекси ҷиноӣ ба ташкили созмони ифротӣ ва сармоягузорӣ ба чунин ниҳод айбдор мекунад.

Ин манбаъ, ки нахост номаш зикр гардад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Парванда ду ҳафта пеш ба додгоҳ фиристода шуд. Айбдоршавандагон бар асоси моддаҳои 179, замимаи 2-и Кодекси ҷиноӣ (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти терористидошта) ва моддаи 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 307, иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) айбдор дониста шудаанд."

Гуфта мешавад, рӯзи 7-уми июл нахустин баррасии парванда дар муассисаи тафтишотии Боздоштгоҳи муваққатии рақами як таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Муҳаммад Раҳмонзода ҷараён гирифт. Бар асоси айбномаи пешниҳодшуда ба боздоштшудагон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вакилони гумонбаршудагон аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд ва фақат зикр намуданд, ки парванда зери муҳри "махфӣ" баррасӣ мешавад, биноан, ҳаққи додани маълумотро надоранд.

Хешовандони муттаҳамон низ аз суҳбат канораҷӯӣ карданд, аммо яке аз онҳо, Нусратулло Алиев аз шаҳри Бохтар, гуфт, ба ӯ дар бораи парвандаи писараш маълумоте надодаанд: "То ҳол намедонам, барои кадом кор ӯро боздошт кардаанд. Ман фақат ба Боздоштгоҳ ғизо мебарам ва то ҳол худи ӯро надидаам. Адвокати мо қариб бо мо гап намезанад."

Ин шахс афзуд, писараш дар Донишгоҳи исломӣ аз забони англисӣ дарс медод ва моҳи феврал дастгир шуд.

Бино бар маълумоти тасдиқнашуда, дар миёни боздоштшудаҳо раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара ва 20 донишҷӯи донишгоҳҳои олии кишвар, бахусус Донишгоҳи исломӣ, зодагон ва сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Исфара, ноҳияи Рӯдакӣ ва ғайра ҳастанд. Чанде аз гумонбаршудагон дар "Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012" омӯзгор ва донишҷӯ будаанд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Бахтиёр Насруллоев мегуяд: "Оид ба узв будан ё набудани муттаҳамон ба "Ихвон-ул-муслимин" чизе намедонам, аммо медонам, ки ин созмон дар Тоҷикистон хеле фаъол аст ва ба ин ташкилот аксар одамони босавод мепайванданд."

Вай афзуд, "парвандаи "ихвониҳо" парвандаи ақидавӣ аст, яъне ақидаи боздоштшудагонро мақомот "ихвонӣ" меҳисобанд, мухолифон чунин намеҳисобанд. Тибқи карори Додгоҳи олӣ фаъолияти созмон дар Тоҷикистон манъ аст, аз ин ҷо узв шудан ба он ҷиноят аст."

Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Дар Тоҷикистон 18 созмон террористиву ифротгаро ва мамнуъ эълон шудаанд, ки феҳрасташон аз "Ал-Қоида" оғоз ёфта, ДОИШ-у Толибон, Ҷамоати Таблиғ, Салафия, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гуруҳи 24-ро дар бар мегирад ва бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа ба поён мерасад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.

Мақомот мегӯянд, ин бахше аз мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар кишвар аст. Мухолифону мунтақидони ҳукумат мегӯянд, боздоштҳо талоше барои тарсонидани ҷомеа аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, Тоҷикистон набояд масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва ислоҳотхоҳон истифода кунад ва додгоҳи гумонбарон низ бояд ошкор ва бо ҳузури хабарнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (20)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG