Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро сабаби Интернети сусту гарон номид, дигарон норозиянд. ВИДЕО


Илҳомҷон Атоев
Илҳомҷон Атоев

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон "мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон ва гарон будани нигаҳдории зербунёдҳо"-ро аз сабабҳои суръати суст ва гаронии Интернет дар кишвар номбар карданд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз коршиносон мегӯянд, дар Қирғизистон, ки мавқеи ҷуғрофияш ба Тоҷикистон монанд аст, баръакс, суръати Интернет баландтару нархаш арзонтар аст.

Сабаб кадом аст?

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, 13-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, "масъала пеш аз аз ҳама аз мавқеи ҷойгиршавии кишвар вобаста аст. Ҳоло як мисол меорам, маро дуруст фаҳмед. Ҳатто дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ нарху наво дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигар фарқ мекард. Сабаб мавқеи ҷуғрофии кишвар буд."

Бархе аз коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон то соли 2013 низ аз лиҳози мавқеъ кӯҳистон буд, вале суръату сифати Интернет ба ин ҳад поин набуд. Талъат Нӯъмонов, раиси созмони "Маркази технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ", рӯзи 13-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳо метавонанд ин мушкилро тавассути хатти нурӣ ҳал намоянд.

Асомиддин Атоев, коршиноси соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ ҳам мегӯяд, "мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ҳамчун катализатор бояд бошад, на баҳона."

Вай афзуд, то соли 2013 дар бозори мухобиротии Тоҷикистон 550 миллион доллар чарх мезад, ҳоло ин рақам то 200 миллион доллар коҳиш ёфтааст. "Ҳамасола ин маблағ то 45 миллион доллар кам мешавад. Сабаби чунин коҳиши бозорро бояд омӯхт", -- гуфт ӯ.

4G ва Digital CASA -- роҳи ҳал?

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар навбати худ гуфт, барои баланд кардани суръати Интернет дар Тоҷикистон бояд ширкатҳои мобилӣ аз низоми 3G ба 4G гузаранд: "То ҷое медонам, ширкатҳо бар асоси нақшаи корӣ ва вобаста ба тавонашон истгоҳҳои базавии худро аз 3G ба 4G гузаронида истодаанд. Аммо ин кор бояд дар тамоми ҷумҳурӣ амалӣ шавад ва он вақт суръати Интернет баланд мешавад."

Ин масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабаби гарон будани арзиши Интернетро дар кишвар ба нархҳои транзитӣ марбут донист ва гуфт, арзиши Интернет танҳо замоне поин хоҳад рафт, ки “Digital CASA” амалӣ шавад.

“Digital CASA” тарҳи муштараки минтақавии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон буда, ҳадафи он дастрасӣ ба Интернети баландсуръату арзон барои кишварҳои минтақа аст. Барои иҷрои тарҳи мазкур Бонки Ҷаҳонӣ 92 миллион доллар ҷудо кардааст. Масъулони Хадамоти алоқа гуфтанд, татбиқи лоиҳаи Digital CASA дар робита ба пандемияи COVID-19 ба таъхир уфтодааст.

Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар миёни 124 кишвар дар ҷойи охир қарор дорад. Танҳо дар Афғонистон сифати Интернет аз Тоҷикистон пасттар будааст.

"Баддиком", як муассисаи таҳқиқотӣ, моҳи иююни имсол гуфт, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон аст. Сабабашро дахолати давлат ба кори ширкатҳои хусусии мобилӣ ва ба дасти ширкати давлатӣ додани ҳаққи тақсими Интернет донист.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Хадамоти алоқа сабаби заъфи интернет дар Тоҷикистонро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Сифати пасту нархи гарони Интернет дар давраи пандемияи коронавирус чанд мушкили дигарро ба бор овард. Таҷрибаи таҳсили фосилавӣ дар кишвар истифода нашуд ва хонандагону донишҷӯён ба муддати дароз ба таътил фиристода шуданд. Муштариён ҳам натавонистанд осону роҳат ба таври онлайн кори худро аз хона идома диҳанд.

Дар кишвар нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ ба беш аз 20 сомонӣ баробар аст. Солҳои ахир сокинону коршиносон пайваста аз суръати сусту нархи гарони Интернет шикоят мекунанд.

Илҳомҷон Атоев гуфт, мушкил дар кору таҳсили фосилавӣ он аст, ки аз ҷумла хонандагон барои қабули Интернет таҷҳизот надоранд: “Дар ин роҳ бо Вазорати маориф ва илм ва ниҳодҳои дигар ҳамкории зич бояд дошт. Шабака омода аст, барои пайваст шудан танҳо таҷҳизот лозим аст.”

Пеш аз он ки хонандагони мактабҳои миёнаро дар Тоҷикистон ба таътили дуҳафтаина фиристанд, намояндагии ЮНИСЕФ ва мақомоти тоҷик барномаи таълими онлайн дар шароити "карантин"-ро омода кардаанд. Иттиҳоди Аврупо барои роҳандозии барнома 9 миллион евро ҷудо кардааст, аммо маълум нест, тарҳ кай иҷро мешавад. Он замон ҳам мутахассисон ба фарогир шудани барномаи онлайнӣ дар давраи "карантин" бовар надоштанд.

Як мавзӯи асосии баҳси хабарнигорон ҳам дар нишасти рӯзи 13-уми июл ҳамин буд. Ёқуб Ҳалимов, хабарнигори тоҷик гуфт: “Шояд як сабаби асосӣ дар ин, буд ки хадамоти танзимкунандаи соҳаи алоқаи мобилӣ ба ширкатҳо имтиёзе надод ва ҳамин тавр ширкатҳои мобилӣ натавонистанд мардумро бо Интернети арзон суръаташ баланд таъмин кунанд”.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи хабарнигори тоҷик, “коршиносони фанновариҳои навин мегӯянд, воқеан имрӯз дар бозори пешниҳоди Хадамоти интернет дар Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад, зеро ҳамаи ширкатҳо аз як ҷо Интернет мегиранд.”

Интернет дар солҳои охир манбаи даромад ва пешбурди тиҷорати даҳҳо сокини Тоҷикистон шудааст. Бар асоси омори расмӣ дар кишвар бештар аз 3 миллион муштарӣ аз Интернет истифода мекунанд. Гаронии нархи Интернет боис шудааст, ки борҳо созмонҳои байнулмилалӣ ҳам аз Тоҷикистон хостори поин бурдани арзиши он шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG