Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тоҷикистон ба кадом расонаҳо бартарӣ медиҳанд?


Як пурсиш роҷеъ ба таваҷҷуҳи мардум ба расонаҳои ҳамагонӣ маълум кардааст, ки сайтбандӣ дар Тоҷикистон натиҷаи баръакс дод ва мардум ҳамоно аз сомонаҳое истифода мебаранд, ки дастрасӣ ба онҳо пайваста маҳдуд карда мешавад.

Назарпурсии созмонҳои “Медиа консалтинг” ва “Зеркало” мегӯяд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе сомонаҳои хабарӣ на инки теъдоди истифодабарандгонро кам накард, балки таваҷҷуҳро ба онҳо бештар намудааст.

Сайтбандӣ дар Тоҷикистон аз мушкилиҳои умдае мебошад, ки борҳо аз сӯи созмонҳои байналмилии ҳомии озодии баён мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳарчанд мақомот масдудкунии сайтҳои интернетиро ҳамешап рад кардаанд.

“Бастани сомонаҳо - воқеияти Тоҷикистон”

Назарпурсии “Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо” моҳҳои феврал-марти соли равон баргузор шудааст. Муаллифонаш мегӯянд, дар он 2,5 ҳазор сокини аз 18-сола боло иштирок намуданд.

Бар асоси хулосаҳои назарпурсӣ, дар як соли ахир шумори хонандагони газета ва шунавандагони радиоҳои Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Аммо дар баробари ин шумори истифодабарандагони Интернет дар кишвар бамаротиб боло рафтааст.

Набӣ Юсупов, раҳбари созмони “Медиа консалтинг” ва яке аз муаллифони назарсанҷӣ мегӯяд, пурсиши онҳо муайян кард, ки маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомона ва шабакаҳои алоҳида баръакс шумораи истифодабарандагони онҳоро бештар кард.

Ҷаноби Юсупов барои мисол гуфт, дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук давоми ду соли ахир маҳдуд аст, вале шумораи онҳое, ки ба ин шабака таваҷҷуҳ мекунанд, бештар шудааст.

“Мутаассифона, басташавии сомонаҳо воқеияти имрӯзаи мо боқӣ мондааст,”-мегӯянд муаллифони назарпурсӣ.

Паҳлуи дигари ҷолиби пурсиши “Медиа консалтинг” ин аст, ки бо вуҷуди гаронии нархи Интернет ва суръати сусти он дар Тоҷикистон, мардум аз ҳама бештар ба видео-портали YouTube ворид мешаванд. Ҳамин тавр маъруфтарин сомонаҳо дар Тоҷикистон ин портали YouTube, шабакаҳои иҷтимоии Одноклассники, Фейсбук, Инстаграм ва сомонаи эълонҳои Сомон.тҷ будаанд. Қариб нисфи иштирокдорони назарпурсӣ гуфтаанд, ки иттилоъро аз инҷо пайдо мекунанд.

Бар асоси назарпурсии мазкур дар миёни расонаҳои хабарӣ сомонаи Радиои Озодӣ аз ҳама бештар хонанда дорад ва аҳолӣ аз ҳама бештар иттилоъро аз инҷо дарёфт мекунанд. Баъд аз сомонаи Радиои Озодӣ, оҷонсии “Азия-Плюс”, Ховар, “Ахбор” ва “Авесто” дар миёни хонандагон маҳбубият доштаанд.

Хулосаи дигари назарпурсии “Медиа консалтинг” ин аст, ки давоми солҳои ахир мессенҷерҳо дар Тоҷикистон ба яке аз усулҳои фаъоли муошират мубаддал гашта, ҷойи телефони муқаррарӣ ва почтаи электрониро гирифтаанд.

Инчунин ин назарпурсӣ мегӯяд, дар баробари шабакаҳои давлатӣ мардум дар Тоҷикистон телевизионҳои Русия, Ӯзбекистон, Эрон ва Афғонистонро тамошо мекунанд.

“Бонки изтироб: Вазъи матбуоти хусусӣ хеле бад аст”

Ин соли дуввум аст, ки маркази сотсиологии “Зеркало” ва ташкилоти “Медиа консалтинг” бо маблағгузории Сафорати Амрико афзалияти расонавии аҳолӣ дар Тоҷикистонро муайян мекунанд.

Муаллифони пурсиш имсол дар хулосаҳои худ аз вазъи матбуот дар Тоҷикистон бонги изтироб задаанд.

“Матбуоти хусусӣ дар ҳолати хеле бад қарор дорад. Ҳолати иқтисодии рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо дар сатҳи паст мебошад. Бисёре аз рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо аз чоп мондаанд, журналистони ин нашрияҳо ё касби худро иваз карданд ва ё ба дигар кишварҳо рафтанд,” - омадааст дар матни гузориш.

Дар хулосаҳои назарпурсӣ даъват шудааст, ки ба матбуоти хусусӣ имтиёзҳои андозӣ дода шуда, ташкилоти хориҷӣ ба онҳо грантҳо ҷудо кунанд. Вагарна, ба гуфтаи муаллифони пурсиш, “вазъи рӯзномаҳо боз ҳам бадтар шуда, имкон дорад, ки онҳо аз чоп монанд ва баста шаванд.”

Маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет ва ҳам вазъи матбуот дар Тоҷикистон ҳарфи тоза нест. Масъалаи зуд-зуд маҳдуд шудани дастрасии мардум ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ мояи нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ ва дипломатҳои Ғарбӣ шуда буд.

Рӯзи 3-юми май дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён баъзе аз сафирони кишварҳои ғарбӣ аз баста мондани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сахт танқид карданд.

Вале мақомот сайтбандиро дар Тоҷикистон ҳамеша рад кардаанд. Аз ҷумла Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз ҷониби Хадамоти алоқа ҳеҷ коре карда нашудааст. Баръакс, мақсади мо ба даст овардани фоида аст. Шояд ягон сабабҳои техникӣ аз берун бошад.”

Бар пояи радабандии Speedtest Global Index дар моҳи январи соли 2019 аз рӯйи суръати интенети мобилӣ, Тоҷикистон дар рӯйхати 137 кишвари ҷаҳон дар мақоми аз ҳама охирин қарор гирифт, ки суръати интернети мобилии мо 5,04 Мбит/с ҳисоб шудааст. Барои муқоиса Қазоқистон дар ин радабандӣ мақоми 85, Қирғизистон 111 ва Узбекистон 129-ро доштанд.

XS
SM
MD
LG