Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори пешини Кӯлоб ба гирифтани 400 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам аст. Назари Иноятзода маълум нест


Баҳром Иноятзода

Додситони вилояти Хатлон мегӯяд, Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб, ки дар оғози моҳи июн боздошт шуда буд, барои додани қитъаи замин барои иншоотҳои ҷашнӣ 400 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст. Додситонӣ гуфт, ин маблағ ба воситаи зердастон бахусус ронандааш ба дасти Иноятзода расидааст. Назари шаҳрдори собиқи Кӯлоб ва наздикони ӯ феълан ба ин хабар маълум нест, вале наздикони Иноятзода қаблан гуфтанд, ба ҷинояткор будани ӯ бовар надоранд.

Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, шаҳрдори собиқи Кӯлоб дар 12 ҳолат барои ҷудо кардани қитъаи замин пора талаб кардааст.

Ба гуфтаи додситон, нисбати Баҳром Иноятзода бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ ё гирифтани пора дар ҳаҷми калон ва аз ҷониби роҳбари мақомоти маҳаллӣ парванда боз шудааст. Аз рӯи ин иттиҳом ба Иноятзода то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Додситони кулли Тоҷикистон ҳам рӯзи сешанбеи 14-уми июл гуфта буд, Баҳром Иноятзода барои "маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин", ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Дар гузориши додситонии вилояти Хатлон гуфта мешавад, ки Баҳром Иноятзода бо "ҳаммаслаконаш" ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Маълум нест, ки манзур аз "ҳаммаслакон" киҳо ҳастанд, аммо додситонӣ хабари боздошти ронандаи Баҳром Иноятзодаро тасдиқ кард. Додситони вилояти Хатлон гуфт, шаҳрдори собиқи маблағҳои пораро асосан тариқи ронандааш мегирифтааст. Ному насаби ронандаи Иноятзода ва мавқеи ӯ феълан маълум нест.

Баҳром Иноятзода, раиси боздоштшудаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 8-уми июн аз ҷониби маъмурони Нирӯҳои амниятии Тоҷикистон бо гумони "фасодкорӣ" дастгир карданд.

Ҳарчанд наздиконаш ба бегуноҳии ӯ исрор доранд.

Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода гуфт, бовар надорад, ки бародараш ба чунин коре даст зада бошад: "Вақте ба мансаб таъин шуд, хешу таборро ҷамъ кард ва гуфт, дар шаҳр кор кардан мушкил аст. То вақте дар ин вазифаам, дар ҳеч ҷой аз номам истифода накунед. Агар фасодкор мешуд, хиёнаткор мешуд, 5 бародари дигарам ба Русия ба мардикорӣ мерафтанд? Ба онҳо ягон кор ёфта медод, лекин чунин накард".

Баҳром Иноятзода баъд аз боздошт як муддат дар бемористони касалиҳои сироятӣ аз коронавируси нав муолиҷа мегирифт.

Баҳром Иноятзода дар гузашта, раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта, раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру навоҳӣ аст, ки дар замони сари кор буданаш боздошт мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (9)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG