Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд ҳаждаҳ омӯзгор аз бемории ҳамагир ҷон бохтаанд


Осим Каримзода, мудири маорифи вилояти Суғд
Осим Каримзода, мудири маорифи вилояти Суғд

Масъулони Идораи маорифи вилояти Суғд гуфтанд, ки аз замони эътирофи расмии мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон (30-юми апрел) то ин дам 18 омӯзгори минтақа аз бемории COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд.

Осим Каримзода, мудири маорифи Суғд, рӯзи 27-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "бархе дигар аз муаллимони бемор сиҳат шуда, ба кор баргаштанд. Чаҳор корманди раёсати маориф ҳам бемор буданд, ҳоло шифо ёфтанд."

Ӯ афзуд, Иттифоқи касаби маориф ба хонаводаи муаллимони фавтида аз вируси нав, дар маҷмуъ, ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ, муодили се ҳазор доллар, ёрӣ расондааст.

Дар нишасти хабарӣ аз мудири маорифи вилоят пурсиданд, ки оё баргузории ҷашни Наврӯз бо иштироки хонандагону муаллимон ба бештар шудани талафот дар миёни онҳо сабаб нагардидааст? Осим Каримзода гуфт: ​"Дар давраи 14 рӯзи карантини баъд аз ҷашни Наврӯз дар миёни хонандагон ва муаллимони мо бемории COVID-19 ошкор карда нашуд."

Тоҷикистон замоне ҷашни Наврӯзро бо иштироки ҳазорҳо хонанда баргузор кард, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишвар хоста буд, маъракаҳои серҷамъият баргузор накунад.

Охири ҳафтаи гузашта мақомоти тандурустии вилояти Суғд хабар доданд, ки се пизишк аз бемории COVID-19 фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як рӯз як бор омори нави беморон, шифоёфтаҳо ва фавтидагон аз коронавирусро нашр мекунад, аммо ошкор намекунад, ки дар кадом минтақа чӣ қадар беморон ҳастанд ва ё чанд нафар ҷон бохтаанд.

Ба иттилои расмӣ, то 26-уми июл дар саросари Тоҷикистон 7192 нафар ба бемории ҳамагир мубтало шуда, наздики 6 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва 59 нафар фавтидаанд. Омори ғайрирасмии беморону ҷонбохтагонро аз ин бештар мегӯянд.

XS
SM
MD
LG