Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду заршӯ дар кони тилои Шугнов


Шугнов. Акс аз бойгонӣ

Бар асари чаппа шудани як теппа дар кони тилои Шугнови ноҳияи Ховалинг ду нафар ҷон бохта, ду каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса шоми 30-уми июл ҳангоми кор дар қитъаи дувуми Шугнов рух додааст.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии ноҳияи Ховалинг рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса Кобулӣ Дамиеви 35-сола ва Абдуалимӣ Амрохони 20-сола ҷон бохтанд. Кобулӣ Дамиев аз деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва Абдуалимӣ Амрохон аз деҳаи Мумираки ноҳияи Мӯъминобод ҳастанд.

"Ҳангоми кор аз боло санг санг афтодааст. Ду нафар ҳарчанд осеб мебинанд, аз маҳалли ҳодиса дуртар мераванд, вале ду каси дигар дар зери сангу хок мемонанд. Ҷасади Кобулӣ ва Абудуалимро аз зери хок ёфта, ба наздиконашон супурданд", -- афзуд манбаъ.

Як моҳ пеш Саймаҳмуд Ҷалилови 19-сола низ ҳангоми заршӯӣ дар кони тилои Шугнов зери санг монда, ҷони худро аз даст дода буд.

Ҳамсуҳбати мо дар мақомоти Ховалинг гуфт, ки ин афрод бо даст тило мешустанд ва ҳодисаҳои ахир бо сабаби, ба қавли ӯ, "риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шустани тило" рух додааст.

Хонаводаи Кобулӣ Дамиеви 35-сола шоми 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ӯ се фарзанд мондааст. Яке аз наздикони Кобулӣ бе бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ усто буд ва дар шаҳри Бохтар хона месохт."

"Нав ба Шугнов рафт, ки тило ёбад ва пул ба даст биорад ва хонаашро созад. Абдуалим низ хеши Кобулӣ мешавад ва ҳарду ҷасадро якҷо оварда дафан карданд", -- афзуд ӯ.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир ҳашт ширкат тариқи техника ба ҷустуҷӯи тило машғуланд. Аммо дар баробари ин, беш аз ҳазор сокини Ховалинг ва вилояти Хатлон дар ин мавзеъ бо даст низ тило ҷустуҷӯ карда, аз ин меҳнати сангин, аммо пурдаромади худ аробаи зиндагиашонро мечархонанд.

Коркарди тилои Шукнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт. Масъулон мегӯянд, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ Шукнов бо зӯри силоҳ моли қумандонҳо буд ва эшон аз фаъолияти худ дар ин мавзеъ ба касе ҳисобот намедонанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG