Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат ҷузъиёти қатли 4 кӯдак ба дасти модарро эълон кард


Як зани 30-соларо дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон бо гумони қатли чаҳор фарзандаш дастгир кардаанд. Ҳодиса рӯзи 9-уми сентябр рух додааст.

Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр бо нашри изҳороти расмӣ баъзе ҷузъиёти қазияро ошкор карданд. Дар изҳорот омадааст: "Рӯзи 9-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 13:00, зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони 9, 8, 6 ва 1-солаи худро, пай дар пай бо роҳи бастани дастону пойҳояшон ва дар сарашон пӯшонидани селофан бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст."

Ба иттилои расмӣ, зан дар боздоштгоҳ аст ва нисбат ба ӯ бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Як манбаъ дар мақомоти маҳаллӣ аз зан Назокатхон Тоирова ном бурд ва гуфт, шавҳараш дар сохтмон кор мекунад ва рӯзи ҳодиса дар хона набудааст. "Зан пас аз куштани чаҳор фарзандаш ҳодисаро худ ба пулис хабар додааст. Гуфтааст, ки кӯдаконашро буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст", -- афзуд мусоҳиби мо.

Сабабҳои даст ба ин кор задани модари кӯдакон то ба ҳол маълум нест. Рӯшан нест, ки ӯ дар бозпурсии аввал ба муфаттишон дар ин бора чӣ гуфтааст. Пайвандонаш низ дар ин замина чизе нагуфтаанд.

Баъзе аз равоншиносон мегӯянд, ҳодиса метавонад дар заминаи ошуфтагии сахт ва бемории рӯҳӣ рух дода бошад. Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик, гуфт, "ғаризаи модар бисёр ғаризаи сахт аст, яъне метавонад, ҷон диҳад, то фарзандаш зинда монад. Вақте ин ғариза гум шуд, нишонаи бемории рӯҳӣ аст.”

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ӯ, ҷанҷолҳои оилавӣ ва мушкилҳои иҷтимоӣ низ ба сар задани ин гуна ҳодисаҳо замина гузошта метавонад: “Афсӯс, ки дар мо бемориҳои эҳсосӣ ва рӯҳиро ҷиддӣ намегиранд. То дар баданашон ягон бемории ҷиддӣ пайдо нашавад, ба пизишк муроҷиат намекунанд. Барои ҳалли чунин мушкилиҳо системаи кори равондармониро дуруст ба роҳ мондан зарур аст."

Аммо онҳое, ки хонаводаро аз наздик мешиносанд, гуфтанд, ки Назокатхон Тоирова ҷанҷоли оилавӣ надошт ва бемори равонӣ ҳам набуд. Исломуддин Абдуллоев, раиси деҳаи Охолтуни ноҳияи Кушониён, маҳалли зисти зан, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамагӣ як соат пеш аз ҳодиса Назокатхон Тоироваро дар кӯча дида буд.

“Аз роҳ мегузашт, моро дида салом дод. То ҷое медонем, дар оила ҷанҷол надоштанд. Дар назди хонаашон замини кишоварзӣ доштанд. Шавҳараш усто аст. Ҳар тирамоҳ ҳосили пахта ҷамъ меоварданд. Бародари калонии шавҳараш онҳоро ба хабаргирӣ омада, аз ҳодиса огоҳ шудааст”, -- нақл кард ӯ.

Раҳмоналӣ Узоқов, раиси Маркази равондармонӣ дар вилояти Хатлон, ҳам мегӯяд, муфаттишон аз онҳо дар бораи бемор будан ё набудани Назокатхон Тоирова пурсидаанд. Вай гуфт, Тоиров дар қатори беморони рӯҳӣ набуд.

Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Моҳи августи имсол як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард. Кӯдакон 3, 6 ва 9-сола буданд.

Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, худ наҷот ёфт, вале боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд.

XS
SM
MD
LG