Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳоти дурдасти Сари Хосор соҳиби барқ мешаванд. ВИДЕО


Сари Хосор, Балҷувон.
Сари Хосор, Балҷувон.

Садҳо хонавода дар деҳоти Сари Хосори Балҷувон то якуним соли дигар бори аввал бо барқи доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Сокинон дар ин рустоҳои дурдасти куҳистон то ҳол бо чароғ ва бархеҳо бо панел ё тоблуҳои офтобӣ манзили худро равшан мекунанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" ҳоло тасмим гирифтааст, ки бо харҷи 14,5 миллион доллар ба ҷамоати Сари Хосор хатти барқ кашад.

Давлаталӣ Холов, сардори Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб гуфт, гузаронидани хатҳои барқ дар мавзеъҳои душворгузар мушкилиҳои худро дорад ва агар то деҳаи Мулконӣ хатти 10-киловата васл сохта шавад, 15-16 деҳа бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Дар ҳар яке аз ин деҳаҳо аз 15 то 40 хонавода зиндагӣ мекунад.

Мурод, як сокини деҳаи Мулкинии ҷамоати Сарихосор 16-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷамоати онҳо бештари деҳаҳо аз неругоҳҳои хурди обӣ ва панелҳои офтобӣ истифода мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, аммо бо қувваи барқе, ки онҳо доранд, ҷуз равшанӣ чизе кори дигаре анҷом дода намешавад.

Деҳоти дурдасти Сари Хосор ҳам соҳиби нерӯи барқ мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Аз 29 деҳаи ин ҷамоат нисфаш ба хатти барқ пайваст нест. Сокинон аз ҳисоби худ неругоҳҳои хурди обӣ сохтаанд ва мегӯянд, кори ин неругоҳҳо мавсимӣ аст, чун бо кам шудани об, онҳо аз кор мемонанд ва сокинон аз бебарқӣ ранҷ мебаранд.

То ду соли пеш масъулони шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб мегуфтанд, ки дар минтақа 102 деҳа бебарқанд. Ҳоло масъулини ин ниҳд мегӯянд, ки ин шумора ба 72 адад коҳиш ёфтааст.

Сари Хосор дар 200 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон ҷойгир аст. Замони шӯравӣ бештари сокинони ин деҳотро ба дигар ноҳияҳо муҳоҷир карда буданд. Бо пошхӯрии шӯравӣ мардум ба ватани аҷдодии худ баргаштанд.

Давлати Тоҷикистон ба хотири рушди ҷаҳонгардӣ дар чанд соли пеш ин минтақаи кӯҳистониро мавзеъи сайёҳӣ эълон карда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG