Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи "коргоҳи дӯзандагӣ". Посухи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва таҳқиқи он. ВИДЕО


Коргоҳи дӯзандагӣ

Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи аз кор мондани корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ пас аз боз шудани он бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон на танҳо посухи расмии ҳокимияти ноҳия, балки талошҳои дубора ба кор андохтани корхонаро сабаб гашт.

Воқеа ин буд, ки 1-уми октябр, пас аз боздиди раисиҷумҳур аз ин корхона, сомонаи президенти Тоҷикистон хабар дод, дар ошёнаи дуюми маркази тиҷоратии “Давлати Зафар” дар ноҳияи Рӯдакӣ “сехи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор ташкил шудааст ва дар он асосан занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб шудаанд”.

Рӯзи дигар сокинони ноҳия ва бархе аз заноне, ки “акнун бо ҷойи кор таъмин шуда буданд”, ба Радиои Озодӣ навиштанд, соате пас аз рафтани президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи дастгоҳҳо ва намунаҳои маҳсулоте, ки гӯё ин корхона мебарорад, ҷамъоварӣ ва дар мошинҳо бор карда ва занон ҷавоб дода шуданд.

Барои таҳқиқи ин маълумот хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми октябр ба ин ҷо рафт ва дар ҳақиқат дид, ки на аз дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва на аз занҳои ҳунарманд нишоне нест. Бино холӣ буд ва аз маъракаи истиқболи президент танҳо чанд овеза дар сутуну деворҳо монда. Он рӯз масъулини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дӯзандаҳо хаста шудаанд ва барои истироҳат рафтаанд, вале нопадид шудани дастгоҳҳоро шарҳ надоданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Коргоҳи "сеҳрнок"-и Рӯдакӣ дигарбора пайдо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

МАҚОМОТ ЧӢ ГУФТАНД? МО ЧӢ ДИДЕМ?

8-уми октябр аз номи "Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ" ба Радиои Озодӣ номае расид, ки дар он гуфта мешавад: "Баъди кушода шудани корхона бо мақсади омодагиҳои дӯзандагон барои кор дар ҷойи нав, сафарбаршавии онҳо аз ҷойҳои корҳои пештарашон, ҳамчунин бо мақсади безараргардонии бино ва аз навҷойгиркунонии дастгоҳҳо мувофиқи самти корӣ ва даъвати мизоҷонашон ба ҷойи нав, дӯзандагон ба муҳлати 3 рӯз ҷавоб дода шуда, айни замон баҳри оғози кор дар ҷойи нав сарҷамъ гардидаанд."

Пас аз ин нома бо имзои Фирӯза Камолзода, муовини раиси ноҳия, хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми октябр бори дигар аз коргоҳи нав дидан кард. Дар он ҷо ҳамагӣ 8 коргар ва 31 дастгоҳӣ дузандагӣ ба чашм расид.

Муслима Саидмуродова, мудири шуъбаи кор бо занони ҳукумати Рӯдакӣ гурӯҳи коргаронро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 100 ҷои корие, ки пешбинӣ шудааст, то ҳол 50 нафарро ба кор ҷалб намудаанд.

Ӯ дар посух ба ин савол, ки чаро аз 50 нафар танҳо 8 кас сари кор аст, посух дод, ки дигарон ба хӯроки нисфирӯзӣ рафтаанд. Соат аз 15 мегузашт, вале аз бозгашти коргарони дигар аз хӯроки нисфирзӣ дараке набуд. Мудири бахши занон ягон санади расмиро ба мо пешниҳод накард, ки рӯйхат ва тартиби ба кор қабул намудани коргаронро нишон диҳад. Ӯ таъкид намуд, ки "корхона навтаъсис аст ва ҳоло номнавис доранд".

БАҲОНА - "ПОКСОЗӢ"?

Бархе аз занҳое, ки рӯзи якуми октябр ба корхона даъват шудаанд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба онҳо дар бораи омодагӣ барои фаъолият дар корхонаи нав ва ё аз нав ҷойгир намудани дастгоҳҳои дӯзандагӣ чизе нагуфта буданд.

Комила Зиёева 8-уми октябр худро коргари корхона муаррифӣ намуд ва машғули кор буд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "қаблан ба онҳо гуфта буданд, ки ин ҷо “дезинфексия” мешавад ва бино бар ин ҷавоб дода буданд".

Ин зан афзуд, айни ҳол бар асоси фармоиш либос медӯзад, вале нагуфт, ки арзиши корашон чанд сомонӣ аст ва ё чӣ қадар маош мегиранд.

Масъулони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, корхона барои «дезинфексия» ё поксозӣ корашро қатъ кард. Одатан чунин корҳо дастгоҳҳоро низ фаро мегиранд, чун онҳо низ бояд поксозӣ шаванд. Вале ҳамсуҳбатони мо исрор мекарданд, ки "бино ягон вақт аз дастгоҳҳо холӣ набуд."

Дар номаи онҳо омадааст: "Бо мақсади азнавҷойгиркунонии дастгоҳҳои дӯзандагӣ, як қисми дастгоҳҳо дар ҷониби даромадгоҳи бино, ҷойе, ки намоиши либосҳои тайёр ва дарзмолкуниву бурандагӣ буд, ҷамъ карда шуда, бинобар ин қисмати болоии бино холӣ ба назар мерасад."

Ин дар ҳолест, ки дар видеои рӯзи 2-юми октябр дар ҳеч куҷои толор як дастгоҳ ҳам ба чашм намерасад. Ва дар ҳоле ки масъулони шуъбаи кор бо занони ноҳия гуфтанд, дастгоҳҳои дӯзандагӣ аз худи коргарон аст, аммо бархе аз коргарон гуфтанд, дастгоҳҳо моли онҳо нест.

МАСЪУЛОНИ "ДАВЛАТИ ЗАФАР" ЧИЗЕ НАГУФТАНД

Ва дар ҳоле ки аз 100 (бо шумориши дигар камтар – 50) дӯзанда рӯзи омадани хабарнигори “Озодӣ” танҳо 8 нафар ин ҷо буданд, Фирӯза Камолзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар тамоси телефонӣ гуфт, “ҳамаи коргарон ҳоло сари коранд”. Вай шояд намедонист, ки хабарнигор бо ӯ аз ҷойи воқеа суҳбат мекард.

Дар хабарҳои расмӣ омадааст, корхонаи нави дӯзандагӣ дар маҷмааи маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар” аз сӯи соҳибкор Зафар Кабиров бунёд шудааст. Ин шахс ва масъулони ин маркази савдо ҳозир нашуданд, ба пурсишҳои мо посух диҳанд. Рӯзи 8-уми октябр низ масъулони корхона аз суҳбат худдорӣ намуданд ва гуфтанд, раҳбарашон низ намехоҳад ҳамсуҳбат шавад. Талошҳои ботакрори мо барои пурсидани назари масъулони корхона, ки шояд асли воқеаро онҳо беҳтар медонанд, бенатиҷа монд.

НАВОРҲОИ ПЕШ АЗ ОМАДАН Ё БАЪДИ РАФТАНИ ПРЕЗИДЕНТ?

Дар вокуниши мақомот гуфта мешавад: "Дар навори рӯзи ташрифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сутунҳои байни бино намунаҳои ҳунармандӣ (кашидадӯзиҳо), ки дар сутунҳо насб гардидаанд, ба назар мерасанд. Дар навори пешниҳоднамудаи хабарнигорони радиои “Озодӣ” ин овезаҳо ба назар наменамоянд. Ин маънои онро дорад, ки овезаҳо ҳоло насб нагардидаанд ва ин ҳолати пеш аз ташрифи меҳмони Олиқадр аст.”

Радиои Озодӣ бо камоли масъулият баён медорад, ки аз эҳтимоли боз шудани чунин корхонаи нав дар ин бино ҳеч хабар надошт ва таври маълум ҷузъиёти сафарҳои президент пешопеш эълон намешаванд.

Ба ин қазия бо хоҳиши чанд сокини ноҳия диққат дода шуд ва Радиои Озодӣ боз ҳам бо камоли масъулият эълом медорад, ки наворҳои толори холӣ аз дастгоҳу одамон дар рӯзҳои 2-юм ва 5-уми октябр сабт шудаанд ва инро бо мушаххасоти техникии ин наворҳо мешавад исбот кард.

Тасмими радио ин аст, ки пас аз интихобот боз чанд бор ба ин коргоҳ хоҳад рафт, то дида шавад, ки эътироз ва иттиҳомоти мақомоти ҳокимияти ноҳияи Рӯдакӣ дурустанд, ё ончӣ дар амал дида мешавад. Дар ҳошияи ин қазия Радиои Озодӣ чанд номаҳо гирифтааст, ки ҳангоми сафарҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо корхонаву муассисаҳои зиёде боз шудаанд, вале бо поёни сафар аз кор мондаанд. Тасмими дигар ин аст, ки коргоҳу муассисаҳои мазкур низ мавриди тафтиш ва таҳқиқ қарор гиранд.

Photo 1 Photo 2
Дар сомонаи президенти Тоҷикистон навиштанд, ки дар ошёнаи дуюми маркази тиҷоратии “Давлати Зафар” дар ноҳияи Рӯдакӣ “сехи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор ташкил шудааст”. Хабарнигори Радиои Озодӣ субҳи 2-юми октябр ба ин бино рафт, вале дар он ҷо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва занҳои ҳунармандро надид.
Photo 1 Photo 2
Масъулони ҳукумати Рӯдакӣ мегӯянд, дӯзандаҳо хаста шудаанд ва барои истироҳат рафтаанд, вале чанд зане, ки дар навор дида мешуданд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз онҳо хоҳиши иҷрои нақши дӯзандаро карда буданду бас.
Photo 1 Photo 2
Корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 1-уми октябр ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, пас аз чанд соати рафтани ӯ “аз кор монд”. Биное, ки дар рӯзи сафари раиси ҷумҳурӣ пур аз дастгоҳҳову дӯзандагон буд, ҳоло холист.
Photo 1 Photo 2
Дар хабарномаи сомонаи президент гуфта мешавад, “ҳамаи занону духтарон қабл аз он ки ба кор ҷалб карда шаванд, дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифта шуданд”. Зане, ки ҳангоми сафари президент дар ин бино ҳамчун дӯзанда муаррифӣ шуд, гуфт, ҳеч вақт дар ҳеҷ куҷо омӯзиш нагирифтаанд.
Photo 1 Photo 2
Дар аксҳои хадамоти матбуоти президент ва гузориши телевизионҳои Тоҷикистон дар ин бино занон бо мошинҳои дузандагӣ ва либоси ягона дида мешуданд. Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо сӯҳбат кард ва ба навиштаи сомонаи президент, барои таъмини занону духтарон ба ҷойи кор “баҳои баланд дод”.

Шарҳҳоро бинед (40)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG