Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз худкушӣ дар фурудгоҳ. Шерафган ба қаллобӣ гумонбар мешавад


Шерафган Хоҷақулов
Шерафган Хоҷақулов

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи марги Шерафган Хоҷақулов, корманди Бахши амнияти фурудгоҳ, ки рӯзи 26-уми октябр хабари худкушиаш нашр шуд, нисбат ба се нафар, аз ҷумла худи Шерафган, бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Парванда бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ” тафтиш мешавад ва як гумонбар, ки аз ӯ корманди собиқи яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ном мебаранд, дар боздошт қарор дорад.

Наздикони Шерафган Хоҷақулов мегӯянд, онҳо аз мақомот хоста буданд, то афроде, ки ӯро ба ҳолати худкушӣ расонидаанд, пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашанд. Онҳо даст доштани Шерафган дар қаллобиро рад мекунанд.

Як манбаъ аз Додситонии нақлиёт бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зимни тафтиш маълум шуд, Шерафган ва ду шарики дигараш аз чанд шаҳрванд барои харидани чиптаи парвоз аз Душанбе ба Русия пул гирифтаанд, вале дар иваз ба онҳо чипта надодаанд.

“Бо ин нафарони фиребхӯрда, ки ҳисобашон аз даҳ нафар бештар аст, суҳбат кардаанд ва баёнотҳои онҳо гирифта шуд. Ҳолатҳои дигар ҳам ҳаст, ки тафтишот маълум мекунад”,--гуфт ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ин манбаъ гуфт, ки дар сурати тасдиқи айб парванда нисбат ба ду нафар гумонбар ба додгоҳ меравад, вале “бинобар дар қайди ҳаёт набудан нисбат ба Шерафган Хоҷақулов қатъ хоҳад шуд”.

Наздикони Шерафган Хоҷақулов иттиҳоми даст доштани бародарашон дар қаллобиро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, интизор доштанд, мақомот шахсоне, ки бародарашро ба ин аҳвол расонидаанд, пайдо ва муҷозот мекунанд.

Умед Хоҷақулов, бародари Шерафган рӯзи 2-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз қазияи фуруши чиптаҳо огоҳ ҳаст, вале бародараш ба он дахле надорад. Ӯ гуфт, шаҳрвандонеро, ки ҳангоми хариди чипта фиреб хурдаанд, медонад ва онҳо ҳеҷ шикояте аз бародараш надоранд.

Наздикони Шерафган Хоҷақулов гуфта буданд, ки ӯ нӯҳ моҳ маош нагирифтааст ва як сабаби асабонияташ дар чанд рӯзи ахир ҳамин буд. Вале мақомоти фурудгоҳ гуфтанд, маоши ӯ пурра пардохт шудааст.

Умед Хоҷақулов мегӯяд, то рӯзи 27-уми октябр ҳеҷ маблағе вориди корти бонкии Шерафган нашуда буд.

“Танҳо рӯзи 28-уми октябр занг заданд ва гуфтанд, ки маоши Шерафган дар картааш гузаштааст. Мо ҳатто он картаро тафтиш накардем, ки маош гузаштааст ё не. Лекин то рӯзи 27-уми октябр маош нагузашта буд”,--гуфт Умед Хоҷақулов.

Даст ба худкушӣ задани Хоҷақулов дар ҳолест, ки чанд моҳ қабл низ чандин корманди фурудгоҳи Душанбе аз нагирифтани маош шикоят карда буданд. Ин кормандон моҳи июли имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, аз 20-уми март инҷониб дастмузди худро гирифта наметавонанд.

Мақомоти фурудгоҳ гуфта буданд, ки кормандони Бахши амният, ки дар давраи пандемия ва қатъи парвозҳо сари кор буданд, ҳар моҳ маошашон пардохт мешуд. Дар фурудгоҳи Душанбе ҳудуди 1500 нафар фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG