Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сартарошони домод дар артиш шуд, арӯсӣ дар хона. ВИДЕО


Эмомалиро ду се рӯз аз артиш ҷавоб доданд, то ҷашни арӯсиашро баргузор кунад ва сипас ба хидмат баргардад.
Эмомалиро ду се рӯз аз артиш ҷавоб доданд, то ҷашни арӯсиашро баргузор кунад ва сипас ба хидмат баргардад.

“Шумоён Эмомалӣ ва Симобонуро аз имрӯз зану шавҳари қонунӣ эълон мекунам.” Домоди 26-сола Эмомалӣ Валиев сокини шаҳри Кӯлоб ду рӯз баъд аз ҷалби маҷбурии ӯ ба сафи артиши неруҳои мусаллаҳ ба ҷашни арӯсиаш омад.

Афсарон низ то имрӯз ғами “маъракаи сартарошон”-и ӯро хӯрда буданд, ки домод бо сари тарошида дар бари арӯс буд. Эмомалиро, ки тамоми тараддуди ҷашни арӯсиро гирифта буд, ду се рӯз аз воҳиди низомӣ ҷавоб доданд, ки онро баргузор кунаду баъд баргашта хидматро идома бидиҳад.

Эмомалӣ Валиев дар шӯъбаи рӯзонаи докторантураи Донишгоҳи Кӯлоб таҳсил мекунад. Моҷарои “облава” ва ё аз роҳ дошта ба артиш бурдани Эмомалӣ Валиевро бародараш Носир ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард: “Соатҳои чаҳори бегоҳ буд, ки бародарам аз комиссариати низомӣ занг зада гуфт, ки комиссияи тиббӣ маро муоина кард ва ҳоло ба хизмати ҳарбӣ мебаранд.”

Домодро дар артиш сартарошон ва дар хона тӯй карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Кори илмии Эмомалӣ Валиев дар бораи бонкҳо аст ва ӯ рӯзи 23-уми октябр баъди берун омадан аз бонки “Эсхата”дар Кӯлоб ба доми маъмурони комиссариати низомӣ афтодаанд. Идомаи моҷаро аз нақли Носир Валиев бихонед: “Бародарам шаҳодатномаи донишгоҳияшро нишон додааст. Дар аввал хостаанд, ки ҷавоб диҳанд, вале шаҳодатномаи унвонҷӯияшро ба эътибор нагирифта зӯран бурдаанд.”

Дар донишгоҳи Кӯлоб ҳам тасдиқ карданд, ки Эмомалӣ Валиев унвонҷӯи донишгоҳ буд. Дар донишгоҳ гуфтанд, ҳар коре аз дасташон омад карданд, вале унвонҷӯро баргардонда натавонистанд. Масъулин гуфтанд, ки Эмомалӣ Валиев баъди як соли хизмат, метавонад омада корашро идома диҳад.

Носир Валиев, бародари Эмомалӣ на аз ҷалби бародараш ба сафи артиш, балки аз беэътиноии афсарон ба вазъу шароити ҷавон аст, ки қарор буд, муҳимтарин ҷашни зиндагиашро баргузор кунад. Ӯ мегӯяд, афсарон метавонистанд, иҷоза бидиҳанд, ки Эмомалӣ Валиев ҷашни арӯсиашро баргузор кунад ва агар ҳақ медоштанд, ӯро ба артиш мебурданд. Хонавода барои баргузор кардани ҷашни арӯсӣ 15 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифтаанд ва “облава”-и домод, нақшаҳои ҷашнро баҳам зад.

Бо вуҷуди ин Носир Валиев ба ҷое шикоят набурдааст. Комиссариати ҳарбӣ ҳам чизе дар ин бора нагуфтааст, вале бар асоси қонун ҷавононе мисли Эмомалӣ Валиев, ки унвонҷӯ ҳастанд ва дар шуъбаҳои рӯзонаи донишгоҳ таҳсил мекунанд, истисноан метавонанд, то замони хатм аз хидмат дар артиш муоф ҳастанд.

Ба артиш бурдани ӯ низ ба гуфтаи ҳуқуқдонон худсарии маъмурони комиссариати низомӣ ва ғайриқонунӣ аст. Ҳоло Эмомалӣ Валиев дар воҳиди низомие дар ноҳияи Восеъ хизмат мекунад. Носир Валиев мегӯяд, барои баргардонидани бародараш аз артиш аз роҳҳои қонунӣ мубориза хоҳад бурд.

Дар Тоҷикистон хидмати низомӣ барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмист, вале ҳамасола масъалаи довталабона ба артиш рафтани ҷавонон доғ мешавад. Ба гуфтаи ҳуқуқдонон, ба сабаби бадрафторӣ бо сарбозон ва достонҳои худкушии ҷавонон дар сафи неруҳои мусаллаҳ, ки дар матбуот соле чанд дафъа пайдо мешаванд, ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш намераванд.

Афсарони комиссариати ҳарбӣ низ, ки бояд теъдоди муайяни сарбозонро ба сафи неруҳои мусаллаҳ бифристанд, ҷавононро дар кучаву роҳ ва ё мисли Эмомалӣ вақти берун омадан аз бонк мегиранду ба артиш мебаранд.

XS
SM
MD
LG