Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мудири мактаб хонаву мактабро оташ зад ва рафт" ВИДЕО


Баъзе аз мардум хонаҳояшонро оташ зада рафтаанд.

Арманистон ба ихтиёри Озарбойҷон супурдани минтақаҳои баҳсбарангези Қаробоғи куҳиро оғоз кард, ки як шарти созиши оташбас барои хотима додан ба ҷанги ду тараф аст.

Бино ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми ноябр ноҳияи Калбаҷар ба ихтиёри Озарбойҷон супурда шуд ва теъдоде аз арманиҳо пеш аз тарки ноҳия хонаҳояшонро оташ задаанд. Дар Калбаҷар то соли 1990 ва қабл аз оғози ҷанг барои Қаробоғи куҳӣ асосан озариҳо мезистанд ва баъдан онҳоро арманиҳо аз зодгоҳашон ронданд.

Бисёре аз хонаҳое, ки арманиҳо дар ноҳияи Калбаҷар гузошта рафтаанд, ба озариҳо тааллуқ доштааст. Қабл аз супурдани ноҳия ба Озарбойҷон, арманиҳо охирин дафъа барои ибодат ба калисои Дадиванк рафтаанд, ки рӯзи 14-уми ноябр посдорони сулҳи Русия дар наздикии он мустақар шуданд.

Ҳукумати Русия гуфт, раиси ҷумҳур Владимир Путин рӯзи 14-уми ноябр ба ҳамтои озарии худ Илҳом Алиев гуфтааст, баъди ба ихтиёри Озарбойҷон гузаштани қаламравҳо калисову зиёратгоҳҳои масеҳиёнро нигаҳ дорад. Дафтари раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон бо нашри баёнияе гуфт, Алиев қавл додааст, ки ҳамин корро мекунад.

"Мудири мактаб хонаву мактабро оташ зада, рафт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Бар асоси созиши сулҳе, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон бояд Калбаҷар ва ду ноҳияи дигарро дар зарфи дуввуним ҳафтаи дигар ба Озарбойҷон супорад. Ин ду ноҳия низ мисли Калбаҷар соли 1994 баъди хатми ҷанги Арманистону Озарбойҷон дар дасти ҷудоиталабони арманӣ буд.

Дар ҷанги нави шаш ҳафтаина байни ду кишвар бештар аз 5 ҳазор сарбозу ғайринизомӣ аз ҳарду тараф кушта шуданд. Бо вуҷуди онки созиши рӯзи 10-уми ноябр ба хунрезӣ хотима дод, вале бисёре аз арманиҳо онро напазируфтанд, чун созиш ба Озарбойҷон иҷоза дод, як қисми бузурги Қаробоғи куҳӣ ва манотиқи атрофи онро, ки дар ҷанг ба даст овард, нигаҳ дорад.

Бар асоси созиш, дар ин минтақа 2000 посдори сулҳи Русия вазъро назорат мекунанд. 200 нафари онҳоро билофосила баъди эълони созиши сулҳ фиристоданд. Баъди омадани неруҳои Русия дар рузи 14-уми ноябр арманиҳову озариҳо теъдоди номаълуме аз ҷасадҳои сарбозонро ба ҳамдигар супурданд.

Созиши сулҳ як тарафро хушҳол ва дигариро хашмгин кард

Қаробоғи куҳӣ, як вилояти умдатан арманишини Озарбойҷон аст, вале баъди ҷанги соли 1990 сарбозон ва ғайринизомиёни озарӣ онро тарк карданд. То кунун арманиҳои ҷудоиталаб, вилоятро мустақил ҳисобида худашон идора мекунанд. Ҷанги нав барои вилоят моҳи сентябр бархост ва баъди чанд созиши оташбаси беҳосил дар ниҳоят рӯзи 10-уми ноябр қатъ шуд.

Эълони созиши сулҳ дар Озарбойҷон мардумро хушҳол, вале дар Арманистон хашмгин кард. Тазоҳургарони хашмгин ба биноҳои порлумон ва ҳукумат ҳамла ва дар дохили онҳо харобкорӣ карданд. Мақомоти интизомии Арманистон рӯзи 10-уми ноябр 10 чеҳраи шинохтаи мухолифони давлатро бо иттиҳоми “ташкили бетартибиҳои оммавӣ” дастгир карданд. Мухолифон боздоштҳоро ғайриқонунӣ номиданд ва мақомот ҳам ду рӯз баъд онҳоро раҳо карданд.

Артур Ванетсиён, раиси ҳизби мухолифи “Ватан”- ро рӯзи 14-уми ноябр дастгир карданд. Мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки ӯ нақшаи сарнагун кардани ҳукумат ва куштани нахуствазир Никол Пашиниёнро мекашид. Ванетсиён, ки дар гузашта, раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳангоми вуруд ба Идораи тафтишотии Арманистон дар Ереван дастгир шуд. Додситон Лусин Саҳакиён дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: “Ванетсиён бо иттиҳоми талош барои ғасби қудрат ва тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони нахуствазир Никол Пашиниён дастгир шуд.”

Худи Саҳакиён ва ҳизби ӯ “Ватан” амалкарди мақомотро танқид карда ва онро дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд. Кумитаи амнияти миллии Арманистон дар як баёнияи расмӣ гуфт, тарҳи сӯиқасд ба ҷони нахуствазир Пашиниёнро баҳам задааст. Ҳизби “Ватан” яке аз 17 гуруҳи мухолифи давлат аст, ки мардумро ба тазоҳурот даъват карда ва хостори истеъфои нахуствазир шудаанд. Онҳо мегӯянд, ки Никол Пашиниён ба Озарбойҷон таслим шуда ва ба Арманистон хиёнат кардааст.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG