Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистонро ба парокандашавӣ даъват карданд


Кубаничбек Исобеков
Кубаничбек Исобеков

Раиси пешини порлумони Қирғизистон Кубаничбек Исобеков дар форуми шаҳрвандии "Шаҳрвандон ба зидди ғасби қудрат" дар шаҳри Бишкек вакилони порлумони ин кишварро ба худпарокандашавӣ даъват кард.

Ба гуфтаи ӯ, "вазифаи вакилони порлумон қабули қонун аст. Вале ягон меъёре нест, ки бигӯяд, онҳо метавонанд иҷрои баъзе аз қонунҳоро боз доранд".

"Хуб, қонунро қабул карданд, вале Конститутсияи нав ҳоло барои чӣ лозим аст? Президент мехоҳад, абарпрезидент бошаду дар назди порлумон ҳисобот надиҳад. Пас, порлумон барои чӣ даркор аст? Вакилон ҳоло бояд буҷаро барои соли оянда тасдиқ кунанд ва сипас худ пароканда шаванд. Ин одитарин роҳи бурунрафт аст. Барои манфиати кишвар бояд худпарокандашавиро интихоб кард", - афзуд вай.

Раиси пешини порлумони Қирғизистон афзуд, ки дар ин кишвар бояд нахуст интихоботи порлумонӣ, дувум президентӣ ва баъдан ислоҳоти конститутсионӣ сурат мегирифт.

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Исҳоқ Масалиев, ки дар форум иштирок дошт, гуфт, дар ҳоли ҳозир қонуншикании асосӣ дар кишвараш тамдид гардидани ваколати порлумони кунунӣ аст.

Лоиҳаҳои Конститутсияи нав ва қонуни таъйини раъйпурсӣ дар рӯзи 10 январро сомонаи порлумони Қирғизистон 17 ноябр нашр кард. Лоиҳаи қонун баъди як моҳи баррасии умум ба порлумон пешниҳод мешавад.

Дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президент бештар ва таъсис шӯрои мардумӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, президент раҳбари давлат ва мақомоти иҷроия аст.

XS
SM
MD
LG