Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактаб созанд, на хона". Занони деҳае дар Ҳамадонӣ замини ҷанҷолиро "посбонӣ" мекунанд. ВИДЕО


Сокинони деҳаи Сафар Гадоӣ

Занони як деҳа дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон қитъаи заминеро "посбонӣ" мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо дар гузашта барои бунёди мактаб пешбинӣ шуда буд, вале ҳоло мақомот мехоҳанд барои сохтмони манзил ба сокинон бидиҳанд. Намояндагони ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ ин иддаоро тасдиқ ё рад накарданд, аммо гуфтанд, феълан барои сохтани мактаб дар буҷа пул пешбинӣ нашудааст.

Дар деҳаи Сафар Гадоии ноҳияи Ҳамадонӣ, ки 1200 хонандаи мактаб дорад, муассисаи таълимӣ нест ва наврасон барои дарс хондан ба рустои ҳамсоя мераванд.

Сокинон мегӯянд, онҳо ариза навишта буданд ва ҳукумат ваъдаи сохтани бунёди мактабро додааст, аммо нав хабар ёфтаанд, ки мақомот онро барои сохтани манзил тақсим карданист.

Зайнаббӣ Раззоқова, сокини маҳаллаи Сафар Гадои ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 26-уми ноябр гуфт, "ин замин барои сохтани мактаб ҷудо шудааст, касе набояд онро бигирад. Ҳар рӯз занҳо ҷамъ меоянд ва гумон доранд, ки имрӯз ё фардо заминро тақсим мекунанд."

Ин деҳаи навбунёд сол аз сол бузург мешавад ва шумораи наврасони мактабхон ҳам бештар мегардад. Наврасони деҳа роҳи дарозеро барои ба мактаб рафтан тай мекунанд.

Шобегим Давлатшоева, сокини деҳа, мегӯяд, фарзандонашон ҳар рӯз барои ба дарс рафтан то панҷ километр роҳ мегарданд. “Соат ҳашти шаб мешавад, мардум аз хона баромада роҳи фарзандони худро мепоянд," -- мегӯяд ӯ.

Деҳа дар панҷкилометрии шаҳраки Ҳамадонӣ ҷойгир аст.

Ду фарзанди Назирамоҳ Назарова низ мактабхонанд. Ӯ мегӯяд, дар замони пандемия ҳатто тавони харидани пойафзол ба фарзандонашро надорад. "Дар як сол талабаҳои мо панҷ-шаш пойафзолро медаронанд. Мо дигар шароит надорем, ки доим ба фарзандон пойафзол бихарем”, -- гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ сокинони деҳаи навбунёд хавф доранд, ки дар замини мактаб манзил сохта мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Набудани мактаб, роҳ ва бунгоҳи тиббӣ 900 сокини деҳаро маҷбур кардааст, ки ба мақомоти маҳаллӣ ариза нависанд. Дар ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ масъалаи тақсими замини барои мактаб пешбинишударо тасдиқ ё рад накарданд, аммо гуфтанд, дар сурати пайдо кардани маблағ дар деҳа мактаб сохта мешавад.

Дар Тоҷикистон солҳои 2019 то 2021-ро соли рушди деҳот эълон кардаанд. Сокинон умед доранд, ки деҳаашон бо ин баҳона соҳиби мактаб мешавад. Мушкиле, ки дар аксар деҳаҳои дигари Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад, вале мақомот барои ҳалли он ё талоши кофӣ намекунанд ва ё буҷаи кофӣ надоранд.

Соли гузашта сокинони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат бо айни мушкил ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда буданд. Сокинони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат гуфтанд, бо гузашти як сол аз расонаӣ шудани мушкили онҳо ва омодагии чанд нафар барои кумак, ҳанӯз кӯдаконашон мактаб надоранд.

Ба қавли сокинон, мақомот як қитъаи заминро ҷудо кардаву чанде аз соҳибкорон сангу хок овардаанд, аммо мактаб сохта нашуд ва хонандаҳо ҳанӯз аз роҳҳои дарозу пурхатар гузашта, ба мактаби деҳаҳои ҳамсоя мераванд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG