Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биноҳои "Нассоҷи Хуҷанд"-ро ҳабс кардаанд. Бори гарони андоз – баъд аз чанд соли имтиёз. ВИДЕО


Ба "Нассоҷи Хуҷанд" чӣ шуд?

Биноҳои "Нассоҷи Хуҷанд", яке аз ширкатҳои бузург дар маркази вилояти Суғдро ба ҳабс гирифта, дар музояда ба фурӯш гузоштаанд. Нозирони Идораи андоз қазияро ба пардохт нашудани молиёт рабт доданд. Масъулони корхона гуфтанд, ки ба фурӯхтани моликияташон дар "ауксион" розӣ нестанд.

Матни эълони музояда рӯзи якуми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Бино ба қарори Кумитаи андоз, шаш бинои мутааллиқ ба ширкати "Нассоҷи Хуҷанд" аз 17-уми ноябри имсол ба ҳабс гирифта шуда, "барои рӯёнидани бақияи қарзи андоз" ба фурӯш бароварда мешавад.

Ин музояда ду бинои маъмурӣ, сехи дӯзандагӣ, бинои истеҳсолоти абрешимтобӣ, бинои дӯзандагӣ ва толори намоиши матоъҳоро ҳамроҳ бо қитъаи замини назди биноҳо дар бар мегирад. Нархи ибтидоии ин молу мулкро 2 миллиону 103 ҳазору 950 сомонӣ (муодили 209 ҳазор доллар) муайян кардаанд.

ЧАРО КОРХОНА ҚАРЗДОР ШУД?

Инъомҷон Почоев, раиси "Нассоҷи Хуҷанд", рӯзи 2-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, биноҳои корхона аз сӯи нозирони Кумитаи андоз ҳабс шудаанд, вале гуфт, ба фурӯши биноҳо розӣ нестанд.

Ба нақли Почоев, "Нассоҷи Хуҷанд" то соли 2020 дар пардохти андоз имтиёз дошт, чун соли 2014 таҷҳизоти нави хориҷиро ворид карда буд. Ӯ гуфт: "Аз моҳи январи имсол муҳлати имтиёз ба охир расид. Масъулон молиёт барои замини корхона ва андози молҳои истеҳсолушдаро ҳисоб карданд, корхона қарздор шуд."

Мусоҳиби мо афзуд, ба сабаби он ки биноҳо дар ҳабс ҳастанд, ширкат мол истеҳсол намекунад. Бино бар санади охирини муҳосибие, ки ӯ дидааст, қарзи корхона аз андоз ба 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ мерасад ва соҳибмулкон ҳудуди 700 ҳазори онро пардохта, талош доранд, маблағи мондаро низ бидиҳанд.

"МАТОЪРО МЕГИРАНД, ПУЛРО НАМЕДИҲАНД"

Раиси "Нассоҷи Хуҷанд" мегӯяд, то замони ҳабси биноҳо, ҳатто дар оғози пандемия, талош карданд, корхона фаъол бошад ва ба тавлиди ниқоб шуруъ карданд. Аммо ба гуфтаи Инъомҷон Почоев, бисёре аз харидорон пули матоъҳои истеҳсолшударо надоданд ва дар натиҷа вазъи молии ширкат ногувор шуд.

"90 дарсади маҳсулоти мо ба корхонаҳои дӯхтани либоси мактабӣ ва либоси низомӣ меравад. Ин корхонаҳо аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд. Аммо маблағ сари вақт пардохт нашуда истодааст. Ин корхонаҳое, ки аз мо матоъ гирифтанд, 700 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Ба онҳо аз буҷа пул нагузаронидаанд ва ё баъзеашон дар суратҳисобашон пули нақд надоранд", -- шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳабси биноҳои "Нассоҷ"-и Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00

"ИН ГУНА ҲОЛАТҲО БИСЁРАНД"

Абдуқаюм Воҳидов, сардори Идораи андози вилояти Суғд, дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, биноҳои ширкат барои рӯёндани қарзи андоз дар музояда ба фурӯш гузошта шуд. "Дар муҳлате, ки қонунгузор муайян кардааст, мо татбиқ карданамон даркор (манзур маҷбуран ситонидани андоз аз роҳи фурӯши авмол). Ин хел ҳолатҳо бисёранд, як-ду то нестанд", -- гуфт Воҳидов.

Ширкати "Нассоҷи Хуҷанд" аз корхонаҳои бузурги маркази вилояти Суғд ба шумор меояд, ки соли 1932 фаъол шуда, дар он беш аз ҳазор бофандаву муҳандисон кор мекардаанд.

Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ корхона хусусӣ шуда, дар заминаи он ҶДММ "Абрешим" ва баъдан ширкати "Текстил сити" таъсис ёфтааст. Соли 2013 ширкат ба "Нассоҷи Хуҷанд" тағйири ном кард. То замони дучор шудан ба мушкил 280 коргар дошт.

Ин корхона матои пахтагӣ, рахти хоб, дастурхон ва куртаву шими мардонаву занона тавлид мекард. Ба гуфтаи масъулонаш, маҳсулоти ширкат бештар ба Русияву Итолиё ва Белорус содирот мешуд.

САХТГИРӢ Ё УСУЛИ НАВИ ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ?

Мақомоти андози Тоҷикистон то ба ҳол барои рӯёнидани қарзи андоз бештар аз усули ҳабс кардани суратҳисоби ширкату корхонаҳо ва соҳибкорони алоҳида истифода мекарданд. Барои мисол, соли 2013 барои рӯёндани 341 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳо Кумитаи андоз суртаҳисоби ширкати “Вавилон-М”-ро барои як муддат ҳабс карда буд.

Аммо ҳабсу ба фурӯш гузоштани амволи корхонаҳои аз андоз қарздор аз сӯи Кумитаи андоз дар Тоҷикистон камсобиқа будааст.

Сахтгирии нозирони андоз нисбат ба корхонаҳои ширкату корхонаҳо дар ҳолест, ки нақшаи даромади буҷа аз ҳисоби андозҳо иҷро нашуд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи андоз, дар нӯҳ моҳи имсол ба ҷойи 8 миллиарду 143 миллион сомонии пешбинишуда, ба буҷа 7 миллираду 497 миллион сомонӣ ворид гардид.

Аз миёни шаҳру ноҳияи вилояти Суғд танҳо шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи иҷрои нақшаи даромади андоз набаромадааст ва онро дар сатҳи 95,6 дарсад иҷро кардааст. Аммо камомади андоз бештар аз ҳисоби маҳдуд шудани кори корхонаҳои азими саноати кӯҳӣ бинобар пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст.

XS
SM
MD
LG