Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падарам гуфт, агар ба мардум ёрӣ накунӣ, дипломатро мону ба артиш рав" ВИДЕО


Маъруфҷон Менгатов, табиб ва ризокори тоҷик

Ном ва акси Маъруфҷон Менгатов, пизишки 25-солаи тоҷикро дар авҷи бемории коронавируси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр кардаанд. Бархе ҳангоми сӯзандору задан ӯро ба тасвир гирифтаанд ва баъзеи дигар ситоиш кардаанд, ки нотарсида барои ёрӣ ба хонаашон рафтааст.

Дар умум, сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба таври ғайриинтизор нерӯ ва тавоноиҳои шаҳрвандон ва ҷомеаи маданиро ба намоиш гузошт. Маъруфҷон Менгатов аз аввалин ихтиёриён (волонтёрон) ё ризокороне буд, ки тавассути Фейсбук омодагиашро барои кумак ба беморон эълон кард.

"МОҲИ МАЙ МУШКИЛ БУД"

"Гуфтам, ки хатмкардаи риштаи тиб ҳастам ва метавонам ёрӣ диҳам. Шумораи телефонамро гузоштам. Пас аз чанд лаҳза беист занг мезаданд. Рӯзҳое мешуд, ки дар як рӯз ба бист хона мерафтам. Моҳи май аз ҳама моҳи мушкил буд. Дар охир худам ҳам бемор шудам, вале шукр, ки гузашт", -- нақл кард ӯ.

Менгатов ҳанӯз ба ризокорияш идома медиҳад. Мегӯяд, дар шабу рӯзе, ки сокинон ҳатто аз хона ба берун намебаромаданд, ба манзили шахсоне мерафт, ки ташхиси 90 дарсадашон бемории роҳи нафас ва коронавирус буд.

"Падарам ба ман гуфтанд, ки дар хона пинҳон шудан даркор нест. Агар дар замони мушкил ба мардум кумак накунӣ, пас, дипломатро партову ба хизмати ҳарбӣ рав", -- мегӯяд Маъруфҷон Менгатов.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Муаллим хост, коре кунам, ки зинда бимонад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00

"МУАЛЛИМ ХОСТ, КОРЕ КУНАМ, КИ ЗИНДА БИМОНАД"

Пизишки тоҷик нақл кард, ки дар рӯзҳои аввал танҳо бо ниқоби тиббӣ ба назди беморон мерафт. Баъдан бо кумаки ихтиёриёни дигар соҳиби либоси махсус шудааст.

Вай аз он афсӯс мехӯрад, ки натавонист ба баъзе аз беморон кумак кунад: "Дастам намерасид. Ҳатто ҳодисае буд, ки ба хонаи як муаллими худам даъват карданд. Сӯзандору гузаронидам. Муаллим гуфт, ҳар коре аз дастат меояд кун, то зинда монам."

Маъруфҷон Менгатов мактаби миёнаро дар ноҳияи Панҷ ва Бохтари вилояти Хатлон хондааст. Баъд аз хатми мактаб ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд ва онро бо ихтисоси эҳёгар хатм кард. Ҳоло дар бемористони Қарияи Боло дар бахши интернатура таҳсил мекунад ва ҳамзамон ба ризокорӣ ё волонтёрӣ машғул аст.

"ПУЛИ ТАҲСИЛ ВА ИҶОРААМРО ДОДАНД"

Ӯ иҷоранишин аст ва зиндагиро аз ҳисоби падару модари муҳоҷираш дар Русия пеш мебарад. Аммо иқрор мекунад, ки заҳмату кумакҳояш ба одамон беподош намонд: "Шахсоне буданд, ки миннатдорӣ мекарданд. Бо гузашти чанд моҳ як зан шартномаи таҳсиламро, ки чоруним ҳазор сомонӣ буд, пардохт ва 500 сомонӣ пули иҷораи хонаро дод. Зиёд хурсанд шудам, ки ман ёрӣ кардаму ба ман ҳам кумак карданд."

Маъруфҷон Менгатов, табиб ва ризокори тоҷик
Маъруфҷон Менгатов, табиб ва ризокори тоҷик

Таҳлилгарон мегӯянд, дар давраи пандемия шабакаҳои иҷтимоӣ нақши нашрияи мардумиро иҷро карданд ва тавонистанд майдоне барои муаррифии ихтиёриён бошанд. Даъватҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди кумак ба беморону табибон хуб истиқбол мешуд.

Дар давраи авҷи пандемия, мисли Маъруфҷон Менгатов дар Тоҷикистон ихтиёриёни зиёде ба кумаки ниёзмандон шитофтанд. Аз ҷумла, сокинони одӣ барои табибоне, ки ҳафтаҳо дар бемористон буданд, хӯрок ва либос мерасонданд.

Вале онҳое низ буданд, ки шубҳа мекарданд ва мегуфтанд маҳсулот ва ғизо ба кормандони шифохонаҳо ва беморон фурӯхта мешавад. Ҷомеашиносон мегӯянд, пандемия барои мардум зарбае буд ва ҳолатҳои олуда бо фасодро дар кори ихтиёриён мушоҳида накардаанд.

"ТОҶИКОН ТАБИАТАН ВОЛОНТЁРАНД"

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик, ки ҳамчун ихтиёрӣ ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ машваратҳо медод, гуфт, "волонтёре, ки бо амри дил меравад ва кумак мекунад, доди Худо аст ва инро на ҳама мекунад. Аз назари фарҳанги шарқиёна гирем, мардуми мо ҳамеша ба ҳамдигар кумак мекунанд. Ҳатто новобаста ба вазъи пандемия онҳо ба дидорбинии ҳам мерафтанд, бо телефон мепурсиданд, яъне ҳамдигарро танҳо намемонданд. Чун як мушкиле, ки беморон дар ин давра доштанд, тарс аз танҳоӣ буд."

Бо он ки дар замони пандемия баъзе аз корбарон суол гузоштанд, ки “агар ҳамаи корро мардум кунад, ҳукумат чӣ кор мекунад?” ё “ёриҳои башардӯстона ба куҷо мераванд?”, баъзе аз корбарони дигар гуфтаанд, ин кор аз сидқи дил асту ихтиёрист.

Маъруфҷон Менгатов
Маъруфҷон Менгатов

Ҷомеашиносон ҳам мегӯянд, дар шароите ки шикоятҳо аз камбуди маводи лозим дар беморхона зиёд садо медод, ҳама гуна кумаки мардум ва кори ихтиёриён хеле зарурӣ буд. Ва тавре ҳамсуҳбати мо Маъруфҷон Менгатов мегӯяд, кори хубу кумак ба ниёзмандон ҳеч вақт беподош нахоҳад монд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG