Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як кушта ва панҷ захмӣ". Таркиши лӯлаи газ дар канораи Душанбе таҳқиқ мешавад. ВИДЕО


Манзили Алиқул Ҳасанов дар пайи таркиши лӯлаи газ хароб шудааст
Манзили Алиқул Ҳасанов дар пайи таркиши лӯлаи газ хароб шудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 8-уми декабр хабар дод, ки таркиши лӯла ё қубури газ дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар ин ҳодиса як кас ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигар захмӣ шудаанд. Сабаби таркиш рӯшан нест, вале пай ва вайрониҳои он нишон медиҳад, ки он бо нерӯи зиёд рух додааст.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Таркишҳои лӯлаи газ ду хонаро дар деҳаи Чортеппа аз байн бурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Рӯзи сешанбеи 8-уми декабр хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ҷойи ҳодиса-деҳаи Маърифатии ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд. Ин деҳа дар даромадгоҳи пойтахти Тоҷикистон ва дар канори роҳи Ҳисор-Душанбе ҷойгир шудааст. Бо гузашти чаҳор рӯз, ҳанӯз ҳам осори таркиши лӯлаи газ дар ҷойи ҳодиса дида мешавад.

Оқибатҳои таркиши лӯлаҳои газ дар манзили Мирматӣ Мастов
Оқибатҳои таркиши лӯлаҳои газ дар манзили Мирматӣ Мастов

Ба гуфтаи шоҳидон, нахуст соати 22-и 4-уми декабр дар манзили Мирмат Мастов таркиш ва оташсӯзӣ дида шуд. Худи Мастов ба гуфтаи ҳамсояҳошон дар Русия аст ва чаҳор фарзандаш дар вақти ҳодиса дар хона будаанд. Онҳо аз 8 то 24 сол доштаанд ва ба гуфтаи мақомот аз 15 то 37 дарсади баданашон сӯхтааст. Онҳоро дар Бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарӣ кардаанд. Рӯзи 8-уми декабр мо касеро дар ин манзил пайдо накардем. Ҳарчанд дарвозаи ҳавлӣ боз буд. Дида мешуд, ки тирезаҳои манзили Мирмат Мастов ва як қисми боми хонааш хароб шудааст.

Таркиши дуввум дар лӯлаи газ баъд аз як рӯзи ин ҳодиса дар манзили Алиқул Ҳасанов рух додааст. Ин ду манзиле, ки дар пайи таркиши лӯлаи газ осеб диданд дар дурии қариб дусад метр аз ҳам қарор доранд. Агар манзили аввалӣ дар ин ҳодиса қисман осеб дида бошад, хонаи Алиқул Ҳасанов қариб пурра хароб шудааст. Сокинони деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, Алиқул Ҳасанов тоза ба инҷо кӯчида буд ва рӯзи ҳодиса ҳамроҳ бо бародари ҳамсараш Бобомурод Ҳаитов буд. Ҳаитов ҳамчун сохтмончӣ дар манзили Алиқул Ҳасанов кор мекардааст. Худи Ҳасанов ҳоло дар беморхона бистарӣ аст. Харобаҳои боқимонда аз манзили ин сокини Рӯдакӣ дар атрофи хонааш партофта шудаанд.

Дар ҷойи ҳодиса як корхонаи истеҳсоли хишт ҳам дида мешуд, ки деворҳои канори онро хароб мекарданд. Маълум набуд, ки ин кор ба хотири чӣ аст. Кормандони корхона гуфтанд, роҳбарашон нест ва онҳо чизе намедонанд. Гирдогирди ҷойи таркиши лӯлаҳои газ чуқурӣ кандаанд. Дар ҷойи ҳодиса ду нафари низомипӯш дида мешуданд, ки зоҳиран сарбоз буданд. Онҳо баробари дидани мо дуртар рафтанд ва то анҷоми сабти мо ба ҷойи ҳодиса наздик нашуданд.

Дар пайи ду таркиш дар ин лӯлаи газ панҷ нафар аз ду хонавода бистарӣ ҳастанд.

Пирумшо Ҷалилов, сардори шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ саломатии ин нафаронро хуб гуфт.

“Ҳар рӯз хабар мегирем, ҳама доруворӣ ҳаст,”-гуфт Ҷалилов.

Ин мақоми бахши тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин гуфт, дар миёни осебдидагон як зани ҳомила низ ҳаст, ки зери назорат аст. Вале Пирумшо Ҷалилов номи ин зан ва дигар осебдидагони таркиши лӯлаи газро нагуфт ва бо гуфтани инки “меҳмон дорам” гӯширо гузошт. Ҷалилов ба зангҳои дигари мо посух надод.

Ду таркиши лӯлаи газ дар як деҳаи Рӯдакӣ мавзӯи қубурҳоеро доғ кард, ки солҳои пеш аз Узбекистон тариқи онҳо ба Тоҷикистон газ меомад, вале солҳои ахир истифода намешуданд. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 7-уми декабр гуфта буд, сабаби ду таркиши лӯлаҳои газ дар ноҳияи Рӯдакӣ “риоя накардани талаботҳои сохтмонӣ ва хунукназарона рафтор намудани идораҳои масъул ва мақомоти маҳалли”-и ноҳия мебошад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, лӯлаи газе, ки сабаби таркиш шуданд, “аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанберо таъмин менамояд.”

Бо ин вазъ маълум нест, ки кадом ниҳод ҷуброни зарари ин сокинони ноҳияи Рӯдакиро мепардозад. Мақомот то ҳол дар ин замина шарҳи расмие надодаанд. Маълум нест, ки дигар сокиноне, ки лӯлаҳои газ аз наздикии манзилашон мегузарад, то куҷо аз ин ҳодисаҳо эминанд.

XS
SM
MD
LG