Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тумани ғафс ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр"-ро аз Душанбе ба Хуҷанд фиристод.ВИДЕО


Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"
Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"

Се ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" баъд аз қариб даҳ соати таъхир дар шаҳри Хуҷанд дар Фурудгоҳи Душанбе нишастанд. Тумани ғафс бар фарози шаҳри Душанбе субҳи панҷшанбе 10-уми декабр сабаби фуруди изтирории се ҳавопаймои ширкат дар Хуҷанд гашт, ки аз Маскав, Новосибирск ва Сургут ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекарданд.

Намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мегӯянд, ҳавопаймои хатсайри Новосибирск-Душанбе соати 3:40, Маскав-Душанбе соати 6:28 ва Сургут -Душанбе соати 7:07 дақиқа ба Фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омадаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Мусофирони бандмонда аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Юсуф Маюсуфов, сухангӯи Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон эйр", бинобар паст будани сатҳи биниш ба Фурудгоҳи Душанбе нишаста натавонистанд ва муваққатан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор доранд. Ба гуфтаи Маюсуфов, ҳамаи мусофирон дар дохили ҳавопаймо ҳастанд ва баробари хуб шудани вазъи ҳаво, дубора ба Фурудгоҳи Душанбе парвоз хоҳанд кард.

Мусофирони ин парвозҳо аз хидматрасонии ширкати “Сомон Эйр” норозӣ ҳастанд. Ҳарчанд намояндагони ширкат дигар чиз мегӯянд. Қаҳрамон Ҳайдаров, сокини шаҳри Истаравшан мегӯянд, 9 соат дар Хуҷанд мунтазир буданд, вале барояшон ҳеч ғизое надоданд. "Аз ҳавопаймо набаромадем, ҳеч чиз надоданд, кӯдакҳо гушна монданд. Ҳатто як таблетка ё чой диҳед гуфтем, мегӯянд нест. Гуфтанд, ки ҳеч чиз надорем. Дар Хуҷанд иҷозат пурсидем, ки монед ба хонаҳоямон равем, не гуфтанд,"- афзуд ин сокини Истаравшан.

Бархе мусофирони дигар ба монанди Маҳмадрасул Сатторов гуфтанд, барои омадан ба Душанбе бо арзиши қариб 40 ҳазор рубл чипта хариданд, вале хадамоти ширкат ба ин маблағ намеарзад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, ширкатҳо бояд чунин ҳолатҳои ғайричашмдоштро дар назар гиранд ва барои он суғурта дошта бошанд. "Ягон хел мекарданд, ки мардум гушна намемонанд. Аз Русия то инҷо фақат об ва як бутерброд доданд, ки ҳар кас онро намехурад,"-афзуд Маҳмадрасул Сатторов.

Вале Муродҷон Дадохонов, намояндаи ширкати "Сомон Эйр" дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ баръакси инро гуфт. Додохонов афзуд, мусофирон "тӯли ин чанд соати таъхири парвоз дар дохили ҳавопаймо бо маводи хӯрокаи захиравӣ таъмин кардаанд ва бинобар ин ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нафаровардаанд."

Тибқи иттилои ин мақоми "Сомон Эйр", дар се ҳавопаймо ҳудуди 500 нафар мусофирон қарор доштанд. Айни замон миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунанд. Бисёри муҳоҷирон аз нархҳои баланди ин парвозҳо шикоят мекунанд, ки дар қиёс ба ҳамсоякишварҳо гарон аст. Аз ҷумла агар нархи чиптаи парвоз аз Русия ба Қирғизистон 20 ҳазор рубл бошад ба Тоҷикистон то 37-38 ҳазор рубли русӣ аст.

“Сомон эйр” ҳар рӯз аз шаҳрҳои Русия панҷ парвоз ба Душанбе анҷом медиҳад. Се ширкати Русия “Уралские авиалинии”, “Ют Эйр” ва «Азур эйр» аз Тоҷикистон ба Русия мусофир мебаранд. Тоҷикистон ҳанӯз моҳи август ба ҷониби Русия изҳор дошта буд, ки омодааст бо риояи чораҳои беҳдоштӣ парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро барқарор кунад. Аммо ҷониби Русия то кунун бо ишора ба вазъи ногувори эпидемиологӣ барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам ризоият надодааст.

XS
SM
MD
LG