Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳамроҳи Асрориддин Розиқовро 6-солӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. ВИДЕО


Баҳриддини Қурбон ва Муҳаммадӣ Соҳибназаров
Баҳриддини Қурбон ва Муҳаммадӣ Соҳибназаров

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ду нафарро бо гуноҳи "дастрас кардани кумак" ба хонаводаи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ маҳкум кардааст.

Пайвандонашон гуфтанд, ҳукми Муҳаммадӣ Соҳибназаров ва Баҳриддини Қурбон рӯзи 18-уми декабр эълон шуд, аммо онҳоро ба толори додгоҳ роҳ надоданд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар додгоҳ гуфтанд, он рӯз дар мурофиаи пӯшида се нафар маҳкум шуданд. Ба иттилои дарёфтӣ, нафари севум Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҲНИТ аст, ки ба панҷ соли ҳабс маҳкум шудааст.

Саидисҳоқ Бобоев, яке аз пайвандони Муҳаммадӣ Соҳибназаров, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро 6-солӣ аз озодӣ маҳрум ва молу мулкашонро мусодира кардаанд. "Аз ҷумла, мошинҳоеро, ки ба номи онҳо сабт шуда буд, гирифтаанд", -- афзуд ӯ.

Қаблан мақомот гуфта буданд, Муҳаммадӣ Соҳибназаров ва Баҳриддини Қурбонро тобистони имсол ҳангоми супурдани кумак ба аъзои хонаводаи зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба Асрориддин Розиқов дастгир кардаанд. Ба иттилои расмӣ, ёриҳоро пайвандони зиндониҳо аз хориҷа фиристода буданд.

Наздикони зиндониҳо дар хориҷа фиристодани маблағро ба оилаҳояшон рад намекунанд, аммо мегӯянд, он ғайриқонунӣ нест ва набояд барои он ҷазо диҳанд. Чун ба иддаои онҳо, оилаҳояшон ба сабаби бекорӣ ва мусодираи бахше аз амволашон ба ёрӣ эҳтиёҷ пайдо кардаанд.

Ду ҳамроҳи Асрориддин Розиқовро 6-солӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Ба иттилои наздикон, Баҳриддини Қурбон писари Муҳаммадраҷаб Қурбонов, сокини Себистони ноҳияи Данғара ва узви пешини ҳизби наҳзати исломӣ ва Муҳаммадӣ Соҳибназаров писари Эшони Закариё, сокини деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ будааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015, баъди, ба гуфтаи мақомот, ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ, Ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ номид ва фаъолияташро қатъ кард. Раҳбарони ҳизб дар хориҷа ин иддаоро беасос дониста, баҳонае барои бастани ташаккули сиёсӣ меноманд. Даҳҳо нафар аз аъзои фаъоли ҳизб дар хориҷ аз Тоҷикистон паноҳ бурда, даҳҳо нафари дигар дар дохили кишвар боздошту зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG