Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон расман лимити барқ ҷорӣ шуд


Мушкили бебарқӣ солҳо боз гиребонгири Тоҷикистон аст

Дар Тоҷикистон расман лимити барқ ҷорӣ карданд. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар муроҷиати расмии худ гуфтаанд, маҳдудият танҳо ба аҳолии рустонишин дахл дорад ва ба сокинони биноҳои баландошёна рабт намегирад.

Бино ба ин муроҷиат, ки дар сомонаи Радиои Тоҷикистон нашр шуд, интиқоли барқро аз соати 23 то 6-и субҳ қатъ мекунанд. Оғози маҳдудият нимашаби 5-уми январ зикр шуда, санаи хатми онро нагуфтаанд. Танҳо ишора кардаанд, ки "зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи оби обанбори Норак" метавонад боиси бекор шудани лимит гардад.

Ҳоло сатҳи обанбори нерӯгоҳи барқи обии "Норак" дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чаҳор метр поин аст.
"Барқи Тоҷик"

Тамосҳо ба сухангӯйи "Барқи Тоҷик" барои фаҳмидани асли қазия то ин дам бенатиҷа буд. Як навбатдори ширкат бе зикри ном ҷорӣ шудани маҳдудиятро тасдиқ кард ва онро ба кам будани об дар рӯдхонаву обанборҳо рабт дод. Дар муроҷиати раҳбарияти ширкати "Барқи Тоҷик" низ ин нукта асосӣ аст.

"Бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори Нерӯгоҳи барқи обии "Норак" пеш омадааст. Ҳоло сатҳи обанбори Нерӯгоҳи барқи обии "Норак" дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр поин аст", -- гуфтаанд дар муроҷиат.

Маҳдудияти интиқоли барқ барои сокинони деҳот дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки дар се рӯзи охир сокинони баъзе аз минтақаҳои кишвар аз қатъи муваққатии барқ ба хонаҳояшон шикоят доштанд. Чанд сокини шаҳри Хуҷанд шоми 4-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки дастикам аз соати 16 то 18-и рӯзи душанбе барқ надоштанд.

Як навбатдори ширкати "Барқи Тоҷик" сабаби чанд соат қатъ шудани барқро дар Хуҷанд ва атрофи ба садама дар хатти баландшиддат рабт дод.

Ин дар ҳолест, ки сокинони баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Муъминобод гуфтанд, дар рӯзҳои сард интиқоли барқ ба манзили онҳо гоҳ - гоҳ қатъ мешавад. Гуландом, сокини ноҳияи Кушониён, мегӯяд, рӯзи 4-уми январ тахминан як соат барқ надоштанд. Сокини дигари ҳамин ноҳия гуфт, барқ асосан шабона қатъ мешавад.

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Душанбе дар шаҳрҳои дигар маркази гармидиҳӣ нест ва сокинони баландошёнаҳо барои гарм кардани хона аз дастгоҳҳои барқӣ истифода мекунанд. Аз ин рӯ, чанд сокини баландошёнаҳо дар Хуҷанду Бохтар гуфтанд, набудани барқ дар рӯзҳои сард онҳоро дар вазъи ногувор мегузорад.

Сарвиноз, сокини шаҳри Бохтар, гуфт, "мардуми деҳаҳо бухории бобоӣ доранд ва хонаҳояшон гарм аст. Дар шаҳр қатъи барқ барои чанд дақиқа хонаҳоро сард мекунад." Аммо баъзе аз сокинони деҳаҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, на ҳама имкони харидану захира кардани ангишту ҳезумро доштанд ва камбуди барқ ба зиндагии онгҳо бетаъсир нахоҳад монд.

Сокинони Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябр то 10-уми декабри 2020 бо маҳдудият барқ мегирифтанд, ҳарчанд мақомот расман мавҷудияти лимитро рад мекарданд. Ширкати “Барқи Тоҷик” дар аввал қатъи барқро ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ рабт дод, вале дар ниҳоят муовини сарвазир эътироф кард, ки мушкили асосӣ камии об дар обанборҳост.

Расонаҳо менависанд, камии об ба он сабаб сар зад, ки имсол ба иллати садамаи обанбори Сардоба дар Узбекистон водор шуданд, маҷрои обро ба ин кишвар афзоиш диҳанд. Ҳарчанд ширкати "Барқи тоҷик" ин иттилоъро рад карда буд.

Шарҳҳоро бинед (63)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG