Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ навишт, кӣ пок кард? Шиори "истеъфо" дар як девори шаҳри Хуҷанд. ВИДЕО


Дар яке аз роҳравҳову деворе дар шаҳри Хуҷанд навиштаҳое бо даъвати истеъфои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуда ва баъдан пок карда шудааст.

Маълум нест, кӣ ва кай онро навиштааст, вале видеои он тавассути пойгоҳи "Ислоҳ", расонаи наздик ба мухолифони тоҷик дар Аврупо, рӯзи 3-юми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.

Чанде аз корбарон маълум карданд, ки девору роҳрав дар хиёбони Шарқ ва дар наздикии бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Ҳоло аз шиорҳо нишоне намонда, вале қисме аз роҳравҳо ва деворро ранг кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ ва сокинон мегӯянд, аз чизе хабар надоранд.

Навиштаҷоти ҷанҷолӣ дар як кӯчаи Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00

XS
SM
MD
LG